Вақтро ғанимат дон!

Ақраби соат тик – тик мезад. Ченаки вақтро нишон медод. Инсон бехабар аз он ки умри ӯ мегузарад чашм ба ақрабаки соат медӯзад. Вақт мегузарад, умр мегузарад. Гоҳо босамар, гоҳе бесамар. Мисли дарьёст, ки ба оқиб барнагардад, мисли оби аз кӯза рехта, ки ҳаргиз бардошта нашавад, мисли тири аз камон ҷаста, ки баргардонида намешавад, мисли косаи шикаста, ки ба ҳам пайванд нагардад.

Вақтро бояд ғанимат донист, онро сарфи корҳои хуб кард. Онро тавре истифода бояд бурд, ки дар оянда аз он пушаймон нашавӣ, онро тавре истифода бояд бурд, ки муфид бо-шад, онро тавре истифода бурд, ки аз он нишон боқӣ монад, нишоне, ки аз вақти гузашта дарак диҳад, аз ҳамон вақте ки онро ба фоидаи худ истифода кардӣ.

Вақти гузашта мисли он пирамарди қоматхамида аст, ки ҷавонии худро дубора мекобад, он ҷавоние, ки замоне насибаш буд, он ҷавоние, ки нашъаи умри ӯ буд, ҷавоние, ки маънию ҳасти зиндагонии ӯ буд. Магар он ҷавонӣ, маънию ҳастии зиндагӣ дубора бар мегардад? Магар тири аз камон ҷаста боз бармегардад? Магар он оби гузашта ба қафо бармегардад? Оҳ, оҳ он вақти гузашта, сад дареғи он вақти гузаштаи аз даст рафта, вақти гузаштаи ба боди сабо рафта.

Афсӯс мехӯрем, афсӯс аз он вақти аз даст рафта, ки пурсамар набуд, эътиборе надодем, ҳис накардем, мушоҳида накардем. Чун пойбанди ҷойгаҳ гардидем, чашмонамон ба ҷузъ сақфи хона чизе намебинад ба дуриҳои дур назар меафканем, ба он дуриҳои дур, ки гузаштааш ном мебаранд, гузаштае, ки ба саҳифаҳои таърих табдил ёфтааст. Онро дар тарозуи ақл бармекашем, меандешем, худро маломат мекунем. Лек ҳайҳот, фиғон мекашем, оҳисард аз дили пурдард мекашем, фарьёд мезанем бар сӯйи даргоҳи худованд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Эй худованди бузург! Маро бубахш, маро, як бандаи оҷизатро, як бандаи оҷизе, ки умр сарфи корҳои беҳуда кардааст, дарахте нашинонидааст, манзиле обод накардааст, кори савоберо иҷро накардааст, аз он барои худ тӯшаи роҳ тайёр накардааст. Он бандае, ки аз вақти аз даст рафта ангушти надомат ба дар мезанад, афсӯс мехӯрад, ба худ мепечад, тарс аз дидори ту дорад, бо вохӯрӣ бо ту омода нест.

Дар чашмонамон ашк халқи мезанад, чашмонамон пуроб мегардад. Чашмонамон пуроб мегардад дар ҳамон вақте, ки кор илоҷ надорад, ҷавонию ғурур надорад, пирию барҷомондагӣ насибаш гардидааст. Боз оҳ мекашем, худро ба ҳар кӯй мезанем, сари худро меқапем. Магар ин хатогии мо ислоҳе дорад? Барои чӣ ба суханони пандомез диққат надодем? Баръакс, онро инкораш намудем, худро одами ботамиз пиндоштем, бехабар аз он, ки мо аз одами ботамиз фарсахҳо дур ҳастем, аз он дар мо нишонае нест. Пас, одами ботамиз кист? Ба саволи худ ҷавоб меҷӯем, ба саволи худ аз ғайб ҷавоб мешунавем. Ҷавобаш таҳаммулнопазир аст, лекин таҳаммулаш мекунем, тоқатнопазир аст, лекин бардошт мекунем, мисли ҳақиқат талх аст, қабулаш мекунем. Зеро гунаҳкорем, гунаҳкорем дар назди худованд, ки шукронаи неъмати ато намудаш накардем, гунаҳкорем дар назди волидайни худ, ки дар пирӣ хизмати онон накардем, қадамҳои ононро нури ба-сар накардем, гунаҳкорем дар назди насли худ, дар назди насли худ, ки баҳрашон фарҳанге мерос намондем то меросаш монанд.

Оҳ, оҳ тақдир чигуна сахт аст, талху нангин аст, бо гузаштаи хубаш сарбаландист, бо гузаштаи бебақои худ нангин аст. Оҳ мекашем, оҳ аз дили пурдард, аз айёми гузашта, аз вақти аз даст рафта…

Калидвожаҳо: иншо, мавзӯи озод, мавзуи озод, мавзуҳои озод, мавзухои озод.

ҚаблӣБунёди сохтмонҳои азим – бунёди рушди кишвар аст
БаъдӣИнсон бародари инсон аст!