Қоидаҳои муошират бо дигарон (барои наврасон)

Коидахои муошират бо дигарон (барои наврасон)


1. Ба муаллимон, волидон ва ҳамсолони худ салом додан ва хайрухуш карданро фаромӯш накун.

2 .Хоҳиши худро равшану фаҳмо изҳор намо.

3 .Барои ёрию дастгирӣ ташаккур гуфтанро аз хотир набарор.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

4 .Ба пурсишҳои калонсолон пурра ҷавоб бидеҳ.

5 .Ба калонсолону ҳамсолон таваҷҷуҳ ва дилсӯзӣ бикун.

6. Бо дағалию дуруштӣ ва хасисӣ муросокор мабош.

7. Ба шахсони аз худат калон Шумо гуфта муроҷиат карданро ёд гир.

8. Ба калонсолон ҷой бидеҳ, меҳмони ба хона омадаро ба нишастан даъват намо.

9. Ба гуфтугӯи калонсолон ҳамроҳ нашав.

10. Ҳамеша ҳақгӯй, накӯкор, ғамхор ва поквиҷдон бош.