Байтҳо аз Ҷалолуддин Балхӣ

Байтҳои панду ахлоқӣ аз Ҷалолиддини Балхӣ дар ин мақола оварда мешаванд.

чалолиддини балхи, ч балхи

Хӯй, к-он бо шир рафт андар вуҷуд,
Кай тавон онро зи мардум во кушуд.

Бар умеди рост кажро мехаранд,
Заҳр дар қанде равад, он гаҳ х(в)аранд.

Гарм бош, ай сард, то гармӣ расад,
Бо дуруштӣ соз, то нармӣ расад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ту чӣ донӣ завқи сабр, ай шишадил?
Хоса, сабр аз баҳри он нақши Чигил.

Мори шаҳватро бикуш дар ибтидо
В-арна, инак, гашт морат аждаҳо.

Гӯшро бандад тамаъ аз истимоъ,
Чашмро бандад ғараз аз иттилоъ.

Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад.

Қавли Пайғамбар шунав, ай муҷтабо!
«Гӯри ақл омад ватан дар русто».

Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, ай киром!
Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.

Ҷузв аз кул қатъ шуд, бекор шуд,
Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд.

Ҳар киро дил пок шуд аз эътидол,
Он дуояш меравад то Зулҷалол.

З-аҳмақон бигрез, чун Исо гурехт,
Суҳбати аҳмақ басе хунҳо, бирехт.

Қимати ҳар кола медонӣ, ки чист,
Қимати худро надонӣ, аҳмақист.

Шукри ҷони неъмату неъмат чу пӯст,
З-он ки шукр орад туро то кӯи дӯст.

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.

Марги ҳар як, ай писар, ҳамранги ӯст,
Пеши душман душману бар дӯст дӯст.

Ҷӯяке кӯчак, ки доим меравад,
На наҷис гардад, на ганда мешавад.

Модар ар гӯяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он хӯ хоҳаду марги фасод.

Он гурӯҳе, к-аз адаб бигрехтанд,
Оби мардӣ в-оби мардон рехтанд.

Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар
Аз яке дасти ту бе дасти дигар.

Халқи обиро бувад дарё чу боғ,
Халқи хокиро бувад он маргу доғ.

Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.

Гар набудӣ майлу уммеди самар,
Кай нишондӣ боғбон бехи шаҷар?

Гов агар воқиф зи қассобон будӣ,
Кай пайи эшон бад-он дуккон шудӣ?

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон[1]
Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст,
Толиби расвоии хеш ӯ шудаст.

Аҳмақон сарвар шудастанду зи бим
Оқилон сарҳо кашида дар гилем.

Рав, касе ҷӯ, ки туро ӯ ҳаст дӯст,
Дӯст баҳри дӯст, лошак, хайрҷӯст.

Ҳар кӣ бошад ҳамнишини дӯстон,
Ҳаст дар гулхан миёни бӯстон.

Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун,
Машварат бо ёри меҳрангез кун.

Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.

Хомушӣ баҳр асту гуфтан ҳамчу ҷӯ,
Баҳр меҷӯяд туро, ҷӯро маҷӯ.

Кай шавад бустону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар?

Ҳам суол аз илм хезад, ҳам ҷавоб,
Ҳамчунон ки хору гул аз хоку об.

Нафс Фиръавнест, ҳон, шераш макун,
То наёрад ёд аз он куфри куҳун.

То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан?

Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард,
Коми дунё мардро ноком кард.

Мурғи ғофил мехурад дона зи дом,
Ҳамчу андар доми дунё ин авом.

Ҳар гурусна оқибат қуте биёфт,
Офтоби давлате бар вай битофт.

Чун дарахт аст одамию бех аҳд,
Бехро тимор мебояд ба ҷаҳд.

Ҳар киро бошад мизоҷу табъи суст,
Ӯ нахоҳад ҳеч касро тандуруст.

Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур,
Пас, чӣ донад зулмати шаб ҳоли нур?

Феъли оташро намедонӣ ту бард,
Гирди оташ бо чунин дониш магард.

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷидде кард, дар ҷидде расид.

Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шӯру шар.

Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд.

Меъдаро хӯ кун бад-он райҳону гул,
То биёбӣ ҳикмату қути русул.

Меъдаи тан сӯи каҳдон мекашад,
Меъдаи дил сӯи райҳон мекашад.

Мири охур дигару хар дигар аст,
На ҳар он ки андар охур шуд, хар аст.

Ҳирс кӯру аҳмақу нодон кунад,
Маргро бар аҳмақон осон кунад.

Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рӯҳ, ҷуз гил нест он.

Чун наӣ ранҷур, сарро бармабанд,
Ихтиёрат ҳаст, бар сиблат[2] маханд.

Ишқ бар мурда набошад пойдор,
Ишқро бар ҳаййи[3] ҷонафзой дор.

Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мад
Кофир аз имони он ҳасрат хурад.

Ганҷу гавҳар кай миёни хонаҳост?
Ганҷҳо пайваста дар вайронаҳост.

Ҳар киро гулшан бувад базму ватан,
Кай хурад ӯ бода андар гулхан?

Шохи гул ҳар ҷо ки рӯяд ҳам, гул аст,
Хумми мул ҳар ҷо ки ҷӯшад ҳам, мул аст.

Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист,
Ҳар кӣ беҷион аст, аз дониш тиҳист.

Мулку молу атласи ин марҳала
Ҳаст бар ҷони сабукрав силсила.

Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф,
Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.

Пеш аз он ки шаб шавад, ҷома биҷӯ,
Рӯзро зоеъ макун дар гуфтугӯ.

Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад,
Ки фараҷ[4] аз сабр зоянда бувад.

Ҷисмҳо чун кӯзаҳои бастасар,
То ки дар ҳар кӯза чӣ б-вад, он нигар.

Ҷоҳил ар бо ту намояд ҳамдилӣ,
Оқибат захмат занад аз ҷоҳилӣ.

Ин масал андар замона ҷонӣ аст,
Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.

Маводҳои бештари панду насиҳат дар ин бахши сомона мавҷуданд: Панду андарз<<

Шояд ин маводҳо ҳам писандатон оянд:


  • [1] қирон – ба ҳам наздикшавӣ.
  • [2] Сиблат – мӯйлаб, бурут.
  • [3] Ҳай – зинда.
  • [4] Фараҷ – кушоиш, осоиш.

Байтхои панду ахлоки/ашъори/шеърхои Чалолуддини Балхи, панду насихат гуфтахои бузургон.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед