Баробарҳуқуқии зану мард

Дар шароити кунунӣ, ки пешрафти илму техника мушоҳида карда шуда, муносибатҳои нав ба нави ҷамъиятӣ ба назар мерасанд, баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо талаби замон аст, ки ин ба ҳарду ҷинс имконияти озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи онро медиҳад.

Вобаста ба ин асоси таъмини шароити якхеларо барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил менамоянд.

марду зан, баробарии марду зан,

Бо ин мақсад давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Дар баробари ин давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ низ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд, ки аз ин 1-уми марти соли 2005 қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарии мардону занон» шаҳодат медиҳад. Мутобиқи қонуни мазкур поймол кардани ҳуқуқи мардону занон манъ аст. Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, поймолкунии ҳуқуқ шуморида мешавад, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда наметавонад.

Дар ин ҷо як чизро қайд кардан лозим аст, ки таъмини амалишавии баробарии занону мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шудааст, ки дар асоси он мақомоти ҳокимияти двлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд омӯзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд, ки бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бод арки таъмини баро-барии занону мардон ҳатто фармони алоҳидаеро ба тавсиб расонид. Дар асоси фармони мазкур мавқеъи зан дар корҳои ҷамъиятӣ боз ҳам мустаҳкам карда шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар шароити кунунӣ барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаҳои махсуси рафъи поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи ҷинс таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ шуда истодаанд.

Муассисаҳои маориф ва илмӣ бошанд ба мардону занон барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба таҳсилот шароити баробар фароҳам оварда истодаанд. Барои духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистону деҳот бошад ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ шароити имтиёзнок муҳайё мегарданд, ки аз ин тибқи квотаи Президент ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шудани ҷавондухтарон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд карда шуданд, ки баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.

Гуфтаҳои боло ишора ба он месозанд, ки таъмини баробарии мардону занон бо мурури вақт ба миён омада, таъмини комили онро аз мо талаб мекунад.


Калидвожаҳо: иншо, мавзӯи озод, мавзуи озод, мавзуҳои озод, мавзухои озод, баробархукукии зану мард.

ҚаблӣСадриддин Айнӣ
БаъдӣБунёди сохтмонҳои азим – бунёди рушди кишвар аст