Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давраи саршавии ҷараёни гузариш ба иқтисоди бозориро буҳрони иқтисодӣ, пастшавии сатҳи истеҳсолот ва то сатҳи муайян пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамроҳӣ менамояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷараён боз ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табии солҳои 1991-1993, ки ба инфраструктураи иқтисодиёт, пеш аз ҳама ба иқтидори истеҳсолии он зарари зиёд расонид, ҳамроҳ гардид. Танҳо маблағи зарари бевосита аз ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиӣ зиёда аз ҳафт миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Ҳамин тариқ, оғози мустақилият ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ барои ҷумҳурӣ бо иқтисодиёти шакли дигаргирифта ва низоми молиявию қарзии вайронгардидаи худ фарқ мекард. Агар то соли 1991 нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ бо суръати баланд тараққӣ мекард пас дар натиҷаи таназзули мунтазами истеҳсолот маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои муқоисашаванда нисбати соли гузашта дар соли 1992 67,7%, соли 1993 88,1% ва соли 1994 77,1 % ташкил дод.
Агар буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар солҳои 1990 ва 1991 мутаносибан бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот бо 7,5% ва 17,5% иҷро гардида бошад, пас дар соли 1992 касри буҷет нисбати даромади он 53%, соли 1993 59,6% ва соли 1994 22,4% ташкил намуд. Касрнокии мунтазами буҷети давлатӣ ҳукуматро ба истифодаи қарзҳои давлатӣ, пеш аз ҳама баровардани пулҳои қарзии бефоизи бо захира таъмин набуда маҷбур сохт. Ин дар навбати худ аз як тараф ба афзоиши қарзи давлатӣ, аз тарафи дигар ба болоравии мунтазами беқурбшавии пул оварда расонид, ки он дар ин солҳо бо карат ҳисоб карда мешуд. Мувофиқи рақамҳоро расмӣ дар аввали соли 1995 ҳаҷми қарзи давлатии дохилӣ 800 млрд. рубли русӣ, аз он ҷумла аз музди моҳона зиёда аз 340 млрд. рубл, қарзи хориҷӣ зиёда аз 750 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.
Ҳукумати ҶТ дар ин шароит ба ҳолати иқтисодию иҷтимоӣ баҳои сазовор дода бо назардошти ҷараёни гузариш ба низоми бозории хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ инчунин бо мақсади баромадан аз буҳрони кашолёфта 3 декабри соли 1994 тахти №8 Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои якумин дараҷа оид ба ташкили дигаргунсозиҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва тезонидани гузариш ба муносибатҳои бозорӣ» ба сомон расид. Мувофиқи ин Фармон барномаи дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000 таҳия ва қабул карда шуд. Дар барномаи номбаршуда ва барномаҳои баъдина дигаргуниҳои иқтисодии ҷиддӣ дар соҳаҳои молия ва қарз ба назар гирифта шуда буданд. Самтҳои асосии ин дигаргуниҳо инҳо гаштанд:
- Нисбат ба молияи субъектҳои хоҷагидорӣ даромади пулии худро дар асосӣ нархҳои озоди бозорие, ки худ муайян менамоянд, ташаккул медиҳанд, баъд аз пардохти андоз аз фоида бо меъёри ягона фоидаи софро мустақилона гақсим менамоянд ва истифода мебаранд, новобаста аз шакли моликият тибқи принсипи ҳисоби пурраи хочагӣ ва худмаблагузорӣ амал менамоянд, дар таркиби бизнес-нақшаи корхона нақшаи молиявии худро мустақилона тартиб медиҳанд ва иҷрои онро таъмин менамоянд.
- Нисбат ба буҷети давлатӣ ва сиёсати буҷетӣ бо мақсади бо стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидан, ислоҳоти низоми буҷетӣ гузаронида шуд, бо қабули гурӯҳбандии нави буҷетӣ ва дигаргунсозии тақсими даромад ва хароҷот байни буҷетҳо қисми даромади буҷети ҳукуматҳои маҳаллӣ нисбатан мустаҳкам карда шуд, дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳаллҳо мақомоти махсус хазинадорӣ ташкил карда шуд, ки он ташкили иҷрои буҷетро таъмин менамояд, бо мақсади назорати истифодаи мақсаднок муттаҳидгардонии фондҳои ғайрибуҷетӣ ба буҷети ягонаи муттаҳида гузаронида шуд, барои путлонидани хароҷоти корхонаҳои давлатии характери стратегӣ дошта ё ки аз маҳсулоташон сатҳи зиндагии мардум вобаста аст, маблағҷудокунӣ аз буҷет танҳо бо қароримахсуси ҳукумат сурат мегирад, касри буҷет ба дараҷаи 0,5% ММД расонида шуд, ки он ба стандартҳои байналмиллалӣ наздик аст.
- Нисбат ба низоми андоз ислоҳоти низоми андоз гузаронида шуда кодексҳои андоз қабул гардиданд (аз 1.01.1999; аз 1.01.2005 ва аз 1.01.2013), ки дар он номгуи мушаххаси андозҳо, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳам мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон муайян карда шудаанд, барои ҳамаи андозсупорандагон новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолият меъёри ягонаи андоз муқаррар карда шудааст; шумораи андозҳо кам гардиданд (аз қариб 50 намуд дар охири соли 1998 то ба 9-10 номгӯ дар солҳои охир) ва ғайра.
- Нисбат ба фаъолияти сармоягузорӣ: шарти маблағгузории сармоягузории корхонаҳои амалкунанда аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ ҷорӣ карда шуд, қарзгирии дарозмуддати бонкӣ барои сармоятузорӣ дар асоси самаранокии иқтисодии он ва шартномаи қарзии барои тарафайн фоиданоки байни сармоягузору бонки хизматрасонанда ба роҳ монда шуд, маблағгузории лоиҳаҳои азими сармоягузории аҳамияти умумидавлати дошта аз ҳисоби ёрии техникии мамлакатҳои мададгор, қарзҳои дарозмудати созмонҳо ва бонкҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ, грантҳои ташкилотҳои байналлмилалӣ ва маблағҷудокунӣ аз буҷети давлатӣ ташкил гардид, дар таркиби сарчашмаи сармоягузорӣ сарчашмаи нав сармояи хориҷӣ ба вуҷуд омад, ки дар асоси шартномаи фоиданоки тарафайн бо давлатҳои хориҷӣ, ширкатҳои алоҳида, бонкҳо ва дигарон истифода бурда мешавад.
- Нисбат ба сиёсати асъориву қарзӣ: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул карда шудаанд, ки дар онҳо низоми бонкии дусатҳа -давлатӣ ва тиҷоратӣ муқаррар карда шуданд; ислоҳотҳои пулӣ (10 майи соли 1995 ва 26 октябри соли 2000) гузаронида шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо бори аввал рубли тоҷикӣ ва баъд асъори миллӣ сомонӣ ва дирам ба муомилот бароварда шуданд, биржаи байнибонкии муайянкунии қурб ва мубодилаи асъор ташкил карда шуд, муносибати тарафайни бонкҳо ва мизоҷон дар асосӣ шартнома ба роҳ монда шуд, дар амал нақдлоиҳаҳои нави ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтҳо барои хизматрасонии бонкӣ ҷорӣ карда шудаанд, дар сатҳи Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон баҳисобгирӣ ва ҳисоботи аниқи қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатӣ ва иҷрои онҳо ба роҳ монда шуданд ва ғайра.
Дигаргуниҳои ҷиддӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи амвол ва ҳаёти шахсӣ ва дигаргуниҳо оид ба сиёсати молиявию қарзӣ низ руҳ доданд.
Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки дар ҳамаи соҳаҳои низоми молиявию қарзии ҷумҳурӣ ҷараёни дигаргунсозиҳо барои гузариш ба иқтисоди бозорӣ нигаронида шудаанд.
Иктисоди бозори ва дигаргунсозии муносибатхои молиявию карзи дар Точикистон