Рубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб

Якчанд рубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб меорем. Рубоиёти мазкур аз гурӯҳи Шоҳбайт дар фейсбук бознашр мешаванд.

Мо хурду бузург ҷумлагӣ устодем,
Устод зи тоқи осмон уфтодем.
То нима лабе ба гуфтугӯ бикшодем,
Пири хирадему соҳиби иршодем.

Сад нохуни андеша ҳамефарсояд,
То як гираҳ аз румузи ту бикшояд.
Ойина муқобили ту ҳайрон монда,
То бар ту кадом рӯйи ту бинмояд.

Имсол тамом соли Мавлоно буд,
Дар ҳар даҳане мақоли Мавлоно буд.
Дидем ба таҳқиқ чу дар дафтари хеш
Ашъори ману ту моли Мавлоно буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чун аз фалаки каломи Мавло нигарӣ,
Ҳамвор бувад мулки сухан сарбасарӣ.
Гирам, ба сутурлоб агар ҳам сипарӣ,
Фарқе накунад бурҷи яке аз дигарӣ.

Меҳан нафасе агар туро гум кардам,
Парҳез зи обу хоки мардум кардам.
Дар роҳи ту бигзашта зи дарёи муҳит,
Чун кабк ба хоки ту таяммум кардам.

Ин як ба ҳақиқат бинависам, на маҷоз,
Ғурбат буду шаб буду ману шамъу гудоз.
Ашке, ки ба пои шамъ резон мешуд,
Чун нақшаи хоки Тоҷикистон мешуд.

Ҳошо, ки пайи баҳои худ гиря кунем,
Бар арзиши ҳарзаҳои худ гиря кунем.
Дар сӯги дусад шаҳид як кас нагирист,
Мо зиндаву аз барои худ гиря кунем?

Эй дӯст, хуш омадӣ ба кайҳони сухан,
То арш бувад арсаи ҷавлони сухан.
Гар даст диҳад ба дасти худ овезам,
Бар гардани ту шаддаи марҷони сухан.

Аз шеър ҳазору анд дафтар дорем,
В-он шеър, ки дорем, ҳама тар дорем.
Айб аст, агар ба хушксоли илҳом
Аз мазраъи ғайр хушае бардорем.

Гоҳе ба миёни дафтарам гул монӣ,
Гаҳ тораи мушкбӯй сунбул монӣ.
Ин дафтари мо зи пораҳои дили мост,
Эй кош ту низ порае дил монӣ.

Ҳар чанд сари ту мушти ҳар кал хӯрдаст,
В-он чеҳраи ту силии ҳайкал хӯрдаст,
Ойинаи рушан аст пешонии ту,
Аз баски ба хоки ишқ сайқал хӯрдаст.

Ин шӯру ғурури ту зи ҷои дигар аст,
Ин боди бурутат аз ҳавои дигар аст.
Бебок дили халқи худоро машикан,
Ё пиндорӣ туро худои дигар аст?

Ё Раб, сухане, ки дар тавонам набувад,
Онгуна бикун, ки дар забонам набувад.
Он нӯш мадеҳ, ки бар зиёнам бошад,
Он неш бидеҳ, ки дар зиёнам набувад.

Қалби ману қалби шабу қалби Қуръон,
Дар панҷа гирифта қалби бемори замон.
Мегӯяму мехурӯшаму мезорам:
Ё Шофиву ё Карим, ё Раб, дармон!

Афсӯс, ки паймуда шуд он паймона,
Ин дурд зи бедардӣ нашуд дурдона.
Ку шамъ, ки дар хилвати Ҳофиз месӯхт,
Моему чароғҳои бепарвона.

Одам зи нахуст олими асмо буд,
Шак нест, Абулбашар зи мо доно буд.
Фарҳанг ҳазору милиёнсола наяст,
Ин гавҳари пок аз азал бо мо буд.

Хун мечакад аз ниҳоли сархункарда,
Хун мечакад аз дутори нохункарда.
Маъзур, ба рӯзи ид агар хун накунем,
То субҳи қиёмат ин ватан хун карда.

То чанд ту шӯру моҷаро мехоҳӣ,
Ҳақ мехоҳӣ? Чӣ нораво мехоҳӣ!
Эй бехабар, андар ин чарогоҳи хаёл
Аз «чун?» бигузар агар чаро мехоҳӣ.

Ойинаи ҷон зи баски зангорӣ шуд,
Аз дуди нафас субҳ шаби торӣ шуд.
То пеш омад як чарогоҳи фарох,
Шабдези ману ту гови парворӣ шуд.

Эй маст шароби ҳушёрон нахӯрӣ,
В-ин машки сиришки сӯгворон нахӯрӣ.
То мисли садаф машқи хамӯшӣ накунӣ,
Зинҳор, ки ин қатраи борон нахӯрӣ.

Як ахтари тобандаи пурсӯзу гудоз
Бибрида зи хайли ахтарон аз сари ноз,
Дар синаи мо нишасту дил ном гирифт,
Имрӯз хиёли осмон дорад боз.

Сад шукр, ки чашми имтиҳон дорам ман,
Мизон ба фарохури дукон дорам ман,
В-ар теғи забоне ба даҳон дорам ман,
Аз санги дили касон фасон дорам ман.

Аз санги хамӯши мо шарар мебезанд,
Аз реги дурушти мо гуҳар мебезанд.
З-ин хок, ки мо бар сари ҳам мебезем,
Бингар, ки дигарҳо ҳама зар мебезанд.

Эй дил, ту бикӯш дар вафои дигарон,
Аз хеш бурун бишав барои дигарон,
Дасти дигарон бигир, к-охир биравӣ
То бар лаби гӯри худ ба пои дигарон.

Хуррамдилу тандуруст мебояд зист,
Чун оҳӯи ваҳшӣ чуст мебояд зист.
Гирам, ки дилат зи зиндагонӣ бинирифт,
Эй дӯст, барои Дӯст мебояд зист.

Хайём, баҳори ту гулафшон бодо,
Шеъри тари ту шароби риндон бодо.
То чархи фалак ба коми мо мегардад,
Ҷоми ту ба даври даҳр гардон бодо.

Хайём, ба ҳар замона поянда туӣ,
Чун рӯди равон ба раҳ физоянда туӣ.
Аз гардиши айём заволат нарасад,
Имрӯз ту, дирӯз ту, оянда туӣ.

Он ҷо, ки салоҳ нотавонӣ бошад,
Афсонаи бехудӣ «ҷаҳонӣ» бошад.
Зинҳор, забони тоҷикон давлатӣ нест,
То давлати тоҷикон забонӣ бошад.

Аз худ хабарам нест, маро ном мапурс,
Оғоз хуш омадаст, анҷом мапурс.
Роҳест ба умр, фурсате чун нафасе,
Лаб бар лаби хум ниҳодам, аз ҷом мапурс.

То чанд ҷафои ёру ағёр кашем?
То чанд зи рост гуфтан озор кашем?
Ин гуна, ки ҷурми мо бузург асту баланд,
Худро ба таноби каҳкашон дор кашем?

Имшаб, ки дилам дарун-дарун мегиряд,
Ҷонам зи ҳазор рахна хун мегиряд.
Як қатраи ашкро ба дунё надиҳад,
Девона, ки аз завқи ҷунун мегиряд.

Тоҷик (шеъри Рустами Ваҳҳоб)

ҚаблӣБачагиям бекасу танҳо гузашт (шеър)
БаъдӣСуруди умумиҷаҳонии кӯдакон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед