Акидахои муосири менечмент

Ақидаҳои муосири менеҷмент. Акидахои муосири менечмент


Ба ҷумлаи таълимоти замонавии синтетикии идоракунӣ назарияҳои ҳолатҳо (ситуатсионӣ), системавӣ, Z”, “Х” ва назарияи “У”-ро дохил кардан мумкин аст.

Дар таълимоти синтетикӣ доир ба идоракунӣ ҷои намоёнро назарияи ситуатсионӣ ишғол мекунад. Моҳияти назарияи мазкур иборат аз он аст, ки амалҳои якхелаи идоракунӣ дар ҳолатҳои гуногун натиҷахои аз ҳамдигар фарқкунанда меоранд. Аз ин лиҳоз, менеҷерҳо бояд амалҳои зарурии идоракунӣ ба монанди банақшагирӣ, ташкили фаъолияти коргарон, амрдиҳӣ ё назоратро вобаста ба ҳолатҳо иҷро намоянд.

Назарияи ситуатсионии идоракунӣ дар ҳолатҳои мушххас чӣ тавр бояд роҳбарӣ намуд, тавсияҳо медиҳад. Менеҷер бояд дар ҳолати мушаххас барои ташкил намудани ҷараёни идоракунии самаранок чаҳор қадами заруриро гузорад.

Аввал, идоракунанда бояд таҳлили ҳолатро ба ҷаласаи ташкилот ба муҳокима пешкаш карда, аз он гузаронида тавонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дуюм, ба тақозои вазъият ба ташкилот чунин усули идоракуниро пешниҳод кунад, ки он ба фаъолияти пурсамари корхона мусоидат кунад.

Сеюм, идоракунӣ бояд ба ташкилот имконияту услуби нави роҳбарикуниро тибқи вазъияти нав таъмин намояд.

Чаҳорӯм, вобаста ба вазъияти нав ба таври фаврӣ тағиротро ба раванди идоракунӣ бояд дохил кунад.

Томас Питерс ва Роберт Уотермен муаллифони китоби “Маҳорати идоракунии самаранок”, Ричард Паскал ва Энтони Атос – муаллифони китоби “Маҳорати идоракунии ҷопонӣ: васоит барои идоракунандагони амрикоӣ” назарияи “7С”-ро эҷод намудаанд, ки бо забони англисӣ таркиби ҳамаи онҳо бо ҳарфи “С” сар мешавад. Тадқиқотҳои мутахассисони мазкур ба чунин натиҷа овард, ки ташкили фаъолияти самарабахши корхона ба туфайли истифодаи ҷамъи ин 7 нишондиҳандаҳо амалӣ мегардад. Таркибан онҳо бо ҳам алоқаманданд. Тағироти ҳар яки он зарурияти тағироти шаштои боқимондаро тақозо мекунад.

Назарияи “7-С” нишондиҳандаҳои зеринро дарбар мегирад:

  • стратегия (нақшаҳо) ва равандҳои амалиёт доир ба муайян кардани захираҳо ва тақсимоти онҳо;
  • ӯҳдадориҳо оид ба тадбиқи амалҳои муайяне, ки барои расидан ба мақсади ташкилот равона карда шудааст.
  • сохтори ташкилот, воҳидҳои дохилӣ, дараҷаҳои (болоӣ, миёна, поёнӣ) идоркуние, ки ба ҳар яки онҳо ваколатҳои хос буда муайян карда шудааст;
  • системаи оинҳо ва равандҳои кӯҳангашта, ки дар фаъолияти ташкилот ҷорӣ карда шудааст;
  • штат-шакли алоҳидаи ҳуҷҷате, ки маълумотҳоро оид ба синну сол, ҷинс ва касби ҳайати коркунони ташкилот инъикос мекунад;
  • услуб – воситаи таъсиррасоние, ки бо он роҳбарон дар асоси доштани маданияти ташкилотчигии хос корхонаро идора мекунанд;
  • арзишҳои тақсимшаванда – моҳият ва мазмуни самтҳои асосии натиҷаи фаъолияти ташкилот, ки аз онҳо аъзоён баҳраманд мешаванд (фоида мегиранд).

Мувофиқи ин ақида менеҷерҳо фақат дар ҳолати нигоҳ доштани ҳамоҳангии ин системаи аз ҳафт таркиби мазкур иборат буда метавонанд фаъолияти ташкилотро ба дараҷаи самаранокӣ расонанд.

Уилям Оучи – профессори амрикоӣ соли 1981 дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи идоракунии ҷопонӣ назарияи “Z” -ро эҷод намуд. Ин назария аз кӯшиш даст кашидан ва маҷмӯи тавсифоти идоракуниро бештар аз муносибати ҳолатӣ диданро инъикос мекунад.

Нуқтаи бунёдии ақидаи Оучи ин аст, ки асоси ташкилотро мавқеи одам ва фаъолияти муваффақиятноки он ташкил медиҳад. Оучи мавқеи асосӣ ва қоидаи идоракунии самаранокро исбот намуд. Афкори назарияи “Z” дар намуди фишурда чунин ҷамъбаст шудааст:

  • ба кор қабул намудани кадрҳои кироя ба муддати дароз;
  • ба таври коллегиалӣ, бо маслиҳат қабул намудани қарорҳо;
  • ба эътибор гирифтани масъулияти инфиродӣ;
  • баҳодиҳии батаҳаммул ба кадрҳо ва тадриҷан пешбарӣ кардани онҳо ба вазифа;
  • номаълум ва бо усули расмӣ назорати мушаххас кардан;
  • ба коркунон ҳамаҷониба ғамхорӣ намудан.

Шарҳи мухтасари таълимоти асри ХХ роҷеъ ба идоракунӣ нишон медиҳад, ки афкори идоракунӣ доимо инкишоф ёфтааст, ақидаҳои нав ба нави самарабахши идоракунӣ пайдо гаштаанд. Шиносшавӣ бо ин таълимотҳо нишон медиҳад, ки амали бизнес ва идоракунии он сифатан мураккабтар шудаанд

Питер Друкер – пири менеҷменти амрикоӣ чунин мепиндошт, ки 80% комёбиҳои таърихии миллатро на захирахои табиӣ, на бизнеси иқтисодӣ, ё технологияҳо ва ҳатто истеъдоди халқ, балки самаранокии идоракунӣ муайян мекунад. Маҳз барои ин яке аз мамлакатҳо пеш мераванду дигаре на1.

Алфред Маршал, иқтисодчии маъруфи ҷаҳонӣ, ташкил ва идоракунии истеҳсолотро чун омили мустақили истеҳсолот, баробари чунин омилҳо, ба монанди меҳнат ва сармоя ҷудо кардааст.

Идоракунии фирма сарчашмаи пешравист, ҳатто, сарфи назар аз сармоягузории нисбатан кам боздеҳии бисёркаратаро таъмин мекунад. Маҳз барои ин дар адабиёти оид ба менеҷмент ва бизнес ба ибораи “кандашавии технологӣ” ибораи дигар “кандашавии идоракунӣ” илова шуд. Сабаби чунин муваффақиятҳои ҳайратангез, ба ақидаи бисёр мутахассисон дараҷаи баланди тахассусмандӣ ва кордонии идоракунандагон мебошад.

Инкишофи минбаъдаи менеҷмент дар ҷадвали 1 инъикос ёфтааст.


Ҷадвали 1

Таҳаввули (эволютсияи) илми идоракунӣ дар асри ХХ

Тамоилҳои асосии кашфиёти илмӣ (махфилҳо ва равияҳо) 1885  
20 30 40 50 60 70 80 90
Менеҷменти илмӣ ва мактаби классикӣ Ххх хх

хх

 

хх

 

хх

 

хх

       
Маҳфили муносибатҳои одамон ва илми ахлоқ     ххх ххх хх хххх хх хххх хх
Муносибати миқдории менеҷмент         хх ххх ххх хххх ххх
Таҳлил аз рӯи вазъият ва намудҳои дигари он                  

Дар ҷадвали 1 бо хатҳои рост марҳалаҳои серкашфиёти ҳашт маҳфили илмӣ ва равияҳои гуногун акс ёфтааст. Ҳар яки он дар менеҷменти муосир нақши хосае гузошта, дар заминаи бозёфтҳои пешин пайдо гаштааст. (ниг ба ҷадвали 2)


Ҷадвали 2

Саҳми назариявии маҳфилҳои гуногун дар инкишофи менеҷменти муосир

Равияиҳои илмӣ ва консепсияҳои нав

Ғояҳое, ки дар менечменти муосир қабул шудааст
1. МЕНЕҶМЕНТИ ИЛМӢ ВА МАҲФИЛИ МАЪМУРИИ КЛАССИКӢ
Принсипҳои илмӣ

Навоварӣ ва мақоми он дар иҷрои кор

Тақсимоти меҳнат дар идоракунӣ

Муносибати илмӣ ба менеҷмент ва принсипҳои идоракунӣ

Таҳлили роҳҳои иҷрои вазифа бо мақсади такмил додани ҷараёни идоракунӣ

Музди кор чун омили муҳими ҳавасмандкунии кормандон

МУНОСИБАТИ МИҚДОРИИ МЕНЕҶМЕНТ
Истифодаи равияи таҳлили миқдорӣ, равияи таҳлил аз рӯи моделҳо ва истифодаи техникаи ҳисоббарор Барои қабули қарор истифода бурдани равияи миқдорӣ

Истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва техникаи ҳисоббарор дар менеҷмент

РАВИЯҲОИ СИСТЕМАВӢ ВА ТАҲЛИЛ АЗ НАЗАРИ ВАЗЪИЯТ
Ҳамбастагӣ ва ба ҳамдигар тобеъ будани ҳамаи ҷузъҳои муассиса

Муайян кардани тағиротҳои муҳит

Таҳлили муассиса чун воҳиди яклухт, ки аз ҷузъҳо таркиб ёфтааст

Таъсири муҳит ва алоқамандии он ба ҷараёни идоракунӣ

Бо назардошти вазъият ва тамоми омилҳои он ба роҳ мондани идоракунӣ ва қабули амру фармонҳои зарурӣ

Чӣ тавре ки аз ҷадвали 2 ба назар мерасад солҳои 50-ӯм тадқиқотҳои соҳаи менеҷмент аз рӯи панҷ равия сурат мегирифт: равияи классикӣ, муносибати байни одамон, рӯҳшиносӣ, равияи миқдорӣ ва муносибат ба муассиса чун воҳиди яклухт.

Ин шакли инкишофи ҷараёнҳои гуногуни менеҷмент ба талаботи давраи баъдиҷангӣ ҷавобгӯ буд. Зеро маҳз дар ин марҳала бо таъсири инқилоби илмию техникӣ, сохторҳои тиҷоратию соҳибкорӣ рӯ ба такомул оварданд. Истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, ки меафзуд, ба афзоиши муассисаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ мусоидат мекард. Муассисаҳои хурд барои таъмини талаботи доираҳои маҳдуди мардум фаъолият мекарданд.

Соҳибкорони навбаромад ба душвориҳои зиёде вохӯрданд, ки он аз рақобату талоши бозор сар шуда, то ба талоши менеҷментҳои муассисаҳои калони истеҳсолӣ анҷом меёфт.

Ин соҳибкорон мӯҳтоҷи системаи нави идоракунӣ набуданд, балки ба таҳқиқи муҳиту тағироти вазъият шуғл доштанд. Ба менеҷмент вазъияти нав талаботҳои навро пеш гузошт. Ҳатто муассисаҳои калон чун корпоратсияҳои байналхалқӣ ба равияҳои нави идоракунӣ мӯҳтоҷ шуданд, чунки рақобати онҳо дар давраи баъдиҷангӣ хеле тезу тунд ва шиддатнок гардид.

Онҳо ба чунин усулҳои роҳбарӣ эҳтиёҷ пайдо карданд, ки ҳам қарорҳои пешбинӣ кардаашон натиҷаи самаранок диҳаду ҳам яклухтии сохториашон ба тағироте дучор нагардад.

Ин эҳтиёҷотро методи миқдорӣ ва тарзии идоракунии системавӣ ҳаддалимкон қонеъ мекард.

Таҳлили миқдорӣ имконият медод, ки бо роҳи моделсозӣ ва корбасти методи миқдорӣ дар вазъиятҳои душвору мураккаб чораи табъи дил дида тавонанд.

Инчунин бо моделсозии математикӣ анвои фаъолияти истеҳсолиро омӯхта, масъалаҳои душвори идоракуниро ҳал кардан имконпазир мегашт ва истифодаи самараноки захираҳо, тақсимоти онҳо ва дигар масъалаҳо ҳалли худро меёфт.

Таҳлили сохтории истеҳсолот бошад имконият медод, ки муассиса ва фаъолияти он чун воҳиди яклухт зери назорат бошаду он натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Албатта, мантиқан, натиҷаи чунин тадқиқот истифодаи методеро тақозо дошт, ки он ба омӯзиши вазъият нигаронида шуда бошад.

Маънии ин тарзи таҳқиқ омӯзиши ягон вазъияти мушаххас ва донистани омилҳоест, ки дар он марҳала рух медиҳад. Идоракунӣ дар ин ҳолат бо роҳи омӯхтани шароитҳои аз ҳама муҳим, робитаҳою таъсири онҳо ба ҷараёни истеҳсолот сурат гирифта метавонад.

Бешубҳа, илми менеҷмент бо кашфиётҳои нав ба нав ғанӣ мегардад. Аз солҳои 80-ӯм сар карда санъати идоракунӣ пайдо мешавад, солҳои 90-ум бошад масъалаи муҳими менеҷмент-таҳқиқи роҳҳои ба даст овардани пешоҳангӣ (лидерство) ба шумор мерафт.

ҚаблӣМактабҳои классикии менеҷмент ва ақидаҳои онҳо
БаъдӣВирусхои компютери, антивирусхо