Бачагиям бекасу танҳо гузашт (шеър)

даврахои кудаки

Бачагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.

Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Бачагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.

Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То биафтад моҳии тилло ба шаст,
Бачагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.

Ханда мекардам ба сӯйи шаршара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара,
Бачагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бачагӣ – гулгуни зарринёли ман,
Бачагӣ – гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт…

Лоиқ Шералӣ

Шеър дар васфи ДЕҲҚОН


Бачагиям бекасу танхо гузашт текст шеър даврахои кудаки шеър.

ҚаблӣОптималикунонии (муътадилгардонии) системаи педагогӣ
БаъдӣРубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб