Исм ва аломатҳои морфологӣ (сарфӣ)-и он (Исм чист?)

Исм ва аломатхои морфологи (сарфи)-и он  – Исм чист?


Исм ҳиссаи нутқест, ки номи предмету ҳодисаҳоро ифода карда, ба саволҳои кӣ? (киҳо?), чӣ? (чиҳо?) ҷавоб мешавад: чӯб, даст, подабон, барқ, ақл, дониш, истироҳат, Душанбе, сухан, шиноварӣ, деҳқон.

Исм бо аломатҳои морфологӣ (сарфӣ)-яш аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунад. Шумора (хона, хонаҳо), соҳибият (хонаам)  ва номуайянӣ (хонае) аломатҳои морфологии исм мебошанд.

Исм калимаи арабӣ буда, маънояш ном аст.


Машқи 1. Байтҳоро қироат кунед ва мазмунашонро шарҳ диҳед. Калимаҳои ба саволҳои кӣ?, киҳо? ва чӣ?, чиҳо? ҷавобшударо ба ду сутун нависед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бародар он бувад, ки рӯзи сахтӣ,
Туро ёрӣ кунад дар тангбахтӣ.
Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.

Гурги даранда гарчи куштанӣ аст,
Беҳтар аз мардуми ситамгор аст.
Аз бади гург растан осон аст,
В-аз ситамгор сахт душвор аст.

Носири Хусрав


Машқи 2. Матнро хонед ва исмҳоро ёбед.

Луғат калима аст. Дар забони тоҷикӣ зиёда аз сад ҳазор калима ҳаст. Ҳамаи калимаҳоро таркиби луғавии забон ва ё лексика мегӯянд. Кас ҳар қадар ки бисёр луғат (калима) донад, ҳамон қадар равшану аниқ сухан карда, китобу асарҳо ва сухани дигаронро ҳам хуб мефаҳмад. Барои олиму доно шудан луғатдон шудан лозим аст. Шарҳу маъноҳои гуногуни калимаҳо дар фарҳангҳо –китобҳои луғат дода мешаванд.

Аз фарҳанг шумо метавонед муайян кунед, ки калимаи истеъмол мекардагиатон мақсадатонро айнан ифода мекунад ё не. Масалан, ба шумо лозим меояд, ки дар бораи ду рафиқатон Аҳмаду Самад гап занед. Аммо намедонед, ки кадомашро нарм ва кадомашро ҳалим гӯед. «Фарҳанги забони тоҷикӣ» -ро гирифта мехонед, ки нарм – мулоимтабиату гапдаро ва ҳалим илова ба хушхулқу мулоим будан бурдбор, яъне босабру тоқат ҳам будааст. Ана, акнун метавонед Самадро, ки назар ба Аҳмад пуртоқаттар аст, ҳалим ва Аҳмадро нарм гӯед.

Ҳамин тавр, калимаҳои ҳангоми хондан ва ё шунидан нафаҳмидаатонро аз фарҳанг пайдо карда метавонед.


Савол ва супориш

  1. Ба матн номи мувофиқ гузоред.
  2. Дар матн муродифҳо вомехӯранд?
ҚаблӣМорфология (сарф) ва имло. Маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ
БаъдӣВазифаи исм дар ҷумла