Хазми хурок дар меъда. Шираи меъда. Танзими асабии ширачудокунии меъда. Танзими хуморалии ихрочи шираи меъда.
Шираи меъда
Хӯрок аз сурхрӯда ба меъда меравад. Ғунҷоиши меъдаи одами калонсол тахминан 1,5 литр мебошад.
Ғадудҳои сершумори луобпардаи меъда барои ковокии он шира ҷудо мекунанд. Шираи меъдаи одам моеи беранг буда, дар таркибаш ферментҳо ва каме кислотаи ҳидрогенхлорид дорад. Луоб деворҳои меъдаро аз осебҳои механикӣ муҳофизат мекунад. Кислотаи ҳидрогенхлорид бактерияҳоро маҳв карда, ферментҳоро фаъол мегардонад.
Як таҷрибаи осон имконият медиҳад, ки таъсири шираи меъда ба сафедаҳо санҷида шавад. Ба найчаи шишагӣ каме шираи табиии меъдаро рехта ба он каме сафедаи тухми нимҷӯшонида илова мекунанд. Баъд найчаро тахминан ним соат дар ҳарорати 38-39°С нигоҳ медоранд. Пораҳои сафеда тадриҷан об шуда тамоман ҳал мегарданд. Ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, танҳо дар шароити ҳарорати бадан ва муҳити турш таъсир карда метавонанд.
Шираи меъда, инчунин ферментҳое дорад, ки равған (масалан, равғани шир)-ро таҷзия мекунад.
Танзими асабии шираҷудокунии меъда
Шираи меъда ҳам мисли оби даҳон ба таври рефлексӣ хориҷ мешавад.
Дар натиҷаи бо хӯрок пайваст шудани ретсепторҳои ковокии даҳон ва меъда рефлекси ихроҷи шира ба вуҷуд меояд. Аз ин ретсепторҳо импулсҳо ба мағзи дарозрӯя мегузаранд. Онҳо аз он тавассути асаби гумроҳ ва ғадудҳои меъда равон шуда, боиси зиёд ҷудо шудани шираи меъда мегарданд. Шираи меъда на танҳо ҳангоми ба ковокии даҳон ва меъда дохил шудани хӯрок, балки дар вақти дидан ва бӯй кардани хӯрок ҳам ҷудо мешавад. Ин барои ҳазми хӯрок муҳим аст: хӯрок ба меъда ҳангоми дар он мавҷуд будани шира медарояд, ки он зуд ба таҷзияи моддаҳои ғизоӣ сар мекунад. И. П. Павлов шираи аз дидан ва бӯй кардани хӯрок ҷудошавандаро шираи ба ваҷдорӣ ва иштиҳо номидааст.
Гуногунии хӯрок, ҳар хел газаку дорувории таом (масалан, нуқл, салат, чизҳои намакин), ба хӯрок илова кардани каме қаламфур, мурч иштиҳоро меорад. Ба тартиб гузоштани зарфҳо, ороиши ҷозибаноки дастархон ҳанӯз пеш аз оғози гузоштани ғизо низ иштиҳоро меорад. Ғавғо, суҳбати ғайр, хондани чизе ҳангоми хӯрок ҷараёни ҳазми хӯрокро бад мекунад ва иштиҳоро мебандад.
Агар ба меъда муддати дароз хӯрок наравад, мушакҳояш бошиддат кашиш мехӯранд. Ин боиси ҳиссиёти ногувор шуда, одам гуруснагиро ҳис мекунад. Дар ин ҳолат аз меъда ба мағзи сар импулсҳои асаб мераванд. Одам кӯшиш мекунад, ки ҳар чи зудтар ҳиссиёти гуруснагиашро барҳам диҳад.
Хӯрокхӯрии бонизом шарти муҳимми ҳазми муътадил мебошад. Хабари сершавӣ, ки дар бораи аз хӯрок пур шудани меъда гувоҳӣ медиҳад, ба мағзи сар тахминан 20 дақиқа дертар мерасад. Бинобар ин, одамоне, ки саросемавор хӯрок мехӯранд, ба пурхӯрӣ гирифтор мешаванд. Илова бар ин, шираи ҳозима миқдори аз ҳад зиёди хӯрокро ҳазм карда наметавонад. Аз ин рӯ, рӯзе чанд маротиба оҳиста ва кам-кам хӯрок хӯрдан лозим аст. Рӯзе чор маротиба хӯрок хӯрдан беҳтар аст. Миқдори наҳорӣ бояд тахминан 25 фоиз, хӯроки нисфирӯзӣ қариб 50 фоиз, хӯроки аср 15 фоиз, хӯроки шом 10 фоиз тамоми меъёри хӯроки якрӯза бошад.
Танзими ҳуморалии ихроҷи шираи меъда
Дар меъда хӯрок 4-8 соат мемонад. Дар тамоми ин муддат ғадудҳои меъда шира ҷудо мекунанд. Тарашшуҳи шираи меъда бо таъсири моддаҳои фаъоли биологӣ, ки дар луобпардаи меъда ба вуҷуд меояд, давом мекунад. Ин моддаҳо ба хун ҷаббида шуда, ғадудҳои меъдаро фаъол мегардонанд. Гӯшт, моҳӣ ва сабзавоти обпаз дорои моддаҳои тайёри фаъоли биологӣ буда, сабабгори ҳосил ва ҷудошавии шираи ғадудҳои меъда мебошанд.
Дониши худро санҷед:
- Ба таркиби шираи меъда чӣ дохил мешавад ва он дар куҷо ҳосил мегардад?
- Кадом моддаҳо дар меъда таҷзия мешаванд?
- Дар кадом шароит ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, таъсир мерасонанд?
- Ҷудошавии рефлектории шираи меъда чӣ тавр ба амал меояд? 5 Меъёри дурусти хӯрок, ороиши ҷозибаноки дастархон барои дар меъда ҳазм шудани хӯрок чӣ аҳамият доранд?
- Танзими ҳуморалии дар меъда ҳазм шудани хӯрок чӣ хел ба амал меояд?
















