Омоним чист? Ҳамгуна чист? Маълумот дар бораи Омоним ё Хамгуна. Омоним дар забони точики >>
Омоним (ҳамгуна)-ҳо калимаҳоеанд, ки шаклан якхела буда, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд: тор-торик; тор – нахи ресмон; тор – фарқи сар; тор – асбоби мусиқӣ; шона-асбобе, ки мӯйи сарро ба тартиб медарорад, шона- устухони китф.
Омонимҳо, Ҳамгунаҳо дар забони тоҷикӣ
Кор: 1. амалиёт; 2.феъли фармоиши коридан; Рон: 1.рон- рони по; 2. феъли фармоиши рондан; Пар: 1.қанот 2.феъли фармоиши паридан; Парда: 1.пардаи дару тиреза. 2.пардаи якум, дуюм ва ғайра дар намоишномаҳо; Гард.1. феъли фармоиш (аз гардондан).2.гард (гарду чанг).
Машқ. Ин байтҳоро навишта, муайян кунед, ки калимаи дур кадом маъноҳоро ифода намудааст.
Ҷомаи ҷон чок шуд, торе зи пироҳан бубахш,
К-аз чунон ришта тавон пайванд кард ин чокро.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Обканде дидаму бас тор ҷой,
Лағз-лағзон чун дар ӯ бинҳанд пой.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
| ИНЧУНИН ХОНЕД >> |


















