Тарзи навиштани Эълон (Объявление)

Эълон санадест, ки дар он аз баргузории чорабинӣ ё рӯйдоде пешакӣ иттилоъ дода мешавад.

Эълон ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Номи санад.
  2. Маҳал ва вақти баргузории чорабинӣ.
  3. Мазмуни чорабинӣ.
  4. Созмондиҳандаи чорабинӣ.


Намуна:

Эълон

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рӯзи 22. 05. 2019, соати 12.30 дар толори калони Донишгоҳ вохурии ректори ДМТ, профессор Имомзода С. бо донишҷӯёни факултаи кимиё баргузор мешавад. Иштироки ҳамаи донишҷӯён ҳатмист.

Садорати факулта


Ин мавод ба сомонаи DONISHJU.NET тааллуқ дорад!


Эълон

Ба диққати донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ расонида мешавад, ки мӯҳлати супоридани маблағи таҳсил то рӯзи 12.09.2019 муайян гардидааст. Дар сурати насупоридани маблағи таҳсил донишҷӯёне, ки қарзи молиявӣ доранд аз Донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.

Садорати факулта


Инчунин хонед:

Тарзи навиштани Дархост (Заявка)


Тарзи дуруст навиштани Эълон, элон, объявления на таджикском языке, эълон.

ҚаблӣНамунаи Хислатнома (характеристика, намуна)
БаъдӣБарқия (Телеграмма)