Шеър дар васфи Тоҷикобод

Шеърхо дар бораи Точикобод, Якчанд шеър дар васфи Тоҷикобод оварда мешавад. Шеърхо дар бораи нохияи Точикобод >>

таджикабад тоҷикобод точикобод нохияи точикобод

Бо зар навишта бодо!

Ҳар гаҳ, ки мешавам ман меҳмони Тоҷикобод,
Аз пеш мебарояд мизбони Тоҷикобод
Чун роҳи сабзу хуррам бар чош медиҳад гул,
Чун боғ мекушояд сархони Тоҷикобод.
Раззоқтар надидам аз мардуми шарифаш,
Бомаззатар надидам аз нони Тоҷикобод.
Дарвозаҳои мардум ба рӯйи дӯст бозанд,
Кас аз азал надидаст дарбони Тоҷикобод.
Ҳар фарди Тоҷикобод дар сидқ беназир аст,
З-ин рӯй бешуморанд, ёрони Тоҷикобод.
Аз марзи Фатҳобод то остони Нӯшор,
Сабзанд сафҳаҳои дастони Тоҷикобод.
Тоҷики Тоҷикобод саркору заршинос аст,
Бо зар навишта бодо девони Тоҷикобод.

Меҳмон Бахтӣ


Сафои Тоҷикобод

Бизан мутриб навои Тоҷикобод,
Бирақсам бо ҳавои Тоҷикобод.
Саро, хунёгаро, то бишнавад дил,
Суруди ошнои Тоҷикобод.
Таҷалло кун, ки ҷон дар рақс ояд,
Маҳи зарринқабои Тоҷикобод.
Дилам лабрези нору нур гардад,
Шабонгаҳ аз сафои Тоҷикобод.
Абири мушк орад бар машомам,
Саҳар боди сабои Тоҷикобод.
Чун дидам чеҳраи пиру ҷавонаш,
Шудам обу адои Тоҷикобод.
Ҳамеша дар дилу дар дидаи ман,
Бувад зебанда ҷойи Тоҷикобод.
Зи хоке, ки дар ӯ Мирзомалик аст,
Гирифтам ман дуои Тоҷикобод.
Ба ҳар ҷое равам, ояд аз ин пас,
Ба гӯши ман нидои Тоҷикобод.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сафармуҳаммад Аюбӣ


Тоҷикзода Тоҷикободӣ

Ору армони тоҷик озодист,
Оби дармони тоҷик ободист.
Марву Балху Бухору Бомиён.
Чанд нақше зи тоҷикободист.
Нушдорӯ, ки ҷустуҷӯ кардӣ,
Бошад оби сафои нушорӣ.
Дар раги ҷону пуштаву кишта,
Аз азал то абад бувад ҷорӣ.
Нушдоруи тан фаровон аст,
Дар гиёҳону себи хубонаш.
Нушдоруи ҷон ҳамерезад,
Лаҳни хубону лаҳни пиронаш.
Ҳар куҷо кишта асту ободист,
Аз ҳунарҳои тоҷикободист.
Ҳар куҷо об ҳаст ободист,
Ҳам куҷо тоҷик аст ободист.
Тоҷикозода Тоҷикистонам,
Чорбоғест тоҷикобод аст.
Дар канораш ба мисли гулдаста,
Тоҷикободӣ хурраму шод аст.
Ору пиндори тоҷикободам,
Кору пайкори тоҷикободам.
Нури чун ҳури тоҷикободам,
Ганҷу ганҷури тоҷикободам.
Ин ҳама баҳри Тоҷикситон аст,
Тоҷикистон, ки беҳтар аз ҷон аст.

Назри Яздонӣ


Меҳани ишқофарин

Ҳадяи ҷонофаринӣ, Тоҷикобод,
Нури Ҳақ андар ҷабинӣ, Тоҷикобод.
Номи некатро чу орам бар забонам,
Бар лабам чун ангубинӣ, Тоҷикобод.
Дар дили зебопарастам ҷовидона,
Беҳтар аз Порису Чинӣ, Тоҷикобод.
Ташнагони ишқро маъвои покӣ,
Меҳани ишқофаринӣ, Тоҷикобод.
Бар димоғам мевазад чун боди субҳат,
Қуфли атри ёсаминӣ, Тоҷикобод.
Тоҷикистон мисли як ангуштарин аст,
Ту шабеҳи як нигинӣ, Тоҷикобод.
Шаҳрия васфи туро созад ҳамеша,
Чун вафо хешу қаринӣ, Тоҷикобод.

Шаҳрия


Дунёи Тоҷикобод…

Дар интиҳои Рашт аст,
Паҳнои Тоҷикобод.
Чун Рашт кӯҳу дашт аст,
Дунёи Тоҷикобод.
Ҳамчун баҳор доим,
Сабзу шукуфазор аст,
Гулзорро бимонад,
Саҳрои Тоҷикобод.
Дар дашту тепаҳояш,
Қолини сабзаву гул,
Бӯйи биҳишт дорад,
Гулҳои Тоҷикобод.
Бо ифтихор умре,
Бар ин биҳиштманзил,
Шукрона месарояд
Дарёи Тоҷикобод.
Мардони сарбаландаш,
Чун кӯҳҳои тамкин,
Таъзими меҳр оранд
Бар пойи Тоҷикобод.
Ҳар лаҳза файз орад,
Фасли баҳори ҳуснаш,
Иқболи нек дорад,
Фардои Тоҷикобод.

Аҳлиддини Ҳисорӣ


Тоҷикобод

Тоҷикобод тоҷикона тоҷики ободи ту ,
Тоҷикона пойдевори ҳама бунёди ту .
Чашм менозад зи руи мардуми нуроният ,
Тоҷикияст рую мую талъати афроди ту .
Тоҷике то дар намонад банди асрори сухан,
Рустами Ваҳҳоб зода модари маҳтоби ту .
Ёдгори монда савти хушадои Кобулӣ ,
Зуфиқор аст ифтихори халқи хушэҷоди ту .
Нуридин шукрона гӯяд,шукри ободии ту ,
Тоҷикободиву обод тоҷики дилшоди ту .

Нуриддини Садриддин (Бардошт аз сафар ба ин гушаи зебои ватани нозанин)


Тоҷикобод

Не Самарқанду не Бухоро аст,
Не ба таърих нозише дорад,
Не варо қасру кохи муҳташамест,
Лек номи пурарзише дорад.
Ончунон ном, ки зи ҳар қасре
Бошукӯҳ асту шуҳраманду баланд.
Мисли кохе, ки сохт Фирдавсӣ,
Н-орадаш барфу боди даҳр газанд.
Гар ба таърих аз даричаи ҳақ
Бингарӣ, Шарқ Тоҷикобод аст,
Лек тоҷики ногирифтасабақ
Номи худро ба деҳе нанҳодаст.
Некӣ карду дар обҳо андохт,
Ҳосилаш – шаҳри ӯ биёбон шуд.
Бо «гуноҳи» фарохдастиҳо
Дар кӯҳистони танг зиндон шуд.
Лек чун дид баҳри номи ӯ
Номталбон кашокаше доранд,
Чун бидид ӯ – зи номбезорӣ
Номдорон-ш худкушӣ доранд,
Мехи заррини номи худро куфт
Дар гираҳбанди хоки аҷдодон,
Хишти заррини номи худ биниҳод-
Пойдевори кохи ҷовидон.
Гар бузурге бирӯяд аз хокаш
Баъд аз ин, миллаташ яқин бошад:
Гоҳвораш зи Тоҷикобод аст,
Бок не турбаташ ба Чин бошад.
Лек бо ин ҳама намедонам
Тоҷикободро кӣ ном ниҳод?
Ҳар ки бошад шариф инсон аст,
Раҳмати Ҳақ ба ҳафт пушташ бод!

Рустами Ваҳҳоб (Соли 1990) (Эҳдо ба донишманди фарзона Бобоҷон Ғафуров)


Ҳама кишвар

Ба сар афсар аз Тоҷикобод дорам,
Фурӯғу фар аз Тоҷикобод дорам.
Манам он уқоби баландошёне,
Ки болу пар аз Тоҷикобод дорам.
Аз он шаҳрёрони меҳрошноям,
Ки тоҷи зар аз Тоҷикобод дорам.
Навои дили ман аз он тоҷиконаст,
Ки шеъри тар аз Тоҷикобод дорам.
Агар порсиро шакар ном карданд,
Ман ин шаккар аз Тоҷикобод дорам.
Чи пурсӣ маро аз нажоду зи гавҳар?
Чу ман гавҳар аз Тоҷикобод дорам.
Бухоро магар Тоҷикобод набвад?
На ман Фалғар аз Тоҷикобод дорам?
Бадахшону Вахшон ҳама Тоҷикобод,
Ҳама Ховар аз Тоҷикобод дорам.
Куҷо тоҷике ҳаст, шаҳри ман он ҷост,
Ҳама кишвар аз тоҷик обод дорам.

Рустами Ваҳҳоб


Васфи Тоҷикобод дар шеъри адибони тоҷик

Миёни кӯҳи хоро зинда аст халқ,
Ба нони меҳнатӣ дар Тоҷикобод.
Забони чашму дилро дода мардум,
Мақоми давлатӣ дар Тоҷикобод.

Ҳар чиз дидем дар Тоҷикобод,
Буд нозанину зебову обод.
Чи суҳбати гарм, чи лафзи ширин,
Чи шар-шари об, чи гардиши бод.

Бозор Собир


ТОҶИКОБОД

Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун,
Тоҷикам-дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.
Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман,
Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.
Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро,
Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро.
Гарчӣ дида бори аввал дар барат накшодаам,
Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам,
Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,
Гӯшаи ҳамноми халқам-халқи бебоки Ватан.
Дил ҳамехоњад кунад парвоз ҳар дам сӯйи ту,
Ишқ варзад, маст гардад дар канори ҷӯйи ту.
Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,
Омадам сӯят, маро фарзандвор оғӯш кун.

Ғоиб Сафарзода (с. 1962)


Маълумот дар бораи ноҳияи Тоҷикобод

ҚаблӣКалимаи Точик дар шеърхои бузургон
БаъдӣАё шох Махмуди кишваркушой (шеъри пурра)