Назарияи иктисоди (конспекти лексияхо)

Назарияи иктисоди (конспекти лексияхо)

Пешгуфтори китоби Назарияи иктисоди (конспекти лексияҳо). Бо баробари гузариш ба муносибатҳои бозорӣ шавқ ва диққати донишҷӯёни мактабҳои олиро ба омӯзиши фанҳои иқтисодӣ, махсусан ба назарияи иқтисодӣ зиёд шуд. Ба ғайр аз ин донишҷӯён кӯшиш менамоянд, ки на танҳо оид ба назарияи иқтисодӣ тасаввурот пайдо кунанд, балки дониши комилро аз ин фан пайдо кунанд. Зеро дарккунии асосҳои назарияи иқтисодӣ барои пурсамар азхуднамудани фанҳои махсуси иқтисодӣ кӯмак мерасонад.

Лекин аз сабаби дар каитобхонаҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ дастурҳои таълимӣ бо миқдори маҳдуд мавҷуданд, омӯзгорон маҷбуранд вақти зиёди машғулияти лексиониро барои конспектнависии донишҷӯён сарф намоянд. Чунин таҷрибаи ташкили омӯзи фан ҳаҷми донишҳои аз тарафи омӯзгор пешкаш мешударо маҳдуд мекунад. Аз ин лиҳоз омӯзгорон маҷбур мешаванд, ки маводҳои лексиониро то ҳадди имкон маҳдуд намояд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати ба донишҷӯён дастрас набудани дастурҳои таълимӣ аз назарияи иқтисодӣ имкониятҳои омӯзиши мустақилонаи ин фан аз тарафи донишҷӯён хеле маҳдуд мешавад. Бо вуҷуди ин гузариш ба низоми кредитии таълим кори мустақилонаи донишҷӯёнро ба зиннаи нав мебардорад.

Вобаста аз гуфтаҳои боло ва инчуни хулосабарории таҷрибаи чандинсолаи дарсдиҳии фанни назарияи иқтисодӣ дар факултети иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, мо ба хулоса омадем, ки дар шароитҳои мавҷудбуда барои хаматарафа ворид намудани донишҷӯён ба ҷараёни таълими фанни назарияи иқтисодӣ, хуб мешуд, ки агар маводҳои лексионие, асосҳои назарияи иқтисодиро кушода медиҳанд, пешаки ба донишҷӯён дастрас бошанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Боварӣ дорем, ки истифодабарии таҷрибаи номбаршудаи ташкили ҷараёни таълим аз фанни назарияи иқтисодӣ ба беҳтар намудани малакаи омӯзгории устодон ва самаранок истифодабарии вақти лексионӣ барои ҳаматарава азхуд намудани муаммоҳои назариявӣ ва амалии иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо, мо кӯшиш намудем, ки конспекти лексияҳоро аз назарияи иқтисодӣ мувофиқи барномаи омӯзиши ин фан дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тартиб диҳем.

Конспекти лексияҳои мазкур маводи пуррашуда ва коркардшуда мебошад, ки тартиб додани он бо зиёдшавии миқдори соатҳои дасрҳои лексиони ва машғӯлиятҳои семенираӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, зарурияти ҳолатҳои асосии китобҳои дарсӣ оид ба муаммоҳои илми иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин сохтори конспект аз бисёр ҷиҳатҳо мукаммал гардидааст.

Тартиб додани конспекти мазкур мисли варианти пештара бо шарофати декани факултети иқтисодӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М.Н.Тошматов ва дастгирии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Х.Катаев.

Ба тартибдиҳандаи конспект барои тайёр намудани варианти компютерии он муовини декани факултети иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон А.С. Ҷафаров кӯмак расонид.

Р.К. Раҳимов


ДИҚҚАТ! Аз ин пас, мавзӯҳои китоби “Назарияи иқтисодӣ (конспекти лексияҳо)” дар барчаспи “Китоби Назарияи иқтисодӣ” оварда мешавад. Болояш пахш карда, мавзӯҳоро бинед.