Киштинишастагонем (ғазали Хофиз)

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро,

Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро,

Киштинишастагонем, эй боди шӯрта1, бархез.

Бошад, ки боз бинем, дидори ошноро.

Даҳрӯза меҳри гардун2 афсона асту афсун3,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро…

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,

Рӯзе тафаққуде4 кун дарвеши бенаворо.

Осоиши ду гетӣ тафсири5 ин ду ҳарф аст:

Бо дӯстон мурувват, ба душманон мадоро.

Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,

К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун6 кунад гадоро…

Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,

Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.

Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи7 майолуд,

Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.

Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<

Ҳофизи Шерозӣ


Луғат

  1. Боди шӯрта – боди мурод, боди мувофиқ.
  2. Гардун – фалак.
  3. Афсун – чашмбандӣ, фиреб.
  4. Тафаққуд – меҳрубонӣ, пазироӣ, навозиш кардан.
  5. Тафсир – маънидод, шарҳ.
  6. Қорун – шахси афсонавӣ, ки хеле давлатманд будааст.
  7. Хирқа – порчаи матоъ, матои дарида, пора–пора шуда.

Дил меравад зи дастам, сохибдилон Худоро, газали Хофиз, газалхо аз Хофизи Шерози, газали Кишти нишастагонем.

ҚаблӣҲофизи Шерозӣ
БаъдӣДонӣ, ки чист давлат? (ғазали Ҳофиз)

9 шарҳ

  1. Хофизи Шерози .Газалхои он хеле инсонро чалб мекунад.Ва дар вакти хондан касе дар худаш эхсоси ачиб дорад.

  2. Воқеан Шайхуллисон Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ҳамаи қавму миллатҳост.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед