Аҳамияти ҳалқакирмҳо ва пайдоиши онҳо

Ахамияти халкакирмхо ва пайдоиши онхо.


Ҳалқакирмҳо дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд. Масалан, кирми лойхӯрак дар Замин зиндагӣ карда, хокро мулоим, омехта ва ковок мекунад. Кирми лойхӯрак боқимондаи рустаниҳоро ба лонаи худ оварда, заминро аз моддаҳои пӯсида бой мегардонад.

Дар 1 га замин то 4,5 млн кирми лойхӯрак зиндагӣ карда метавонад. Онҳо дар як шабонарӯз то 250 кг хокро аз рӯдаашон мегузаронанд. Муқаррар карда шудааст, ки дар замине, ки шумораи кирмҳои лойхӯрак дар он зиёд бошад, сабзиши рустаниҳо хубтар шуда, ҳосили баланд ба даст меояд.

Дар аксари кишварҳои дунё кирми лойхуракро барои беҳтар кардани ҳолати меллиоративии замин, коркарди ифлосиҳои дар қубурҳои обгузар мавҷудбуда ва барои тайёр кардани порухок истифода мебаранд. Кирмҳои лойхӯрак хӯроки муҳимми кӯрмуш, хорпушт, қурбоққа, ғук, майна ва дигар ҳайвонҳои заминков мебошанд.

Бисёр намудҳои кирмҳои камқили обҳои ширин, масалан, найчашаклҳо дар лойқаи дарё ва кӯлҳо зиндагонӣ мекунанд. Онҳо хӯроки асосӣ ва муҳимми моҳиҳо мебошанд. Дар тоза кардани об аҳамияти ин кирмҳо хеле калон аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Онҳо лойқаро аз рӯдаи худ гузаронида, онро аз моддаҳои зиёдатии органикӣ тоза мекунанд. Миқдори найчашаклҳо дар кӯлҳо ва ҳавзҳои гирду атрофи маҳаллаҳои калони аҳолинишин хеле зиёд аст. Баъзан дар ин ҷойҳо дар 1м2 сатҳи зери об то 100 ҳазор фарди ин кирмро ёфтан мумкин аст. Тӯдашавии онҳоро дар лойқаи сиёҳтоб, дар соҳили обанборҳо аз рӯйи ранги сурхи баландашон дидан мумкин аст. Найчашаклҳо хӯроки муҳимми моҳиҳои аквариум мебошанд. Онҳоро аз лойқа бо ҳамроҳии кирм гирифта, дар элакҳо ё дока мешӯянд.

Нереида ва дигар кирмҳои баҳрӣ хӯроки муҳими моҳиҳо, харчанг ва дигар ҳайвонҳои обӣ мебошанд. Ба ҳамин мақсад, бори нахуст дар Русия нереидаи аз баҳри Азов гирифтаро дар баҳри Каспий ҳамчун хӯроки моҳиҳои саноатӣ парвариш кардаанд, ки ин таҷрибаи аввалин дар ҷаҳон мебошад. Бо нақлиёти махсус даҳҳо ҳазор нереида аз баҳри Азов ба баҳри Каспий оварда шуд. Ҳоло вазни умумии ин кирмҳо дар баҳри Каспий ба миллионҳо тонна мерасад.

Шуллуки тиббиро дар тибби халқӣ барои мулоиҷаи касалиҳои фишори баланди хун ва атеросклероз истифода мебурданд. Шуллукҳо низ хӯроки моҳиҳо мебошанд.


Пайдоиши халкакирмхо

Пайдоиши ҳалқакирмҳо. Далелҳои илмӣ исбот карда- анд, ки халқакирмҳо аз паҳнкирмҳои қадима пайдо шудаанд. Гувоҳи ин монанд будани кирминаи ҳалқакирмҳои баҳрӣ ба планарияҳои паҳнкирмҳо мебошад.

Дар бадани ин кирмҳо мижгон мавҷуд аст. Узви ихроҷашон найчаи шохронда буда, аз ҳуҷайраҳои ситорамонанди мижгонакдор ибтидо мегирад. Системаи асаби кирминаашон ба системаи асаби планария монанд аст. Дар байни синфҳои ҳалқакирмҳо қадимтаринаш синфи серқилҳо мебошад, ҳарчанд сохташон нисбат ба камқилҳо мураккабтар аст. Дар камқилҳо дӯнгичаҳои паҳлуи бадан ва чашмҳо мавҷуд нестанд. Сода шудани сохти камқилҳо ба шакли зиндагонии онҳо дар зери хок вобаста аст.


Хулоса

  1. Ҳалқакирмҳо, баръакси паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо, ба кирмҳои дараҷаи олӣ дохил шуда, дар онҳо як қатор узвҳои нав ба вуҷуд омадаанд.
  2. Аввалин бор дар ҳалқакирмҳо системаи гардиши хун пайдо шудааст.
  3. Системаи асабашон нисбат ба дигар кирмҳо мураккабтар шудааст.
  4. Ҳалқакирмҳо дар обҳои баҳр, обҳои ширин, хокҳои нам зиндагӣ мекунанд.
  5. Ҳалқакирмҳо аз паҳнкирмҳои озодона зиндагӣ мекардаи қадима пайдо шудаанд.

Саволҳо

  1. Кадом синфҳои ҳалқакирмҳоро медонед ва онҳо бо кадом аломатҳояшон аз якдигар тафовут доранд?
  2. Ҳалқакирмҳо аз кадом ҳайвон пайдо шудаанд ва инро чӣ тавр исбот кардан мумкин аст?
  3. Аҳамияти ҳалқакирмҳо дар табиат ва ҳаёти инсон дар чист?
  4. Дар бораи шуллукҳо чӣ медонед?
  5. Системаи асаби ҳалқакирмҳо аз системаи асаби паҳнкирмҳо чӣ фарқ дорад?
ҚаблӣСинфи шуллукхо (зуллукхо)
БаъдӣЧаро бояд забони англисиро омӯхт?