Сураткашии маҳал

1.Воситаҳои сураткашии маҳал. Сурати маҳалро бо воситаҳои гуногун гирифтан мумкин аст. Аммо он суратҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Суратҳои маҳалле, ки аз ҳавопаймо (самолёт) ва радифҳои маснӯи Замин гирифта шудаанд, объектҳои он маҳалро бевосита акс мекунанд. Дар суратҳое, ки дар Замин бо асбобҳо гирифта шудаанд, объектҳои маҳал бо аломатҳои шартӣ ифода карда мешаванд. Ҳангоми сураткашӣ дар Замин масофаро бо воситаи чашм муайян мекунанд. Аз ҳамин сабаб ин гуна суратгириро сураткашии назардид меноманд. Он бо ду усул гирифта мешавад: қутбӣ ва маршрутӣ (роҳпаймоӣ).

2.Тайёрӣ ба сураткашии маҳал. Барои нақшаи кашидани маҳалро кашидан воситаҳои зерин заруранд: планшет, қутбнамо, транспортир, чентасма, ҷадвали манзура, қалам, хаткӯркунак, сепояи суфачадор, паргор ва сӯзан. Баъди тайёр кардани воситаҳо планшетро барои суратгирии маҳал омода месозем. Бо ин мақсад фанер ва ё картони андозааш 40 ба 40 ё 50 ба 50-ро гирифта, дар сатҳи он коғази сафедро васл мекунем. Дар гӯшаи чапи он қутбнаморо чунон мегузорем, ки ақрабаки он самтҳои шимол ва ҷанубро нишон диҳад. Ба равиши самти ақрабаки қутбнамо аз тарафи чапи коғаз хат мекашем, ки он ба мисли ақрабаки қутбнамо самти шимол (Шим) ва ҷануб (Ҷ)-ро ишора менамояд. Пас аз иҷрои ин амал ба маҳалле, ки сураткашӣ мешавад, шинос шуда, миқёси сураткаширо муайян мекунем. Миқёсро чунин интихоб мекунем, ки маҳалли аксшаванда дар коғази васлшуда пурра ҷой гирифта тавонад (расми 15).

15.Ченкунии баландӣ бо ёрии нивелир

Сипас планшетро ба нақшагирии назардид омода месозем. Барои ин амалро иҷро кардан аввал нуқтаи ибтидоии сураткашии назардидро муайян намуда, сепояро барҷо карда, дар болои тахтачаи он планшетро гузошта, онро ба тарафҳои уфуқ мувофиқ мекунем. Яъне то он даме, ки ақрабаки қутбнамо ва хати дар тарафи чапи планшет кашида як хел самти шимол (Шим) ва ҷануб (Ҷ)-ро нишон диҳад. Баъд аз ин дар рӯйи коғази дар планшет мустаҳкам кардашуда нуқтаи ҷойи истро муайян карда, ба он ҷо сӯзан халонда, сураткашии маҳалро ба воситаи ҷадвали манзура оғоз менамоем.

3.Сураткашии қутбӣ. Барои бо ин усул гирифтани сурати маҳал, пеш аз ҳама, дар маркази маҳал нуқтаеро интихоб мекунем, ки аз он ҷо тамоми объектҳои маҳал ба назар хуб намоён бошад.

Ин нуқтаро қутб мегӯянд. Баъд сепояро, ки дар он планшет гузошта шудааст, дар нуқтаи қутб гузошта, онро ба воситаи қутбнамо ба тарафҳои уфуқ мувофиқ карда, ба сураткашии маҳал омода мешавем. Баъди ба кор омода сохтани планшет дар маркази он (қутб) сӯзан халонда, ба тарафи   рости он ҷадвали манзураро гузошта, ба воситаи он объектҳое, ки ба нақша гирифта мешаванд, бо навбат нигоҳ карда, бо қалам дар маркази қутб хат мекашем (расми 16).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
16.Суратгирии қутбӣ (А) ва роҳпаймоӣ (Б)

Баъд аз ин масофаи байни қутб ва нуқтаҳоро бо паргор чен карда, мувофиқи миқёси интихоб карда масофаи ҳар як нуқтаро бо миқёс мегузорем. Объектҳоро ба ҷойи нуқтаҳо бо аломатҳои шартии ба онҳо монанд ифода мекунем. Чунин сураткашии назардидро сураткашии қутбӣ меноманд.

4.Сураткашии маршрутӣ (роҳпаймоӣ). Ин одитарин усули ба сурат гирифтани маҳал мебошад. Ин усул аз усули сураткашии қутбӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳама амалҳои он дар рафти сафар иҷро карда мешаванд. Барои ин, пеш аз ба саёҳат баромадан, нуқтаи ибтидоии саёҳатро муайян карда, планшетро бо ёрии қутбнамо ба тарафи уфуқ мувофиқ менамоем. Дар ин сурат ақрабаки қутбнамо ва тирчае, ки дар тарафи чапи планшет кашида шудааст, бояд самти шимол (Шим) ва ҷанубро (Ҷ) нишон диҳад.

Баъди ин корро ба сомон расонидан объектҳои дар атрофи нуқтаи ибтидои саёҳат воқеъбударо бо аломатҳои шартӣ тасвир мекунем. Сипас аз нуқтаи ибтидоӣ ба воситаи ҷадвали манзура самти нуқтаи ояндаи ҳаракатро муайян намуда, онро бо доирача ифода мекунем. Баъд ба нуқтаи оянда омада, масофаи байни нуқтаи ибтидо ва ояндаро бо миқёси хаттӣ дар планшет қайд мекунем. Объектҳои атрофи нуқтаи ояндаро низ дар планшет бо аломатхои шартӣ ишора мекунем. Ин амалҳоро ҳангоми аз як нуқта ба дигар нуқтаи самти маршрут гузаштан мунтазам такрор мекунем. Баъди ба охир расидани сураткашӣ онро тозанавис мекунем. Навиштаҷот ва аломатҳои шартии дар планшет бо қалам навиштаро тоза карда, онҳоро бо туш менависем. Ҳангоми тозанавис кардан бояд ба он дикқат дод, ки аломатҳои шартӣ мувофиқи аломатҳои топографие, ки дар атласи синфи 6 кашида шудаанд, тасвир ёбанд. Дар қисми поёни сурати маҳал миқёси онро менависанд. Сарлавҳаи суратро аз ҳошия берун, дар боло ё поёни он сабт менамоянд.


Сураткашии махал, Сураткашии кутби

ҚаблӣБаландии нисбӣ ва мутлақ
БаъдӣЗамин: шакл ва бузургии он