Истиора (дар адабиёт ва шеър)

Истиора чист? Истиора калимаи арабист, маънои аслияш ба орият, амонат ва гаравгон гирифтан аст, аммо дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист, ки ба ҷои як калима калимаи дигарро истифода мебаранд. Истиора ҳам ба маҷоз ва ҳам ба ташбеҳ наздик аст. Донишмандони илми бадеъ истиораро як навъи маҷоз медонанд, ба ин маънӣ, ки дар истиора калима аз маънои аслии худ хеле дур меравад. Истиораро ташбеҳи пӯшида низ меноманд ва истиора дар асоси инкишофи ташбеҳи пӯшида ба вуҷуд меояд. Фарқи истиора аз ташбеҳ он аст, ки дар истиора ташбеҳшаванда зикр наёфта, фақат ташбеҳкунанда ном бурда мешавад. Масалан, дар байти:

Гули ман, иди Наврӯзат муборак,
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.

калимаи «гул» ба маънои ёр омадаст ва истиора аст.

Агар бигӯем, ки «ёри ман мисли гул аст», мо ёрро ба ниҳоли гул монанд кардем, ки ин ташбеҳ аст. Аммо агар бигӯем, ки «гули ман омад», дар ин ифода «гул» истиора мешавад, зеро ба ҷои калимаи «ёр» истифода шудааст.

Мақсад аз истифодаи истиора, пеш аз ҳама, ҳақиқатро барҷастатар ва бофасоҳат баён кардан аст. Аз мисоли боло маълум шуд, ки рӯи ёр мисли гул аст, аммо нагуфтем, ки «ёри ман, ки мисли гул аст, омад», баръакс кӯтоҳакак «гули ман омад» гуфтем ва дар ин ҷо «гул» киноя аз ёр мебошад. Ҳамин тариқ, «гул», ки дар ифодаи аввал ташбеҳкунанда буд, дар ифодаи сонӣ ҷои худи ташбеҳшавандаро гирифт ва ба истиора табдил ёфт. Дар байти:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Меравию гиря меояд маро,
Соате биншин, ки борон бигзарад.

гузаштани борон истиора аст. Ба маънои оби чашм, яъне шоир гуфтан мехоҳад, ки аз рафтани ту чунон ғамгин мешавам, ки оби дидагонам мисли борон мерезад. Дар ин ифода борон ҷои ташбеҳшавандаро гирифт ва истиора шуд. Чанд мисол:

Маро аз гиряи шабҳо нашуд ҷуз дарди сар ҳосил,
Ба хуни дил абас парвардаам ин тифли бадхӯро.

Мулҳами Бухороӣ

Ай ки бар кори шикасти дили мо мекӯшӣ,
Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад.

Ҳофиз

Дар байти аввал ибораи «тифли бадхӯ» (ба ҷои оби дида омадаст) ва дар байти дуюм «шиша» (ба ҷои дил омадааст) истиора мебошанд.

Саволҳо

  1. Маънои луғавӣ ва истилоҳии истиораро гӯед.
  2. Тафовути ташбеҳу истиора дар чист?
Шояд ин маводҳо ҳам писандатон оянд:


Истиора дар адабиёти точик.

ҚаблӣБайтҳо аз Ҷалолуддин Балхӣ
БаъдӣУбайди Зоконӣ