Тайёр кардани панирча (сирники). Кори амалии №1

Тайёр кардани панирча (сирники). Кори амалии №1


Таҷҳизот: тоба, табақча, элак ё гӯштқимакунак, тахтача, корд, қошуқ, кафгир, қайладон.

Миқдори масолеҳ бо г: творог – 140, орди гандум – 23 гр, шакар – 15 гр, равған – 5 қошуқ, қаймоқ – 2 дона, тухм – 1/5, ванилин – 0, 02 (бо нӯги корд), намак – мувофиқи табъ.

Рафти иҷрои кор

Коркарди творог ва тухм

Аввал тухмро мешӯем, баъд онро ба болои табақча дошта бо корд мешиканем.

Тайёр кардани массаи творогӣ: ба твороги ҷафида ва аз гӯштқимакунак гузаронида шакар, намак, тухм ва 2/3 ҳиссаи миқдори орд, ванилини бо оби нимгарм ҳалкарда ҳамроҳ мекунанд. Ҳамаашро нағз омехта мекунанд.

Масолеҳи ҳосилшударо кулӯла мекунанд. Ҳар яки онро ба диаметри 5 – 6 см ва ғафсии 1, 5 – 2 см бурида, ба орд меғелонанд.

Бирён кардани панирча. Ба тобаи тафсида равған резед ва ҳар ду тарафи панирчаро камтар сурх кунед. Онро бо ҳамин тарз дар тафдон ҳам пухтан мумкин аст.

Ороиши маҳсулоти тайёр: Панирчаҳои тайёрро 2 – 3-тоӣ ба табақчаҳо гузоред, ба болояш қаймоқ ё қайлаи ширин резед. Қайла ва қаймоқро алоҳида ҳам пешниҳод кардан мумкин аст.

Тарзи тайёр кардани панирча (сирники)
Тарзи тайёр кардани панирча (сирники)
Намудҳои панирча баъд аз пухтан
Намудҳои панирча баъд аз пухтан

Ҳисоботи кори иҷрошуда:

  1. Сифати хӯроки тайёрро муайян кардан.
  2. Ҳисоботи миқдори масолеҳ барои оилаи худ.

Савол

  1. Аз чӣ сабаб панирчаро муҳлати зиёд пеш аз пухтан тайёр кардан мумкин нест?
  2. Коркарди аввали тухм чӣ хел аст ва тухмро чӣ хел дуруст шикаста ба творог мерезанд?
  3. Кадом қоидаҳои техникаи бехатариро дар вақти бирён кардани панирча риоя кардан лозим аст?

Фикр кун, ҷавоб деҳ, иҷро кун

Талабот ба таомҳои аз творог тайёршуда. Рӯйи панирча, запеканка, фирини бояд суфта, рангаш на он қадар сурх, маза, ранг, бӯяш ба творог монанд бошад. Панирчаҳо бояд доирашакл бошанд. Ин корро дар муассисаи таълими бо аъзои гурӯҳи худ ё дар хона иҷро кунед.Ба сифати кори иҷрокардаи шумо омӯзгор ва аъзои гурӯҳи ё модаратон, ки дар наздатон мебошанд, баҳо диҳанд. Аз кори иҷрокардаи худ шумо қаноатманд    ҳастед ё не?

ҚаблӣХӯрокҳо аз шир ва маҳсулоти ширӣ
БаъдӣТайёр кардани қайлаи ширдор. Кори амалии № 2