Сарахс. Сохт, ҳаёт ва аҳамияти сарахсҳо

Сохт, хаёт ва ахамияти сарахсхо.


Сарахсҳо ба гурӯҳи рустаниҳои қадимтарин дохил мешаванд. Онҳо дар рӯйи замин васеъ паҳн гардидаанд. Даҳ ҳазор хели онҳо маълум аст. Дар шароитҳои гуногуни зист, дар биёбон ва ботлоқзорҳо, кӯлҳо, майдонҳои кишти шолӣ, обҳои нисбатан шӯр, дар ҷойҳои сернаму сояи дарахтони бешазор сукунат доранд. Сарахсҳо дар минтақаҳои кӯҳсор, дар ҷойҳои сернаму соя, тарқиши сангҳои серрутубат, соҳили дарё, канори чашмасорҳо месабзанд. Миқдори аз ҳама зиёд ва гуногунхели сарахсҳоро дар бешаҳои намноки тропикӣ дидан мумкин аст. Дар ин ҷо сарахсҳо на фақат дар рӯйи замин, зери ҷангал, инчунин дар шоху танаи дарахтон низ васеъ паҳн гардидаанд.

Андозаи сарахсҳо аз якчанд миллиметр то 25 метр мерасад. Онҳо рустаниҳои бисёрсолаи алафианд. Сарахсҳои дарахтшакл ниҳоят кам буда, онҳо бештар дар Осиёи тропикӣ, манотиқи марказии Австралия ва Амрикои Ҷанубӣ вомехӯранд.

Дар Тоҷикистон гуногунхелии сарахсҳо начандон бисёр буда, онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ бештар вомехӯранд.

Сарахсҳо барг, поя ва реша доранд. Онҳо бо доштани реша аз ушнаҳо фарқ мекунанд. Аксарияти сарахсҳо решапоя доранд. Дар решапояи онҳо решаҳои иловагӣ ва баргҳои думчадароз месабзанд. Дар барги сабзи сарахсҳо дар раванди фотосинтез аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мешаванд. Инчунин, дар он ҷо спораҳо низ ҳосил мешаванд.

Тобистон дар зери лаъличаи барги сарахс доначаҳои бӯрранг пайдо мешаванд. Дар доначаҳо тӯдаи халтачаҳое, ки дар онҳо спораҳо пухта мерасанд, ҷойгир шудаанд. Халтачаҳои спорадорро фақат бо микроскоп дидан мумкин аст 11.

Халтачаҳо баъди пухтани спораҳо кушода шуда, спораҳо ба берун мерезанд ва шамол онҳоро паҳн мекунад. Спораҳо ба ҷойи мусоид афтода, ба монанди ушнаҳо ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Вале аз спораи сабзидаистодаи сарахс аввал паҳнаки майда (баргча)-и сабз инкишоф меёбад, ки қутраш (диаметраш) якчанд миллиметр аст 11. Паҳнаки сабзнавниҳоли сарахс ба ҳисоб рафта, вай бо ёрии ризоидҳо ба замин дохил шуда, мустақилона нашъ унамо мекунад.

Расми 11. Инкишофи сарахсҳо
Расми 11. Инкишофи сарахсҳо

Дар пушти навниҳоли сарахс ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина – антеридия бо нутфа ва занона – архегония бо ҳуҷайратухм ташаккул меёбанд. Ҳангоми пурра тайёр шудани нутфа девори антеридия кушода шуда, онҳо ба берун мебароянд. Ин ҳодиса одатан, дар вақти боридани борон ё шабнами саҳарӣ рӯй медиҳад. Нутфаҳо дар об шино карда, то архегония (ҳуҷайраи ҷинсии занона) меоянд. Баробари кушода шудани девори архегония яке аз нутфаҳо ба он ворид шуда, ҳуҷайратухми дар он бударо бордор мекунад. Аз ҳуҷайратухми бордоршуда зигота (ҷанин) инкишоф меёбад. Ҷанин аввал аз навниҳоли сабз ғизо мегирад. Вай ба сабзиш шурӯъ карда, аз он тадриҷан реша, пояи хеле кӯтоҳ ва барги аввалин инкишоф меёбад. Ба туфайли решааш навниҳол ба хок реша ронда, мустақилона ғизо мегирад. Ҳамин тавр, сарахси ҷавон нашъунамо карда, ба сарахси ҳақиқӣ мубаддал мешавад.


Тестҳо

1.Сарахсҳо аз ушнаҳо бо чӣ фарқ мекунанд?

  • А. Бо доштани поя, барг ва решаи ҳақиқӣ
  • Б. Бо надоштани реша
  • В. Бо надоштани барги ҳақиқӣ
  • Г. Бо доштани гул ва мева

2.Аз ҳуҷайратухми бордоршудаи сарахс… инкишоф меёбад?

  • А. Реша
  • Б. Барг
  • В. Спора
  • Г. Ҷанин
ҚаблӣУшнаи торфӣ ва ҳосил шудани торф
БаъдӣСохт ва афзоиши чилбанд (чилбуғум)