Давраҳои пайдоиш ва инкишофи менеҷмент (реферат)

Даврахои пайдоиш ва инкишофи менечмент (кори курси, реферат), Давраҳои пайдоиш ва инкишофи менеҷмент (реферат)

Боргирӣ намудан (скачать)


Давраҳои пайдоиш ва инкишофи менеҷмент

Нақша:

Сарсухан

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Ташаккул ва рушди назарияи идоракунӣ
  2. Ташкили идоракунӣ дар давлати Сомониён
  3. Мактабҳои классикии идоракунӣ ва ақидаҳои онҳо
  4. Таълимотҳои муосир оиди менеҷмент

Хулоса

Феҳрасти адабиётҳои истифодагардида


Сарсухан

Усули нави хоҷагидорӣ, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи иқтисодиёти бозорӣ ташаккул меёбад, ба мутахассисон, ки соҳиби донишу малакаи мукаммали менеҷменти муосир мебошанд, ниёзмандии беандоза дорад. Хусусан ташкилотҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ, роҳбарони ин ташкилотҳо бояд дар мӯҳлати кӯтоҳ усули нави идоракунии фаъолияти ташкилотҳои пешрафтаи ҷаҳонро аз ҷиҳати рақобатпазирӣ, самаранокӣ ва устувории бозорӣ омӯзанд ва услуби идоракунии ин ташкилотҳоро ба фаъолияти ташкилоти худ бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ истифода баранд.

Менеҷмент ҳамчун илм дар бораи санъати идоракунӣ мақоми байналмиллалӣ дорад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ маҳорат, малака, фаъолияти идоракунии ташкилот ва қобилияти шахсии менеҷер дар баланд бардоштани самаранокии кори корхона (фирма) мақоми хоса дорад.

Менеҷмент ҳамчун раванди идоракунии иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, барои муваффақ гаштан ба самаранокии баланд ва гирифтани фоидаи калон нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, менеҷмент дар шароити иқтисоди бозорӣ мафҳумҳои алоқаманд, усулҳо, самтҳои назариявӣ, амалӣ ва санъати идоракунии корхонаҳоро дар бар мегирад.

Боргирӣ намудан (скачать)

ҚаблӣДавлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он (реферат)
БаъдӣТашаккул ва рушди назарияи идоракунӣ (менечмент)