Таснифи типи ҳалқакирмҳо – халкакирмхо

Типи ҳалқакирмҳо 3 синф дорад: кирмҳои серқилча, кирмҳои камқилча ва шуллукҳо.


Синфи кирмхои серкилча ё полихетхо

Синфи кирмҳои серқилча ё полихетҳо. Номи синф аз бисёр будани қилҳо дар параподияҳо гирифта шудааст. Намояндаҳои ин синф, асосан дар чуқуриҳои гуногуни баҳрҳо вомехӯранд. Миқдори камашон дар обҳои ширин ва ҷангалҳои тропикӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар бадани онҳо баромадҳои зиёд: параподия (ба пой монанд), мӯйлабҳои ҳискунанда ва қилҳо мавҷуд аст. Қилҳо дар як вақт вазифаи ҳаракат ва ҳис карданро иҷро мекунанд. Баромадҳо аз ҳама нағзтар дар қисми сар тараққӣ кардаанд. Қисми сар дар натиҷаи якҷояшавии ду – се сегменти пеши тана ҳосил шудааст. Дар қисми сари онҳо сӯрохии даҳон, мӯйлабҳо ҷойгир шудаанд.

Дар ҳар як сегменти бадан як ҷуфт параподия мавҷуд буда, онҳо қили бисёр доранд. Параподия бо қилҳо вазифаи шино карданро (ба монанди бел задан) иҷро мекунанд. Намояндагони ин синф нереида, реггардак ва ғайраҳо мебошанд. Нереида даранда буда, баданаш аз ҳалқаҳои якхелаи бисёр иборат аст (расми 71).

Афзоиши нереида бо роҳи ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ ба амал меояд. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ бадани кирм ба қисмҳои зиёд тақсим шуда, дар ҳар кадоми он қисмҳо сар ва қисми дум ташаккул меёбад.

Расми 75. Кирмҳои серқилча
Расми 75. Кирмҳои серқилча

Афзоиши ҷинсиашон бошад, чунин ба амал меояд: Дар ҳар як сегмент ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба балоғат расида, тавассути кафидани девори ҳалқаҳо (сегментҳо) тухм ва нутфа ба об мебарояд, дар он ҷо бордоршавӣ ба амал меояд. Баъд аз ин волидайн мемиранд ва аз тухми бордоршуда кирминаи шинокунанда мебарояд. Кирмина трохофор ном дошта, ба нок монанд аст. Баъди якчанд вақт шино кардан, кирмина ба зери об рафта, аз он кирмҳои ҷавон пайдо мешаванд. Намояндаи дигари ин синф реггардаки калони баҳрӣ буда, дар зери лойқа ё рег лона кофта, ҳаёт ба сар мебарад. Нереида хӯроки муҳимми моҳиҳои шикорӣ мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Синфи кирмхои камкилча ё олигохетхо

Синфи кирмҳои камқилча ё олигохетҳо. Намудҳои ин синф дар қаъри об дар байни обсабзҳо дар обҳои ширину шӯр ва хокҳои нам зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба оксигени дар об ҳалшуда чандон талабот надошта, якчанд шабонрӯз бе оксиген зиста метавонанд. Ин синф 5000 намуд дорад.

Намояндагони маъмули ин синф кирмҳои лойхӯрак ва намояндагони дигари дар оби ширин зиндагӣ мекардаашон – найчашаклҳо буда (ба расми 71 нигаред), дар лонаҳои рост зиндагӣ мекунанд. Дар Австралия одамон баъзе намудҳои кирми лойхӯракро дар хӯрок истифода мебаранд. Дарозии он то 3 м аст. Дар ҳалқаҳои бадани кирми лойхӯрак ба ҷойи параподия чор ҷуфт қилча мавҷуд аст, ки онҳо вазифаи такягоҳиро иҷро мекунанд.

Кирми лойхӯрак узви махсуси нафаскашӣ надошта, ба воситаи тамоми бадан нафас мегирад. Хуни кирми лойхӯрак сурх буда, пигменти гемоглобинӣ дорад, ки он вазифаи ба тамоми бадан бурдани оксигенро иҷро мекунад. Дар узвҳо ва бофтаҳо хун оксигенро ба ҳуҷайраҳо дода, бо гази карбон бой мешавад. Дар пӯст бошад, баръакс аз хун гази карбон ҷудо шуда, бо он оксигени ҳаво ворид мешавад. Ҳалқакирмҳои дар хок зиндагӣ мекарда хӯроки муҳимми кӯрмуш (крот), қурбоққа ва баъзе хазандаҳо мебошанд.


Синфи шуллукхо (зуллукхо)

Синфи шуллукҳо (зуллукҳо). Доимӣ будани ҳалқаҳои бадан, доштани макандаҳо ва набудани қилҳо дар болои бадан аломатҳои хоси шуллукҳоянд. Шуллукҳо ҳайвони дарандаи хунмак буда, асосан, дар обҳои ширин сукунат доранд. Қисми дигарашон дар обҳои Кирми лойхӯрак шӯриашон кам, хоки нам ва хушкӣ вомехуранд. Дар мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё ҳатто намудҳои хушкигард ва дар шоху навдаи дарахтҳо мегашта низ мавҷуданд. Ҳамагӣ 400 намуди  онҳо мавҷуд буда, аз ин 11 намудаш дар Тоҷикистон маълум аст. Ранги бад а ни шуллукҳо сиёҳ, ҷигарӣ ва сабзча тоб буда, андозаи бада ни онҳо аз 0,2 то 15 см аст. Хӯроки шуллукҳо хун ва шираи бадани ҳайвонҳои мебошад (расми 76).

Расми 76. Шуллукҳои гуногун
Расми 76. Шуллукҳои гуногун

Шуллуки аз ҳама калон 30 см ва аз ҳама хурд то 5 мм андоза дорад.

Як намояндаи ин синф шуллуки тиббӣ аст. Дар Тоҷикистон шуллуки асп васеъ паҳн шудааст. Шуллуки асп дар обҳои сустҷараён зиндагӣ мекунад. Шуллуки асп ҷоғаш хурд ва беқувват буда, хунро на аз пӯст, балки аз пардаҳои луобии коми асп макида мегирад.

Фарқи шуллукҳо аз дигар ҳалқакирмҳо он аст, ки онҳо ду маканда доранд: макандаи даҳонӣ ва маканда дар қафои бадан. Инчунин, баръакси дигар ҳалқакирмҳо, онҳо параподия ва қил надоранд. Шуллук дар об мавҷвор шино мекунад ё дар болои ҷисмҳои сахти зери об тавассути бонавбат дар ашё мондан ва кашидани макандаҳояш ҳаракат мекунад. Шуллукҳои маскуни обҳои хунук зимистонро дар ҳолати анабиоз мегузаронанд.

Дар луоби даҳони шуллук сафедаи гирудин мавҷуд буда, он ба лахтшавии хун дар рагҳо ва ҳосилшавию зиёдшавии тромбаҳо монеъ мешавад. Яке аз дигар намудҳои ин синф шуллуки хартумдор буда, дар моҳӣ, парандаҳои обӣ, сангпуштҳо, обхокиҳо ва нармбаданҳо муфтхӯрӣ мекунад. Афзоиши шуллукҳо ҷинсӣ буда, онҳо хунсо мебошанд. Шуллуки тиббӣ 50 гр хунро макида, то ним сол метвонад бе хурок зиндагӣ кунад. Он то 2 сол имконияти бе хӯрок зинда монданро дорад.


Саволҳо

  1. Ба фикри шумо барои чӣ фардҳои болиғи нереида ҳангоми афзоиши ҷинсӣ мемиранд?
  2. Тарзи нафасгирии кирми лойхӯракро фаҳмонед?
  3. Барои чӣ ҳангоми хунро макидани шулук, хун лахта намешавад?
ҚаблӣСохти дохилӣ ва тарзи ҳаётгузаронии ҳалқакирмҳо
БаъдӣСинфи кирмхои серкилча ё полихетхо