ДАРАҶАИ МАНСУБИЯТ ДАР ИСМҲО (забони англисӣ)

Дар матлабҳои гузашта ҳангоми омӯхтани намудҳои якум ва дуюми ҷонишинҳои соҳибӣ мо ба кӣ тааллуқдоштани исмҳоро аз назар гузаронида будем. Ба ҷумлаҳои зерин назар афканед:

 This is my car. – Ин мошини ман аст.

This car is mine. – Ин мошина аз они ман аст.

Дар ҷумлаҳои боло калимаи “car” исм буда, калимаҳои “my” ва “mine” ҷонишинҳои соҳибӣ ҳастанд. Пас дар ҳолати мазкур исм ба ҷонишин мансубият дорад. Ҳолатҳое низ дучор меоянд, ки исм ба исм мансубият дорад, яъне исме исми дигарро ба худ тобеъ мекунад. Дараҷаи мансубияти исмҳо дар забони модарии мо ба воситаи бандаки изофии “и” ифода меёбад.

Мисолҳо:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Китоби Салим, дастаи дар, саги ҳамсояи мо, китоби хоҳари ман.

Дар ибораҳои мазкур исмҳои якум ба воситаи бандаки “и” ба исмҳои дуюм тобеъ гаштаанд, яъне исми китоб ба исми Салим, даста ба дар, саг ба ҳамсоя, китоб ба хоҳар тааллуқ доранд. Ибораҳои болоро дар забони модариамон гоҳо дар чунин шакл низ дучор меоем:

Салима китобаш, дара дастааш, ҳамсояи моя сагаш, хоҳари мана китобаш.

Дар шакли мазкур бошад исмҳои дуюм ба воситаи бандаки “аш” ба исмҳои якум тобеъ гаштаанд.

Пас мансубият дар исмҳои забони англисӣ чи гуна ба амал меояд?

Дар забони англисӣ ду роҳи мансубгардонии исмҳо вуҷуд дорад. Роҳи якум ба восиаи аломати вергул ва ҳарфи “s” ба даст меояд. Дар ин ҳолат исми якум ба худ аломати вергул ва харфи “s” кабул карда, исми дуюмро ба худ мансуб мегардонад. Мисолҳо:

Ravshan’s sister хоҳари Равшан

Madina’s dress пероҳани Мадина

My friend’s dog – саги рафиқи ман

Азбаски исмҳои ҷамъ аллакаӣ дар охири худ ҳарфи “s” доранд, ҳангоми ба дараҷаи мансубият ворид гаштанашон дар охири онҳо фақат аломати вергул меояду бас. Муқоиса кунед:

The boy’s ball – тӯби бача

The cat’s eyes – чашмони гурба

The boys’ ball – тӯби бачаҳо

The cats’ eyes – чашмони гурбаҳо

Исмҳои нодуруст, яъне он исмҳое, ки дар шакли ҷамъ дар охирашон ҳарфи “s” надоранд, ҳангоми ба дараҷаи мансубият ворид шуданашон аломати вергул ва ҳарфи “s” қабул мекунанд.

The children’s cats – пишакҳои бачаҳо

The women’s books – китобҳои занҳо

My feet’s nails – нохунҳои пойҳои ман

Роҳи дуюми ифода гардидани мансубияти исмҳо ба воситаи пешоянди “of” ба амал меояд. Пас он вазифаеро, ки дар мисолҳои боло аломати вергул ва бандаки “s” иҷро намуданд, метавонад пешоянди “of’” иҷро намояд. Ҳоло баъзеи он ибораҳоеро, ки дар боло дида баромадем, бо ду роҳ аз назар гузаронем:

  1. Ravshan’s sister ‘the sister of Ravshan – хоҳари Равшан
  2. Madina’s dress    2. the dress of Madina – пероҳани Мадина
  3. Му friend’s dog the dog of my friend – саги рафиқи ман

Чӣ хеле ки мушоҳида кардед, ҳангоми бо роҳи якум ба амал баровардани мансубияти исмҳо исми тобеъкунанда (Ravshan) дар аввал омада, исми тобеъшаванда (sister) дар охир омадааст. Ҳангоми бо роҳи дуюм сохтани ибораҳо бошад, акси ин ҳолат дида мешавад.

Якчанд мисолҳоро оид ба мансубияти исмҳо бо ду роҳи дар боло зикршуда аз назар мегузаронем:

This is my brother’s car. This is a car of my brother.

My sister’s bag is new. The bag of my sister is new.

This is Daler’s cat and that is mine.

Rustam’s umbrella is black but mine is grey.

This is а garden of our neighbour and that is our friend’s garden.

That is a bicycle of Akram.

These are kittens of my grandmother.

These are not Lena’s books, these are ours.

Mansur’s tie isn’t beautiful.

This isn’t a car of your father, this is my father’s car.

Is this Anvar’s cow? No, it isn’t.

Are these puppies of Ozod? Yes, these are.

Whose friend is this? This is my brother’s friend.

Whose gloves are those? Those are gloves of this girl.

Whose scarf is that? It is a scarf of that boy.

———————–

ДАРАЧАИ МАНСУБИЯТ ДАР ИСМХО дар забони англиси

ҚаблӣПешояндҳои “on”, “over”, “under”, “next to” дар забони англисӣ
БаъдӣСуффиксҳои исмсоз дар забони англисӣ