Мактабҳои классикии менеҷмент ва ақидаҳои онҳо

Мактабхои классикии менечмент ва акидахои онхо


Таълимоти идоракунии илмӣ дар асоси ақидаҳои намояндагони мактабҳои классикӣ оиди менеҷмент ташаккул ёфтааст.

Фредерик Уинслоу Тейлор (солҳои 1856-1915) асосгузори мактаби классикии менеҷмент буд. Тейлор дар назди худ ҳалли вазифаи афзункунии хосилнокии меҳнатро гузошта буд. Таълимоти ӯ аз омӯхтани механикунонии ҷараёни истеҳсолот, ташкили илмии фаъолияти меҳнатии худ ва коргарони дигар иборат буданд. Дар ибтидо барои Тейлор омӯхтани вазифаҳои самаранокии меҳнат, ки барои ташаккули раванди кор нигаронида шудааст, муҳим буд. Ниҳоят, ӯ ба хулоса омад, ки ба воситаи усули кӯҳнашудаи ташкили меҳнат баланд бардоштани некӯаҳволии соҳибкорон ғайри имкон аст, чунки бисёрии онҳо табиатан кор кардан намехостанд. Ин сабаби асосии паст будани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат буд. Барои ислоҳ намудани ин ҳолат Тейлор пешниҳодҳои зеринро пеш гузоштааст:

  • васеъ кардани доираи истифодаи ҳавасмандкунии коргарон;
  • барои таъмин намудани самаранокии меҳнат аз рӯи натиҷаи иҷрои кор мукофотонидани когарон;
  • таклиф намудани системаи музди меҳнати пешқадам, дар асоси принсипи музд ба коргар бар ивази кори самаранок;
  • муқарраркунии нархномаи кор дар асоси дониши аниқ;
  • аз тарафи соҳибкорон гузашт намудани гуноҳи коргарон.

Тейлор муҳандиси корхонаи саноатӣ буд, аз ин лиҳоз таълимоти менеҷментро ҳамчун муносибат ба машина мефаҳмид. Бо ақидаи ӯ менеҷерон бояд фикр кунанд, когарон бояд кор кунанд. Ин ба махсусгардонӣ, тақсимоти меҳнат ва пайдошавии теъдоди калони менеҷерҳои функсионалӣ меорад.

Намояндагони дигари мактаби идоракунии илмии классикӣ Фрэнк, Лилиан Гилбертҳо ва Г.Гант буданд. Онҳо асбоби махсуси ба наворгирии синаморо ихтироъ кардаанд ва бо ёрии онҳо ҳаракатҳои кории коргаронро бевосита омӯхта, дар асоси маълумоти стоп-кадрҳо амалиёти меҳнатии каммаҳсули кормандонро ихтисор карданд. Аз рӯи натиҷаи ин амалиёт бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, дар таҷҳизотҳои корхона тағиротҳо дароварданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тарафдорони мактаби илмии идоракунии классикӣ асосан бо ҷустуҷӯи роҳҳои афзун намудани самаранокии истеҳсолот машғул буданд. Онҳо дар маҷмӯъ масъалаҳои идоракунии ташкилотро ба эътибор намегирифтанд. Ин камбудиҳоро тарафдорони мактаби идоракунии муносибатҳои инсонӣ бартараф намуданд.


Асосгузори мактаби идоракунии муносибатҳои инсонӣ дар солҳои 20-30 қарни гузашта Элтон Мэйо (солҳои 1885-1949) буд. Ақидаи асосии ин мактаб дар менеҷмент аз вазифагузории мушаххаси кормандон иборат буд. Мэйо тадқиқотҳои асосиро доир ба ин масъала, ҳангоми дар вазифаи профессори мактаби бизнеси донишгоҳи Гарвард кор карданаш гузаронида буд. Нуктаи муҳим дар коркарди ин ақида гузаронидани таҷрибаи Хоуторингӣ буд, ки дар он Мэйо дар тӯли якчанд сол (солҳои 20-30-и асри ХХ) дар ширкати “Вестерн Электрик Компани” иштирок карда буд. Ин дар соҳаи менеҷмент аз ҳама тадқиқоти таҷрибавии калонтарин ҳисоб меёфт. Натиҷаҳои таҷриба аз ҷиҳати идоракунии илмӣ таҳлилшаванда буданд. Тадқиқоти мазкур нишон дод, ки дар корхона натиҷаҳои мехнатӣ аз одам, аз муносибатҳои байни коргарон ва менеҷерҳо вобастагӣ доштааст. Мэйо баръакси Тейлор коргаронро табиатан танбал ҳисоб намекард. Ӯ зикр намудааст, ки агар менеҷерон ба коргарон барои муносибатҳои ба кори фаъол мусоидаткунанда шароит фароҳам оранд, онҳо бо шавқ ва ташаббус меҳнат мекунанд. Мэйо тарафдори он буд, ки менеҷерҳо бояд ба коргарон бовар кунанд ва барои фароҳам овардани муносибатҳои хуби тарафайн дар гурӯҳи меҳнатӣ таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир кунанд. Ин ақидаҳо аз низомҳои мактаби идоракунии тейлоризм, ки фаъолияти одамонро ба ҳаракати машина вобаста карда буд, фарқ дошт. Ақидаи мактаби муносибатҳои инсонӣ аз муайян намудани вазифаҳо, амалиёти менеҷерҳо (супориш додан ва аз рӯи вай амал кардан), иҷрои вазифа аз тарафи коргарон иборат буда, дар ташкилот вуҷуд доштани системаи иҷтимоиро инъикос мекард.

Ба вуҷуд овардани маркази таваҷҷӯҳ дар менеҷмент оид ба вазифагузорӣ ба коргар назарияҳои мухталифи системаи иҷтимоии менеҷментро инкишоф дод ва ба он ақидаҳои навро илова намуд.

Валтер Дилл Скот устоди донишгоҳи ш.Чикаго (солҳои 1869-1955) чунин ақидаро иброз карда буд, ки менеҷерон бояд ба коргарон на танҳо аз ҷабҳаи манфиатҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати манфиатҳои иҷтимоӣ низ эътибор диҳанд (ширкат варзидан дар корҳои ҷамъиятӣ ва риоя намудани анъанаҳои ба гурӯҳҳои меҳнатии ташкилот хос буда).

Мэри Паркер Фоллет (солҳои 1868-1933) чунин ақидаро пешкаш намуда буд, ки мувофиқи он менеҷер бояд барои бомуваффақият идоракунии коргарон аз амалкуниҳои қалбакӣ даст кашад. Роҳбар бояд ҳама вақт пешсаф бошад, писанди коргарон гардад ва ба ҳуқуқи мансабии худ такя намояд, дар асоси фаъолияти коргарон натиҷаҳои ба мақсад мувофиқро моҳирона бояд ба даст орад. Дар муносибатҳои мутақобилаи коргарон ва роҳбарон мавқеи асосиро бояд чобукӣ ва хушмуомилагӣ ишғол намояд. Менеҷер бояд вазифаи идоракунии худро на тибқи вазифаи пешакӣ муқарраршудаи нақшагӣ, балки мувофиқи талаботи вазъияти ба амал омада иҷро кунад.

Абрахам Маслоу (солҳои 1908-1970) дар соҳаи идоракунӣ, коркард ва инкишофи ақидаи бихевиористи (такя ба қобилияти одам) саҳми калон гузоштааст. Ӯ нахустин бор назарияи ҳавасмандкунии коргаронро эҷод намудааст. Тибқи таълимоти Маслоу ба одамон талаботҳои мураккаби зинагӣ хос аст ва менеҷмент дар асоси қонеъ гардонидани талаботҳои коргарон амалӣ мегардад.

Дуглас МакГрегор яке аз муассиси мактаби илми менеҷмент мебошад, ки ӯ назарияи вазифагузориро эҷод кардааст. Ақидаи Дуглас мукобили ақидаҳои бихевиористӣ (такя ба одам) буд. Нисбати идоракунии коргарон ӯ ду намуди ақидаҳои вазифагузориро пешкаш намудааст. Ақидаи “Х” ва ақидаи “У”. Ақидаи “Х” дар асоси далелҳои зерин ташкил ёфтааст:

  • гурӯҳи коргарони дониши касбии муқаррарӣ дошта мехоҳанд, ки ба роҳбарон вазифа гузоранд ва онҳоро идора кунанд. Ва онҳо мекӯшанд, ки аз кор ва ҷавобгарӣ дар канор бошанд;
  • гурӯҳи коргарон бо роҳи маҷбурӣ, дар асоси фармон, назораткунӣ ва таҳдиди ҷазо вазифаҳои гузошта шударо иҷро кунанд, то ки ташкилот дар асоси мақсади гузошташуда амал намояд.

Барои ақидаи “У” Дуглас далелҳои зеринро овардааст:

  • барои одам ифодаи кӯшишҳои ҷисмонӣ ва эҳсосот дар ҷараёни кор ва дар вақти бозӣ табиист. Одам корро вобаста ба шароити меҳнат чун манбаи қаноатмандии моддӣ ва ё чун ҷазо қабул карда метавонад. Барои ба мақсади ташкилот расидан назорат ва ҷазо додан ба одам усулҳои ягона нестанд. Одамон метавонанд манфиати ташкилотро бо воситаи усулҳои худшавқмандкунӣ ва масъулиятнокӣ аз рӯи натиҷаи меҳнат муқаррар намудани мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳимоя намоянд.
  • нисбати ҳадафҳои ташкилот ҳисси масъулиятнокӣ доштани одамон аз музди меҳнат ё ки мукофоти муқаррар кардшуда вобаста аст. Мукофоти аз ҳама баландтарин барои одам қонеъ гардонидани талабот ва қадр кардани меҳнати бунёдкоронаи ӯ мебошад.
  • одами тарбия ёфта, дониши муқаррарии касбӣ дошта тайёр аст ва мекӯшад, то ки масъулиятро ба дӯши худ гирад. Мутаасифона, дар ҷомеаи муосир захираи зехнии коргароне, ки дар ташкилотҳо фаъолият доранд ба қадри имкон истифода бурда намешаванд.

Анри Файол олими Фаронса (солҳои 1841-1925) “падархонди” мактаби идоракунии муносибатҳои одамӣ буда, мазмуни фаъолияти идоракунии ташкилотро эҷод кардааст. Маркази таваҷҷӯҳи Файол фаъолияти менеҷмент буд. Ӯ мекӯшид, ки қоидаҳои оқилонаи ташкили фаъолияти корхонаро ёбад. Файол фаъолияти идоракунии ташкилотро омӯхт ва ба фаъолияти он хос будани шаш вазифаҳои зеринро муайян намуд:

  • вазифаи техникӣ (истеҳсолот);
  • вазифаи тиҷоратӣ (харид, фурӯш, мубодила);
  • вазифаи молиявӣ (ҷустуҷӯ ва истифодаи сармоя);
  • вазифаи бехатарӣ (ҳифзи моликияти одамон);
  • вазифаи экауитингӣ (фаъолият оид ба таҳлил, ҳисобу китоб, омор);
  • идоракунӣ (банақшагирӣ, функсияи ташкилӣ, амрдиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат).

Хизмати асосии Файол дар омӯхтани фаъолияти ташкилот вобаста аз андозаи дараҷаи зинагиаш иборат аз он буд, ки идоракуниро чун яке аз шаклҳои хосаи фаъолият муайян карда, иҷрои функсияҳои банақшагирӣ, ташкилӣ, амрдиҳӣ, ҳамоҳангӣ ва назоратро ҳатмӣ шуморидааст.

Файол инчунин чордаҳ принсипҳои идоракуниро кор карда баромад, онҳоро умумӣ (универсалӣ) ҳисобида, дар амалиёти худ ба онҳо риоя кард ва ба муваффақиятҳои идоракунӣ соҳиб шуд.

Г.Эмерсон – муҳандис – механики амрикоӣ, пайрави Файол, 12 принсипи ҳосилнокии меҳнатро муайян кардааст.

Генри Форд, пайрави Файол ба ҳамин равандҳо як қатор принсипҳои худро оиди менеҷмент дар аввали асри ХХ илова намудааст.

Макс Вебер (солҳои 1864-1920) ҳуқуқшинос ва сотсиологи олмонӣ, асосгузори назарияи идоракунии бюрократии ташкилот буда, дар инкишофи системаи идоракунӣ саҳми бузург гузоштааст. Веберро давомдиҳандаи ақидаҳои Тейлор ҳисобидан мумкин аст. Чунки, агар Тейлор барои посух ёфтан ба саволи чӣ бояд кард, ки коргар чун машина кор кунад, кӯшиш ба харҷ дода бошад, пас Вебер ба саволи чӣ бояд кард, ки ҳайати ташкилот чун машина кор кунад, посух ҷустааст ва ҷавоби ин саволро дар тайёр кардани қоидаҳо ва оинҳои рафтор дар ҳар ҳолати дилхоҳ, ҳуқуқ ва ӯҳдадории ҳар як коргари алоҳида дидааст.

Дар таълимоти Вебер шахсият дар фаъолияти ташкилот гӯё вуҷуд надошт, кулли намудҳои асосии фаъолият, пешравии мансаби коркунон ва қарорҳои мушаххаси идоракуниро дар ташкилот қоидаю оинҳо муайян мекарданд. Ба ақидаи Вебер системаи бюрократӣ бояд фаврият, аниқӣ, муайяннокӣ, бефосилагӣ ва пешгӯиро таъмин намояд. Вай унсурҳои асосии амалӣ намудани ин вазифаҳоро дар риоя намудани принсипҳои махсус медид.

Ҳамин тавр, ҷонибдорони мактаби идоракунии муносибатҳои одамӣ, ақидаҳои “технократӣ”, “одами иқтисодӣ” тейлоризм ва фордизм, ки ба ҳавасмандкунии моддӣ ва муносибати казармавӣ асос меёфт, ба ақидаи нави “одами иҷтимоӣ” иваз намуданд. Файол ташкилотро чун системаи худмаҳдуд баррасӣ мекард ва имкониятҳои дохилии афзункунии самаранокии онро аз ҳисоби такмили идоракунӣ ва ҷорӣ намудани меҳнати якҷоя ва дастиҷамъӣ меҷуст. То соли бистуми асри ХХ истеҳсолоти калони мошинӣ истифодаи имкониятҳои ҷисмонии коргаронро ниҳоят маҳдуд кард. Бинобар ин истифодаи имконияти зеҳнии коргарон зарур буд. Лекин, азбаски фаъолияти зеҳнӣ нисбат ба ҷисмонӣ мураккабтару мушкилтар аст, дар шароити нави таърихӣ дар ҷараёни ташкили меҳнат ба миён омадани муносибатҳои тоқатнофарсо, меҳнати вазнини якзайла, корпартоиҳои оммавӣ, эътирозҳо, низои байни коргарон ва устоҳо, аз корравии кадрҳо зарурияти ҷустуҷӯи муносибатҳои нави “бедоркунии” қобилияти зехнии коргарон ва усулҳои нави шавқмандкунии меҳнати онҳоро ба вуҷуд овард.

Питер Друкер (соли 1909) дар Австрия дар оилаи хизматчии калони давлатӣ таваллуд шуда, маълумотро дар Олмон гирифта, соли 1937 барои зист ба ИМА омадааст. Вай дар тӯли беш аз 20 сол дар соҳаи идоракунӣ китобҳои бисёр чоп намудааст. Мушовири калонтарини ширкатҳо, профессори донишгоҳи Ню-Йорк ва мактаби олии Кларомонӣ дар Калифорния шуда кор кардааст. Моҳияти асосии ақидаи Друкер дар он аст, ки менеҷментро чун фаъолияти касбӣ ва менеҷерро – чун ихтисос (касб) эътироф кардааст. Менеҷмент тибқи ҳадафҳо яке аз машҳуртарин низомномаи назариявии ӯ мебошад. Мувофиқи ақидаи Друкер идоракунӣ бояд аз кор карда баромадани ҳадафҳо оғоз гашта, сипас ба ташаккули вазифаҳо гузарад ва системаҳои бо ҳам амалкунӣ ва ҷараёни идоракунии ташкилотро куллан дигаргун гардонад.

Друкер ба ақидаҳои мактаби идоракунии муносибатҳои одамӣ ва Мэйо бо назари танқидӣ муносибат карда, онҳоро “золимони психологӣ” номида буд. Вазифаи асосии менеҷментро Друкер дар пурмаҳсулгардонии мехнати коргарон, фароҳам овардани шароит барои ташкил кардани “хушҳолӣ барои коргарон”, (заминаи ҳурмату эҳтиром дар муоширату муносибат дар раванди кор) ба даст овардани ҳадафҳои ташкилот медид. Ақидаи асосии таълимоти Друкер истифодаи менеҷерҳои касбиро тақозо менамуд. Тибқи афкори Друкер зубдагони (элитаи) идоракунанда дар инкишофи бизнеси муосир дар шароити иқтисодиёти бозор мақоми пешбарандагӣ доштанд.

ҚаблӣБарномаҳои вирусӣ ва зиддивирусӣ. Вирусхои компютери
БаъдӣАкидахои муосири менечмент