Поя. Гуногунии поя. Қадкашии поя, шохаронӣ. Поя ҷузъи таркибии навда мебошад. Вай ба боло қад афрохта, баргҳоро ба равшанӣ мебарорад. Ба туфайли поя реша бо баргу муғҷаи рустаниҳо алоқаи зич пайдо мекунад. Дар поя моддаҳои ғизоӣ захира мешавад.
Пояи рустаниҳо алафӣ ва чӯбӣ мешавад. Пояҳо аз рӯйи хусусиятҳои биологиашон гуногун буда, онҳоро ба якчанд гурӯҳ (63) ҷудо мекунанд. Аксари рустаниҳо ростпоя буда, онҳо рост қад мекашанд. Дар онҳо бофтаи механикӣ нағз инкишоф ёфта, дар баъзе рустаниҳо чӯбӣ (себ, сафедор) ё алафӣ (офтобпараст, ҷуворимакка) мешаванд.
Пояи баъзе рустаниҳо тамоман боло намебарояд. Онҳо ба рӯйи замин паҳн шуда месабзанд. Чунин пояҳо мумкин аст аз бандҳояшон (панҷазоғ, марғчой, шоҳтути заминӣ) реша ронанд ё наронанд (роҳдавак).

Рустаниҳое вомехӯранд, ки пояашон ба ягон такягоҳ печида боло мебарояд (63) (печак, лӯбиё, мушунг). Ин хел пояҳоро пояҳои печидабароянда меноманд. Пояи рустаниҳои печидабароянда ба такягоҳҳои махсус сохташуда печида «айвончаҳои» сабзи хушманзараро ба вуҷуд оварда, болои харакҳо ва дигар иншоотро зебо мегардонанд. Пояи мушунг ва ток ба тиргак ё ягон такягоҳ бо танобакҳояшон часпида боло мебароянд. Пояи ашақа (плюш) ба тиргак ё девор бо решаҳои иловагиаш часпида боло меравад.
Рустаниҳои пояҳояшон печида ва часпида болобарояндаро чӯброст (лиан) меноманд. Лианҳо дар ҷангалҳои тропикӣ ба тани дарахтони калон печида, аз нимторикии ҷангали тропикӣ ба боло, ба сӯйи равшанӣ мебароянд. Баъзе лианҳо, масалан, нахли ротанг, дар бадали чандин сол такягоҳашонро иваз карда, то 300 м қад мекашанд.
Баъзе рустаниҳо пояи хеле кӯтоҳ доранд ва онҳо пакана- қад мебошанд. Масалан, қоқу, барги зулф, гули марворидаки боғӣ ё рустании хонагии бунафшаи узамбар ва ғайраҳо пояи хеле кӯтоҳ доранд. Барои дидани пояи ниҳоят кӯтоҳи ин рустаниҳо онҳоро бо корд ба самти поёнии реша ба дарозӣ ду тақсим кардан лозим аст. Дар вақти гулшукуфт қисми болоии пояи кӯтоҳ якбора дароз мешавад, аммо вай барг надорад (қоқу). Қисми дарозшудаи чунин пояро тирча меноманд. Одатан дар нӯги тирча тӯдагул ё гул ҷойгир шудааст. Барги рустаниҳои пояашон кӯтоҳ дар рӯйи замин аз дилаки решамева месабзад. Масалан, сабзӣ, лаблабу, турб ва баъзе дигар рустаниҳои сабзавотӣ соли якуми сабзишашон аз дилаки бехмева барг мебароранд.
- Пояи рустаниҳо чанд хел мешаванд?
- Пояи кадом рустаниҳо рост аст?
- Пояҳои хазанда аз пояҳои часпидабароянда чӣ фарқ доранд?
- Чӣ гуна рустаниҳоро чӯброст (лиан) меноманд?
- Пояи кадом рустаниҳо кӯтоҳ аст?