Дузди боинсоф (ҳодисаҳои ҳақиқӣ)

Маълумои дар бораи якчанд ҳодисаи дуздӣ меорем, ки метавон дуздони ин гуна ҳодисаҳор дуздони бинсоф номид.

1. Дузде, ки ноутбуки профессори Донишгоҳи Umeа (Шведсия) – ро дуздида буд, ҳамаи маводи дохили онро ба соҳибаш баргардонд. Вақте профессор аз гум шудани ноутбуки худ дарак ёфт, аз ҳуш рафт, зеро дар он заҳмати 10 – солаи ӯ сабт гардида буд. Дузд пас аз чанд вақт ба профессор флэшкаеро баргардонд, ки дар он ҳамаи маводи ноутбук мавҷуд буд.

2. Ба яке аз хонаҳои Саксонияи Поёнӣ ғоратгари яроқдор зада даромад. Вақте ӯ ба мураббӣ, ки кӯдакони ин хонаро тарбия мекард, таҳдид намуд, як кӯдаки 7 – сола тамоми пасандозҳои дар хона бударо оварда ба ғоратгар медиҳад, то мураббиашро озор надиҳад. Ғоратгар аз ин амали кӯдак чунон мутаассир гардид, ки ягон танга ҳам нагирифта, аз хона баромада рафт.

3. Шаҳрванди Бразилия, ки автомобилеро рабуда буд, онро ба соҳибаш баргардонд. Телефони соҳиби автомобил дар дохили он будааст ва соҳиби автомобил ба воситаи он бо дузд дар тамос шуда мефаҳмонад, ки айни ҳол дучори буҳрони сахти молиявӣ мебошад ва аз дузд хоҳиш кард, ки мошинашро баргардонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ихтироъ ва кашфиётҳои аввалин

ҚаблӣЧӣ дар куҷо пайдо шудааст? (Ватани ангур, шафтолу, зардолу, тут …)
БаъдӣХасистарин одами дунё

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед