Шеър дар бораи Соли нав (Соли нав муборак!)

СОЛИ НАВ

Пок чун домони Марям
Дашту саҳро,
Пар кушода кафтарони барф
Аз кафи дасти Масеҳо.
Шаҳр дар озини симин аст,
Сарви майдон зери бори меваи шодоби заррин аст.
Моҳ гӯё байза бинҳода,
Дар таҳи арча –
Дар сари ҳар чорсӯ – як хирман афлесун.
Бӯйи арча бӯйи афлесун
Медамад то осмон афсун,
Ёдҳои кӯдакиву навҷавониро
Зинда месозад ба дилҳо.
Ҷашни Мелод аст, ё Эҳё?
Пеш аз ин раҳгузар аз раҳгузар гугирд мепурсид,
Ҳолиё гӯяд:
«Бародар, барқ табрикат».
Ҳиммате олӣ,
нуктадонем,
Барфро дар дафтари анбори кӯҳистон
Барқ мехонем,
Қалбҳо чун чархаи неру,
Қалбҳо дар синаи дарёст.
Соли нав дар асл танҳо як баҳонаст,
То бигӯйӣ ҳамдилеро, ки «сарат сабзу саломат бод!».
Соли нав дар асл танҳо як фасонаст,
То ҳақиқатхастагон ҷӯянд аз афсона имдод…
Ҷомро лабрез кун аз нури бовар,
Лаҳзаҳо дар ҷовидон ҷорист.
Гӯш деҳ, дар озарафшон шарфаҳои пойи Наврӯз аст –
Занги ҳушёрист.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА


Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шӯри нав бо боли нав.

Бар дар омад “Барфак”-и ҷомасапед,
Ҳамраҳи “Бобои барфӣ” бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Ваҳ, чӣ ҳусни дилрабову дилфиреб.

 

Арчаҳои сабз қад афрохта,
Базми соли нав басе афрошта.
Нағмаю тору рубоб бинвохта,
Кӯдакон аз барф Бобо сохта.

Соли нав бодо муборак, дӯстон,
Ҳамдиёрони азизу меҳрубон.
Марду зан, ҳам кӯдаку пиру ҷавон,
Ин суханонро Гулғунча мегӯяд зи ҷон.


Боз як соли бурд ва бохт даргузашт,
Лаҳзаҳои бебозгашти ҳаёт низ гузашт,
Гоҳ ширин буду гоҳ шур мисолаш нест дигар,
Пушаймон нашав ва бар фардо бингар!

Инак соли нав хиромон шуд бар мо,
Нек бошад бо файзаш бар Шумо!
Ҳар неъмати доред зиёда гардад,
Сарзамини мо боз ҳам обод гарад!


Хуш омад Соли Нав бар хонаи мо,
Умеди тозаи ҳар пиру барно.
Ҷаҳон аз мақдамаш ҳусни дигар ёфт,
Шукуфон шуд ба дил боғи таманно.
Муборак давлату иқболи некӯ,
Пайи парвози нав шаҳболи некӯ.
Муборак соли нав,ай миллати манн,
Муборак бар  Шумо сарфоли некӯ.
Чу барф армонатон испед бодо!
Мунаввар аз гули хуршед бодо!
Хушо ин солу садҳо соли дигар,
Сафои зиндагӣ ҷовид бодо!



Калидвожа (Keywords): соли нав, дар бораи соли нав, шеър соли нав, шеър дар бораи соли нав, соли нав шеърхо, скачать соли нав, соли нав муборак, соли нав 2027, соли нав 2027, шер соли нав, шеърхо дар бораи соли нав, табрикоти соли нав, сенарияи соли нав, шеърхои соли нав, музыка соли нав, маълумот дар бораи соли нав.

ҚаблӣШеър дар васфи Ватан
БаъдӣАДАБ – Хазинаи маърифат