Тамоми узвҳои рустанӣ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. Пас, рустанӣ сохти ҳуҷайравӣ дорад ва ҳар кадом ҳуҷайра ҷузъи ниҳоят хурди таркибии рустанӣ мебошад. Онҳо вазифаҳои гуногуни физиологиро иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, ҳуҷайраҳо ҷиҳати вазифаҳои иҷро мекардаашон аз рӯйи шакл, сохт ва андозаашон метавонанд (15 а) аз якдигар фарқ кунанд.
Аз ҷиҳати сохту шакл ҳуҷайраҳои рустаниҳои бисёр- ҳуҷайраро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: паренхимӣ, ки нисбатан лӯндашакл буда, аз рӯйи қутрашон қариб якхелаанд ва прозенхимӣ, ки дарозиашон нисбат ба барашон хеле зиёд аст.

Ҳуҷайраҳо аз ҷиҳати андоза (бузургӣ) ҳам фарқ мекунанд. Одатан андозаи онҳоро танҳо ба туфайли микроскоп муайян кардан мумкин аст. Вале баъзе ҳуҷайраҳо чунон калон мешаванд, ки онҳоро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Масалан, ҳуҷайраҳои ширадори мағзи меваҳои рустаниҳои ситрусӣ (лимӯ, афлесун ва ғайраҳо). Дарозии ин гуна ҳуҷайраҳо 5 мм, барашон 2-3 мм мешавад.
Ҳуҷайраҳои паренхимии мағзи меваҳои баъзе рустаниҳо, аз қабили тарбуз, харбуза, помидор, себ ва ғайраҳо, ҳаҷман хеле калон мешаванд. Онҳоро тавассути пурбини одӣ (дастӣ) низ дидан мумкин аст.
Дарозии нахи лифии бисёр рустаниҳои нахдиҳанда (зағирпоя, канаб) ба 20-40 мм мерасад. Дарозии нахи лифии газна баъзан ба 80 мм, дарозии мӯякҳои чигити пахта, ки аз як ҳуҷайра иборат аст, ба 23-31 мм мерасад.
Ҳамин тавр, ҳуҷайраҳои рустаниҳо шаклҳои гуногун доранд. Онҳо метавонанд тухмшакл, гирдашакл, ситорашакл, риштамонанд ва ғайра бошанд. Ҳар як ҳуҷайра ҷиҳати андозааш се ченак: дарозӣ, бар ва баландӣ дорад. Аксари ҳуҷайраҳо, бо вуҷуди гуногуншаклиашон сохти монанд доранд.
Саволҳо
- Чаро ҳуҷайраҳо шаклҳои гуногун доранд?
- Ҳуҷайраҳои рустаниҳоро аз рӯйи шаклашон ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
- Ҳуҷайраҳои андозаашон нисбатан калон дар кадом рустаниҳо вомехӯранд?
Гуногуншаклии хучайраи рустани/растани, Шаклхои гуногуни хучайраи рустанихо, хучайра, растани бо забони точики.