Тағйири шакли барг. Хазонрез. Дар равиши ба омилҳои муҳити беруна мутобиқшавии рустаниҳо, дар баъзе ҳолатҳо, тағйирёбии шакли барги рустаниҳо мушоҳида карда мешавад. Ин баргҳои шаклдигаркарда вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунанд, ки он ба баргҳои асосӣ хос нест. Масалан, баъзе баргҳои зилол ба хор табдил ёфтаанд. Онҳо назар ба баргҳои муқаррарӣ обро кам бухор карда, инчунин аз хӯрдани ҳайвонот онро эмин нигоҳ медоранд. Барги кактус (суббор) низ ба хор табдил ёфтааст. Дар мушунг баргҳои нӯгӣ ба танобак табдил ёфта, ба такягоҳ печида пояро рост нигоҳ медоранд.
Барги рустаниҳои ҳашаротхӯр, ки дар хокҳои моддаҳои нитрогениашон кам месабзанд, хеле аҷиб аст. Дар ботлоқзори торфӣ пашшахӯрак (росянка) ном гиёҳи кӯчаке месабзад. Паҳнаки барги пашшахӯрак бо пашмакчаҳо пӯшида буда, онҳо моеи часпак мебароранд. Ҳамин ки ҳашарот ба барг нишаст, дар моеи часпаки барг мечаспад. Қатраҳои ҳамчун шабнам ҷилодори моеи часпак ҳашаротро ба худ ҷалб мекунад. Пас аз нишастани ҳашарот аввал мӯякчаҳои пашмак ва сипас худи паҳнаки барг ба дарун хам хӯрда, ҳашаротро печонида мегиранд. Вақте ки паҳнак ва мӯякчаҳои пашмаки барг рост (кушода) мешаванд, аз ҳашарот фақат ҷилди сахт (хитин) боқӣ мемонаду бас. Тамоми бофтаҳои зиндаи ҳашаротро барги пашшахӯрак ҷаббида ҳазм мекунад.
Хазонрез
Тирамоҳ баргҳо тадриҷан зард, норинҷӣ ва сурхтоб (61) мегарданд. Зеро хлорофилли барги сабз вайрон мешавад ва барг ранги сабзашро гум мекунад.

Пигментҳои (моддаҳои рангвори) ранги норинҷӣ ва зарддоштаи ҳуҷайраҳои барг боқӣ мемонанд ва ба хубӣ аён мешаванд. Чунки ин пигментҳо назар ба хлорофилл ба шароити номусоиди фасли тирамоҳ тобоваранд. Инчунин, ранги сурхи барг ба моддаҳои рангини шираи ҳуҷайраҳо низ вобастааст.
Дар муддати нашъунамои рустаниҳо дар барги онҳо ботадриҷ моддаҳои барои рустанӣ нолозим ва баъзан заҳрнок ғун мешаванд. Ба туфайли фасли хазонрез – тирамоҳ ин моддаҳо аз рустанӣ дур карда мешаванд.
Хазоншавии барг як шакли мутобиқати рустанӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад. Зеро, решаи бисёр рустаниҳо аз замин оби хунукро ҷаббида наметавонад. Ва агар барги буттаву дарахтон намерехт, он гоҳ онҳо аз норасоии об нобуд мешуданд. Аммо барги баъзе рустаниҳои гулдор дар зимистон ҳам намерезад.
Хуланг, халанҷ ва нордонак барин рустаниҳои ҳамешасабз аз ҷумлаи онҳоянд. Баргҳои резаву устувори ин рустаниҳо, ки обро хеле кам бухор мекунанд, дар таги барф зимистонро мегузаронанд.
Дарахти ғор (лавр) ва бисёр гиёҳҳо ҳам, масалан, шаҳтути заминӣ, себарга, зарчӯба ва рустаниҳои ғалладонагӣ бо баргҳои сабзашон зимистонро мегузаронанд.
Барги дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг доимӣ нест. Онҳо якчанд сол сабзида тадриҷан мерезанд. Дар баробари ин дар навдаҳои нави ин рустаниҳо баргҳои нав месабзанд.
- Барои чи шакли барги растанихо тагйир меёбад?
- Тагйирёбии шакли баргро бо мисолхо шарх дихед.
- Тагйири шакли барг барои рустани чи ахамият дорад?
- Чаро тирамох ранги барг тагйир меёбад?
- Рустанихои хамешасабзи махаллатонро номбар кунед.
- Хазонрези чи ахамият дорад?