Мавзӯи 26. Моҳияти раванди таълим

Мохияти раванди таълим.


Зермавзӯҳо:

  1. Мафҳуми раванди таълим
  2. Системаҳои дидактикӣ ва модели (навъҳои) омӯзиш
  3. Мақсади омӯзиш

1. Мафҳуми раванди таълим

Раванди таълим яке аз ҷараёни асосии яклухти педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванди дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика – тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва ҳақиқати воқеист. Барои ҳамин ҳам пурра ва ҳаматарафа муайянкунии ин ҷараён басо душвор аст. Таълим дар худ миқдори зиёди алоқамандӣ ва низоми муносибатҳои гуногуни омилҳо ва табиати ҳархеларо мегирад. Аз ин лиҳоз он раванди муайянкуниҳои зиёд мебошад.

Дар гуфта ва навиштаҳои қадим ва асри миёна мутафаккирон таҳти мафҳумҳои «таълим», «раванди таълим» асосан таълимдиҳиро дар назар доштанд. Дар ибтидои асри ҶҶ ба мафҳуми омӯзиш ду қисмати раванд таълимдиҳӣ ва омузишро дохил карданд.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Системаҳои дидактикӣ ва модели (навъҳои) омӯзиш

Дар таҳти система (аз лот. systӯmа – яклухтии аз қисматҳо иборат, пайвасткунӣ) ҷудокунии яклухтии таҳсилот ба маҳакҳои муайянро гӯянд. Системаҳои дидактикӣ хусусияти сохти ягонагии дохилӣ дошта, ягонагии мақсадҳои тахсилот, принсипи ташкилкунӣ, мазмун, шакл ва методҳои таълимро ифода мекунад. Сохти гуногун доштани системаҳо ба тадқиқотчии имрӯза имконият медиҳад, ки фарқияти байни худии системаҳои дидактикиро ба се қисмати асосӣ тақсим намоянд:

1) системаи дидактикии И. Ф. Гербарт;

2) системаи дидактикии Д. Дьюи;

3) системаи мукаммал.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Мақсади омӯзиш

Қонуни мақсади омӯзишро мо дар фасли аввал дида баромада будем, он ҳамчун ногузир амал мекунад ва дар системаи раванди омӯзиш зерсистема буда, хеле бештар ба тарбия мансубият дорад. Мақсади умумии таҳсилот (маълумот) аз мақсади тарбия ҷорӣ мегардад ва бо он ҳамчун як қисми яклухтро ташкил медиҳад.

Маълумот ба сомонаи Донишҷӯ нет – Donishju.net тааллуқ дорад

Қонунҳои асосии инкишофи иҷтимоӣ ва давлатӣ – маълумот, рӯҳиёт, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. Маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади ташаккули мустақилият, озод, маданӣ, маърифатии шахсият, масъулиятшиносӣ нисбати оила, ҷомеа ва давлат, эҳтиромкунии ҳуқуқ, озодии дигар шаҳрвандонро дорад. Конститусия ва қонунҳо қобили ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни одамон, халқҳо, нажотҳои гуногун, миллатҳо, этникӣ, динӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ.

  1. Раванди таълим гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Хусусиятҳои муҳими раванди таълим кадомҳоянд?
  3. Дидактика чист?
  4. Категорияҳои дидактикаро номбар кунед?
  5. Системаи дидактикӣ чист?
  6. Моҳияти дидактики «анъанавӣ»-и Герберт дар чист?
  7. Моҳияти дидактики «пргрессивӣ»-и Дьюи дар чист?
  8. Хусусияти дидактикаи муосирро кадом аломатҳо муайян мекунанд?
  9. Намунаҳои омӯзиш чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Брайан С., Общество и образование –М. 1989.
  • Буйдоқов Х. Асосҳои дидактика.-Душанбе, 1995.
  • Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир.- Душанбе 2001.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи Навин. Душанбе 2006.
  • Оконь В. Введение в общую дидактику.-М.1990 Подласый И.П. Педагогика – М., 2000.
  • Рахимов Х. Нуров А. Педагогика, Душанбе, 2000.
  • Сангинов Н.Х. Дидактика, Душанбе, 1992.
  • Скаткин М.Н. Проблемы современной дидактики.-М., 1984. Юнусов Й. Педагогика, Душанбе, 2005.
ҚаблӣКумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он
БаъдӣЧаро теша ба решаи якдигар мезанем?! Муроҷиат ба hazina.tj (.wiki)