Бадахшон баъд аз инқилоби февралии (соли 1917) Русия

Ба амал омадани дигаргуниҳо дар идоракунии Бадахшон. 3 апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳии Русия то ба Бадахшон ҳам расид. То ин лаҳза қисми ғарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуғнону Рӯшон аз ҷиҳати идоракунӣ расман дар ҳайати аморати Бухоро бошад ҳам, вале амалан, чун қисми Шарқӣ дар ихтиёри отряди Помирии Русия буд, ки он дар як вақт чӣ сарҳади байни Бадахшону Афғонистон ва чӣ оромии Бадахшонро назорат мекард. Бинобар ин вазъи сиёсии Бадахшон асосан аз мавқеи афсарон ва аскарони ин отряд сахт вобастагӣ дошт.

Афсарон ва аскарони отряди Помир хабари барҳамхӯрии тартиботи подшоҳии Русияро хуш қабул намуданд. Дар худи ҳамон моҳ бо сарварии П. Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шӯрои намояндагии аскаронро мебозид. Аммо ҳамон лаҳза аз сабаби камшумории қисмҳо ва аскарон, дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин Шӯро ғайриимкон буд.

Дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиқ амалдори подшоҳӣ Белов Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт. Ӯ дар як вақт сардори отряди Помирӣ ва комиссари граждании Ҳукумати Муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди Помир фаъолона иштирок намуданд. Бо ҳамин сабаб дар Бадахшон мавҷудияти дуҳокимиятӣ чандон эҳсос намешуд.

Аз ихтиёри идоракунии амирии Бухоро ба Ҳукумати Муваққатии Русия гузаштани қисми ғарбии Бадахшон. Баъд аз инқилоби февралии (соли 1917) Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар байни амалдорони Ҳукумати Муваққатӣ ва ҳукумати амирии Бухоро мавзӯи баҳс гардид. Зеро, то моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро – бек низ ба тарзи расмӣ фаъолият мекард, гарчанде ҳокимият, чуноне дар боло қайд кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Инак, моҳи апрел он намояндаи амир – Мирзо Касири мироҳӯр, ки чун беки Шуғнон ном бурда мешуд, вафот кард. Баъди ин воқеа, 8 майи соли 1917 Кумитаи иҷроияи волости Шуғнон қарор кард, ки “Помири Ғарбӣ ба усули худидоракунӣ мегузарад”. Ҳатто бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ дар асоси принсипҳои идоракунии кишвар “Низомномаи муваққатӣ оид ба  идоракунии ноҳияҳои Помир” –ро тартиб доданд. Дар асоси ин ҳуҷҷат идоракунии шаҳрвандии ноҳия ба ӯҳдаи Комиссари ноҳиявии Помир, ки аз тарафи Ҳукумати Муваққатии Русия таъин мегардид, мегузашт. Аввалин комиссари граждании ноҳияи Бадахшон ва раиси кумитаи ноҳия шарқшинос И.И.Зарубин (минбаъд олими номӣ, профессор, доктори илми филологӣ) интихоб гардида буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чунин тағйиротҳои ҷиддӣ дар усули идоракунӣ, махсусан пурра ба ҳайати Русия дохил гардидани Бадахшонро рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, бо сарварии Азизхон хуш қабул накарданд. Онҳо тарафдори дар ҳайати аморати Бухоро мондани Бадахшон буданд ва аз амир хоҳиш намуданд, ки ба ҷои беки вафоткарда шахси дигарро таъин кунад. Инак моҳи майи ҳамон сол ба Бадахшон беки навро фиристоданд. Вале ӯ то ҷои муайаншуда-Шуғнон (ҷои бекнишини бекигарии Шуғнону Рӯшон) расида натавонист. Зеро дар роҳ ба вай аз тарафи кумитаи иҷроияи Рӯшон мамониат нишон дода шуд.

29 октябри соли 1917 маҷлиси якҷояи намояндагони Кумиҷроияи волости Шуғнон, кумитаи аскарони отряди Помир, бо иштироки комиссари ноҳиявӣ Зарубин ва сарвари нави отряди Помир подполковник Фенин барпо гардид. Дар он қарор шуд, ки Азизхон ба Сарикӯл, ба зери назорати сарвари пости Тошқӯрғон фиристода шавад.

Ҳамин тавр, кӯшишҳои ҷиддии рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, барои дар зери ҳукуматдории амирии Бухоро нигоҳ доштани ватанашон, барбод рафт. Бадахшон минбаъд чун қисми таркибии Русия монд ва аз тарафи намояндагии ҳукумати он идора мегардид. Аз ҷиҳати идоракунии шаҳрвандӣ Бадахшон тобеи вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафт.


Калидожаҳо: таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, инкилоб, Бадахшон баъд аз инкилоби февралии (соли 1917) Русия.

ҚаблӣҒалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917) дар Русия ва натиҷаҳои он барои мардуми кишвари Туркистон
БаъдӣТаъсири сарнагун намудани ҳукумати подшоҳии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён