Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ

Ташаккули нархи бозори, изофаги ва камчини. Изофаги чист? Камчини чист?


Барои ба таври осон фаҳмидани механизми нархгузории бозорӣ фавран аз мисоли мушаххас оғоз менамоем, ки аллакай ҳангоми омӯхтани бозори дучархаҳо маълумотҳо истифода гардидаанд.

Дар ибтидо дар як ҷадвал ҳамаи иттилоотро оид ба бузургии талабот ва таклифоти дар ин бозор мавҷудбуда ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх якҷоя менамоем.

Ҷадвали 3.7

Нарх

(воҳиди пулӣ)

Бузургии талабот

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

(дона)

Бузургии таклифот

(дона)

Барзиёдии таклифот

нисбат ба талабот (дона)

Намуди вазъи бозор

(И – изофагӣ, К – камчинӣ, М – мувозинат)

3500 0 130 130 И
3000 12 122 110 И
2400 27 108 81 И
2000 38 97 59 И
1650 50 85 35 И
1300 66 70 4 И
1150 60 60 0 М
1000 88 56 –32 К
750 120 42 –78 К

Мо мебинем, ки ҳангоми сатҳи нарх ба 3500 воҳиди пулӣ баробар будан истеҳсолкунандагон метавонанд ба бозор 130 дучарха пешниҳод намоянд, харидорон бошанд, тамоман харид намекунанд (0).

Ин чунин маъно дорад, ки дар ин сатҳи нарх дар бозор ҳолати изофагии таклифот ё ин ки ғункунии барзиёд ба вуҷуд омада метавонад (ин ҳолат бо ҳарфи И – изофагӣ ишора карда мешавад).

Ин ҳолат то он вақте нигоҳ дошта мешавад, ки сатҳи нарх дар ҳудуди якчанд бузургӣ дар доираи 1000–1300 воҳиди пулӣ ба як адад дучарха паст нагардад.

Дар ҳақиқат, маълумотҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми нарх ба 1000 воҳиди пулӣ баробар будан мо дар бозор бевосита ҳолати ба ҳам муқобилро мебинем: бузургии талабот нисбат ба бузургии таклифот зиёд мегардад. Дар натиҷа норасоӣ, камчинии молҳо ба вуҷуд меояд (ин бо ҳарфи К – камчинӣ ишора шудааст).

ИЗОФАГӢ (ҒУНКУНӢ) ҳолатест ки ҳангоми сатҳи нархи  ҷойдошта фурӯшандагон ба фурӯш ҳаҷми бештари молро нисбат ба харидороне, ки бо ин нарх харид карда метавонанд, пешниҳод мекунанд.

КАМЧИНӢ ҳолатест, ки ҳангоми сатҳи нархи мавҷудбуда харидорон метавонанд ҳаҷми бештари молро нисбат ба фурӯшандагоне, ки бо чунин нарх онро ба фурӯш пешниҳод менамоянд, харид намоянд.

Лекин оё дар бозор на изофагӣ ва на камчинии мол ҷой дошта метавонад?

Ба нуқтаи мувофиқатии сатҳи нарх ба 1000 ва 1300 воҳиди пулӣ нигоҳ кунед (онҳо ҳатто махсус бо ҳарфи дигар ҷудо карда шудаанд). Дар доираи нарх 1000–1300 воҳиди пулӣ дар бозор ба як воҳид дучарха баробар будан тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд: яъне изофагии молҳо ба камчинӣ табдил меёбад.

Пас, дар ин доира нархе вуҷуд дорад, ки дар бозор на изофагӣ ва на камчинии мол ба назар мерасад: чӣ қадаре ки мол ба фурӯш пешниҳод карда шавад, ҳамон қадар харид мегардад.

Иқтисодчиён чунин ҳолатро мувозинати бозорӣ меноманд, яъне талабот ва таклифот дар ин маврид гӯё якдигарро баробар менамоянд. Мувофиқан нархе, ки чунин мувозинатро ба вуҷуд меорад, нархи мувозинатӣ ва ҳаҷми молҳое, ки бо ин нархҳо фурӯхтан мумкин аст, мувозинати ҳаҷми фурӯш (ин бо ҳарфи М ишора шудааст) номида мешавад.

ҚаблӣАсосҳои иқтисодиёт (синфи 11) – сарсухан
БаъдӣМеханизми ба амалбарории нархи мувозинатӣ дар бозор