Хат. Мактаб. Риёзи. Хандаса. Ситорашиноси. Тиб. Хат, маориф ва илми Мисри кадим.
Хат
Хатти аввалини мисриёни қадим аз аломатҳои алоҳида иборат буд. Чунин хатро иероглиф меноманд. Иероглифҳо аломатҳоеанд, ки ба воситаи онҳо одамон, ҳайвонот, биноҳо, рустаниҳо, ашё ва ғайра ифода карда мешаванд. Масалан, мисриён одамро бо сурати одамча ва офтобро бо доирачаи хурди байнаш нуқтадор ифода мекарданд. Мисриёни қадим аввал тавассути аломатҳо калимаҳоро ифода мекарданд. Баъдтар аломатҳоеро истифода мебурданд, ки онҳо як ва ё якчанд овозро ифода менамуданд.
Алифбои мисрӣ аввал аз 750 иероглиф иборат буд. Дар шоҳигарии Мисри қадим аломатҳои алифбоии хат таҳия шуданд, ки ҳар кадоми онҳо як овозро ифода мекард. Ин хат 24 ҳарф дошт.
Вале хаттотҳои мисрӣ онро қабул накарданд. Барои онҳо истифодаи хатти иероглифӣ осонтар буд. Барои ҳамин хатти мисриёни қадим мисли пештара бо аломатҳои мураккаби ҳиҷоӣ ва сурату калимаҳо мондан гирифт.
Дар Мисри қадим хатро дар коғазҳои махсусе менавиштанд, ки онҳо аз пӯсти дарахти папирус тайёр карда мешуданд. Аз ҳамин сабаб сарчашмаҳои хаттии мисриёни қадимро «папирус» меноманд. Дарахти папирус дар соҳилҳои дарёи Нил рӯйида, баландиаш то ба панҷ метр мерасад. Агар «варақ»-и папирус барои навиштан камӣ кунад, пас ба поёни он чунин варақҳои дигарро пай дар ҳам ширеш мекарданд. Ҳамин тариқ варақҳои папирусӣ дароз шуда мерафтанд. Як папирус (китоб), ки найчавор печонида мешуд, навори то 45-метраро ташкил мекард.
Мактаб
Ба давлати Мисри қадим амалдорон ва мутахассисони босаводи касбу корашон гуногун лозим буданд. Бинобар ин, дар ин ҷо мактабҳои бачагона кушода мешаванд. Дар чунин мактабҳо фарзандони коҳинон, ҳокимон, ашроф, тоҷирон ва табақаҳои дигари аҳолии Миср таҳсил мекарданд.

Дар мактабҳои Мисри қадим интизоми сахт ҷорӣ буд. Ба хонандагон мегуфтанд: «Бо дасти худ навис, бо чашмони худ хон, бо шахсе маслиҳат кун, ки аз ту зиёдтар медонад, вагарна туро мекӯбанд. Гӯши писарбача дар тахтапушташ аст, вақте ки ӯро мезананд, ба гап гӯш мекунад».
Омӯзгор ёвар ҳам дошт, ки ӯро «одами химча дар даст» меномиданд. Ёвар бо фармони омӯзгор хонандагонеро, ки бетартиб буданд ва ё дар таҳсил танбалӣ мекарданд, ҷазо медод.
Дар натиҷаи ҳафриёт бостоншиносон ашёи хониши талабагони Мисри Қадимро пайдо намудаанд. Талабагони мактабҳои мисрӣ дар тахтача ва папирусҳо менавиштанд. Онҳо дар ин кор аз сиёҳию сиёҳидон ва хома (қалам) истифода мебурданд.
Дар Мисри қадим мактабҳо дарборӣ ва ё аз они муассисаҳои марказии давлат буданд. Дар ин мактабҳо хаттотони амалдори дарбор ва муассисаҳои дигари давлатиро тайёр менамуданд.
Дар Мисри қадим донишгоҳҳои олӣ ҳам вуҷуд доштанд, ки онҳоро «хонаи ҳаёт» меномиданд ва дар ин таълимгоҳҳо хаттотон тайёр карда мешуданд.
Вайронаҳои яке аз чунин донишгоҳҳо дар пойтахти қадимаи фиръавн Эхнатон – шаҳри Ахетатон ёфт шудааст.

Муҳити зисту шароити онвақта истифодаи донишҳои гуногунро, аз қабили кори ҳарбӣ, тиҷорат, ҳаракат дар баҳру хушкӣ, кандани ҷӯйҳо, сохтмони ибодатхонаҳо, мақбараҳо, аҳромҳо, мумиё кардани ҷасади инсон, табобати беморон ва ғайраҳо тақозо мекард. Дар Мисри қадим маҳз бо ҳамин сабабҳо донишҳои илмӣ хеле барвақт ба вуҷуд омадаанд.
Риёзӣ
Ба деҳқони мисрӣ зарур буд донад, ки чӣ қадар ғалла ҷамъоварӣ кардааст, чӣ қадари онро бояд истеъмол намояд, чӣ қадарашро барои захира ҷудо кунад ва чӣ қадарашро барои андоз диҳад. Ба косиб лозим буд бидонад, ки дар тайёр кардани биринҷӣ чӣ қадар ва кадом маъдан ва унсури дигари кимиёиро гудохта, бо ҳам омезиш додан лозим аст. Дар сохтани обанборҳо ба амалдор лозим буд бидонад, ки чанд нафар коргар лозим аст ва сохтмони онро бояд дар чанд рӯз ба анҷом расонад. Хуллас, дар ҳаёти мисриён риёзиёт (математика) ниҳоят зарур шуда монд. Барои ҳамин ҳам ин илм дар Мисри қадим хеле барвақт ба вуҷуд омада, бо тезӣ рушд ёфтааст.

Мисриёни қадим ададҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10… 100000 ва ҳатто адади 1 миллионро ҳам медонистанд ва онҳоро бо аломатҳои махсус ифода менамуданд.
Барои ифода намудани рақами 1000000 сурати писарбачаеро мекашиданд, ки ҳар ду дастони ӯ гӯё аз ҳайрати бузургии ин адад ба боло бардошта шудаанд.
Мисриён аз чор амали риёзӣ хуб истифода бурда метавонистанд, лекин усули иҷрои он ба тарзи имрӯза набуд. Барои зарб задани ададҳо усули зарби пайдарҳамро истифода мебурданд. Масалан, агар 8-ро бо 8 зарб заданӣ мешуданд, пас 6 маротиба пайдарҳам «2» навишта, онҳоро ҳамин тариқ пайдарҳам зарб мезаданд, ки дар натиҷа адади «64» ҳосил мешуд, яъне 2·2·2·2·2·2. Аз ин ҷо: 2·2=4; 4·2=8; 8·2=16; 16·2=32; 32·2=64.
Тақсимро тавассути зарб ҳосил мекарданд. Масалан, барои он ки рақами 91 ба 7 тақсим карда шавад, рақами 7 бо 1, 2, 3, 4 ва ҳоказо зарб зада мешуд, то он вақте ки адади 91 ҳосил шавад. Мисол: 7·1=7; 7·2=14; 7·3=21; 7·4=28; 7·5=35; 7·6=42; 7·7=49; 7·8=56; 7·9=63; 7·10=70; 7·11=77; 7·12=84; 7·13=91.
Мисриёни Қадим аллакай дар бораи алҷабр, алгебра, ки ҳамчун як соҳаи риёзӣ хеле дер ташаккул ёфтааст, баъзе донишҳои сода доштанд. Баробариҳои дорои як адади номаълумро ҳал карда метавонистанд. Адади номаълумро «тӯда» меномиданд. Шояд аз ибораи «тӯдаи ғалла» ба вуҷуд омада бошад.
Ҳандаса
Дар Мисри қадим ҳандаса (геометрия), ки ба илми риёзӣ наздик аст, ба дараҷаи баланд рушд ёфта буд. Ин илм дар кандани ҷӯйҳо, сохтани биноҳо, мақбараҳо ва иншооти дигар ба таври васеъ истифода бурда мешуд.

Сохтмони иншоот ва ғайра бе ёрии донишҳои ҳандасӣ иҷро карда намешуд. Барои ин корҳо донишҳо дар бораи хатҳо, кунҷҳо, доира, ҳаҷм, баландӣ, бар, дарозӣ ва амсоли инҳо лозим мешуданд. Ҳандасадонҳои мисрӣ дар бораи кунҷҳо, росткунҷа, секунҷа, трапетсия ва ғайра донишҳои саҳеҳ доштанд.
Ситорашиносӣ
Кишоварзони мисрӣ аз рӯйи мавқеи ишғолкардаи ситораҳо вақти ба амал омадани мад ва ҷазрро дар дарёи Нил аниқ муайян карда метавонистанд. Онҳо аз рӯйи таҷрибаи бисёрсола исбот намуда буданд, ки ҳангоми мадди дарё ситораҳо дар осмон мавқеи муайянро ишғол мекунад. Мисриён инчунин, аз ситораҳо истифода бурда, шабона чи дар хушкӣ ва чи дар баҳру уқёнусҳо роҳу самти дилхоҳи ҳаракатро дуруст муайян карда метавонистанд.
Мувофиқи тасаввуроти мисриён ҳаракати ҷирмҳои осмониро худоҳо идора мекунанд. Галаситораҳоро дар симои одамон, ҳайвонот ва махлуқҳои хаёлӣ ифода мекарданд.
Дар асоси мушоҳидаҳои дуру дароз мисриёни қадим тақвими худро тартиб доданд. Аз рӯйи ин тақвим як сол аз 12 моҳ, ё ки аз 365 рӯз иборат буд. Тақвими мисриёни қадим дар як сол ҳамагӣ чоряк шабонарӯз хато дошт. Ин хато дар тӯли 1460 сол, ба 365 рӯз, яъне 1 соли дигар баробар аст. Ихтирои соатҳои офтобӣ ва обӣ ба мисриёни қадим тааллуқ дорад.
Тиб
Мисри қадим дар илми тиб хеле пеш рафт. Дар як қатор матнҳои шоҳигарии миёнаи Миср номгӯйи дорунома (нусха)-ҳо барои табобати бемориҳои гуногун дода шудаанд.

Табибони ихтисосманди мисрӣ сохти бадани одамро хуб медонистанд. Бо мақсади пайдо намудани донишҳо дар бораи сохти бадани одам онҳо аз мумиё кардани ҷасади шахси фавтида истифода мебурданд. Ҳамин тариқ, донишҳои аввалини тиббии мисриёни қадим аз сохти бадани одам оғоз ёфта, васеъ шудан мегиранд. Табибони мисрӣ бемориҳои зиёд ва усулҳои табобати онҳоро медонистанд. Дар баъзе матнҳои тибби Мисри қадим усулҳои табобати бемориҳо оварда шудаанд. Табибони онвақтаи Миср онҳоро дар корашон васеъ истифода мебурданд.
Дар бораи пешрав будани тибби Мисри қадим афзорҳои ҷарроҳии аз биринҷӣ сохташуда, ки то замони мо омада расидаанд, шаҳодат медиҳанд. Аз рӯйи ин далелҳо, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар Мисри қадим қисматҳои асосии илми тиб – ташхиси беморӣ (диагностика), тайёр кардани доруворӣ (фармасевтика) ва ду навъи дахолати тиббӣ ба бемор – муолиҷа (терапия) ва ҷарроҳӣ (хирургия) ба вуҷуд омада будаанд. Дар он замон дар Миср ахлоқи табиб низ ташаккул ёфта буд. Мувофиқи ин ахлоқ табибон вазифадор буданд, ки ба мариз дар бораи имконияти табобат ҳақиқатро гӯянд, ҳақиқати мазкур дар се ҷавоб ифода меёфт: 1) ин бемориест, ки ман аз уҳдаи табобати он баромада метавонам; 2) ин бемориест, ки мумкин аст ман аз уҳдаи табобати он баромада тавонам; 3) ин бемориест, ки ман онро табобат карда наметавонам».
Оид ба илми тиб тахассуси табибони дорусоз, бемориҳои занона, кӯдакона, ҷарроҳӣ, касалиҳои чашм ва ғайра мавҷуд будаанд, яъне ҳар як табиб оид ба бемориҳои гуногун ихтисоси худро дошт.
Савол ва супоришҳо
- Сабабҳои дар Мисри қадим пайдо шудани хатро муайян кунед.
- Мисриёни қадим калима ва овозҳоро чӣ тавр ифода мекарданд?
- Чаро хатти мисриёни қадим иероглифӣ номида шудааст?
- Дар бораи коғазҳои папирусӣ маълумот диҳед. Онҳоро аз чӣ ва чӣ тавр тайёр мекарданд?
- Кадом мактабҳои Мисри қадимро медонед? Дар он мактабҳо киҳо мехонданд?
- Мактабҳои мисрӣ кадом мутахассисонро тайёр мекарданд?
- Дар бораи пешрафти илми риёзии Миср маълумот диҳед.
- Дар бораи муваффақиятҳои илми ситорашиносии Мисри қадим мисолҳо биёред.
- Исбот кунед, ки дар Мисри қадим тиб ба дараҷаи баланд рушд карда буд.



















