Навда ва Муғҷа (Мугчаи дарахтон)

Навда чист?

Пояе, ки дар он муғҷа ва баргҳо инкишоф меёбанд, навда номида мешавад.

Ҳар навдаи калон аз поя, буғум (банд), байнибанд, муғҷа ва баргҳо иборат аст.

Ҷое, ки ба он барг пайваст шудааст, банд номида мешавад. Фосилаи ду банди ба ҳам наздикро байнибанд (40) меноманд.

Аксари рустаниҳо ду хел поя доранд: агар яке аз онҳо андозаи байнибанди дароз дошта бошад, дигараш андозаи байнибанди кӯтоҳ дорад.

Кунҷи байни барг ва андозаи байнибанди дар боло ҷойгиршударо бағали барг меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 40. Ҷойгирии барг

Дар бисёр ҳолатҳо аз ҳар банд фақат як барг инкишоф меёбад, масалан, дар бед, ҷавдор, тӯс ва настаран (гулхор). Агар баргҳо дар поя пайдарҳам ба таври спиралӣ ҷой гирифта бошанд, чунин ҷойгиршавии баргро навбатӣ ё спиралӣ мегӯянд.

Дар рустаниҳои заранг, ёсуман, ёс, фарк, газна дар ҳар банд дутогӣ барг инкишоф меёбад ва онҳо муқобили якдигар ҷойгиранд. Чунин ҷойгиршавии баргро дар поя ҷойгиршавии рӯ ба рӯ ё мутақобила меноманд.

Баъзан дар банд се ё зиёдтар барг инкишоф ёфта, онҳо дар тарафҳои гуногуни поя ҳалқагӣ (гирдогирд) ҷой гирифтаанд. Чунин ҷойгиршавии ҳалқагии барг дар чилбанди обӣ (элодея), ки аз се барг ташкил шудааст ва дар рустании чашми зоғ (40) дида мешавад.

Ҳангоми сабзиши тухм поя аз муғҷаи ҷанинӣ инкишоф меёбад. Дар рустаниҳои бисёрсола бошад, поя (навда) аз муғҷа инкишоф меёбад.

Акнун ба сохти берунӣ ва дохилии муғҷаҳо шинос мешавем. Аз берун муғҷаҳо бо пулакчаҳои ғафси чармгун фаро гирифта шудаанд, ки онҳо муғҷаро аз таъсири номусоиди муҳити беруна (хунукӣ, хушкшавӣ) эмин медоранд.

Тавассути пурбин ба сохти яке аз муғҷаҳои ба дарозӣ буридашуда шинос мешавем.  Дар миёнаҷойи муғҷа пояи ибтидоӣ (ҷанинӣ) ва дар он баргчаҳои ниҳоят хурди ибтидоӣ намудоранд. Дар бағали ин баргчаҳо муғҷачаҳои ибтидоии ниҳоят хурд, ки ҳатто бо пурбин ба душворӣ намудоранд, ҷойгиранд. Дар қисми нӯгии поячаи ибтидоӣ конуси (нуқтаи) расиш ҷой гирифтааст, ки аз бофтаҳои ҳосилкунанда иборат аст. Ин мушоҳидаҳо ба он далолат мекунанд, ки муғҷа пояи ибтидоӣ мебошад.

Дар натиҷаи буридани якчанд муғҷа (ба дарозӣ) мебинем, ки дар пояи ибтидоии баъзе аз онҳо фақат баргчаҳои хурди ибтидоӣ дида мешаванд. Ин муғҷаҳоро муғҷаҳои нашвӣ (вегетативӣ) ё муғҷабарг мегӯянд. Дар дохили баъзеи дигари муғҷаҳо бошад, гулғунчаҳои ибтидоӣ (муғҷаҳои генеративӣ) мавҷуданд. Онҳо нисбати муғҷаҳои нашвӣ андозаи калонтар дошта, онҳоро муғҷаҳои гуловар ё муғҷагул меноманд. Онҳо шакли мудаввар ё гирд доранд.

Вобаста ба намуди рустаниҳо – шакл, андоза, ранг, бӯй, пашмак ва дигар аломатҳо, инчунин аз рӯйи ҷойгиршавиашон дар навда муғҷаҳо хеле гуногун мешаванд. Ин хусусиятҳои онҳоро ба эътибор гирифта, метавонем ҳатто дар фасли зимистон ба кадом дарахт ё бутта тааллуқ доштани онҳоро муайян кунем. Масалан, агар дар аксари рустаниҳо муғҷаҳо бевосита дар поя ҷойгир (нишаста) бошанд, муғҷаи дарахти роздор (олха) тавассути думчаи махсус ба навдааш пайваст (42) аст.

Сафедорро одатан аз рӯйи муғҷаи нӯгтези зифти часпакдораш, ки бӯйи форами махсус дорад, аз дигар дарахтон бо осонӣ фарқ мекунанд. Муғҷаи бед фақат як пулакча дорад, ки он муғҷаро чун сарпӯшак пӯшонидааст. Дар рустании ангурак (сиёҳбодом, крушина) бошад, муғҷа умуман пулакча надорад.

Муғҷаҳои калону дарозрӯяи ғубайро (рябина, четан) серпашмак буда, онро аз муғҷаҳои дигар дарахтон бо осонӣ фарқ мекунанд.

Расми 42. Муғҷаи буттаву дарахтони гуногун

Муғҷаҳои маҳлаби русӣ (черёмуха) ва қоти сиёҳ бӯйи хуши махсус доранд. Муғҷаҳои марҷонбутта (бузина), ки рӯ ба рӯ ҷойгир шудаанд, хеле бадбӯй мебошанд. Шумо метавонед ин рустаниҳоро тавассути бӯйи форам ва ё нофорамашон аз дигар рустаниҳо фарқ кунед


  1. Навда чист?
  2. Банд, байнибанд чист?
  3. Дар навда мугчахо чи тавр чойгир шудаанд?
  4. Мугчахои нашви чи гуна сохт доранд?
  5. Мугчагулхо чи гуна шакл доранд?

Хок. Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок

ҚаблӣМаълумот дар бораи РЕША (ботаника)
БаъдӣАз муғҷа инкишоф ёфтани навда

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед