Дар кадом ҳолат донишҷӯро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд?

Донишҷӯ бояд донад

Донишҷӯ дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад:

– дар асоси ариза бо хоҳиши худи донишҷӯ;

– бо сабаби интиқол гирифтан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– барои давомоти нокифоя, дар як даври академӣ, яъне бесабаб дар ҳаҷми зиёда аз 48 соат ба дарсшиканӣ роҳ додан;

– тибқи шартнома дар муҳлати муқарраршуда барои пардохт накардани

маблағи таҳсил;

– барои пас аз рухсатии академӣ сари вақт идома надодани таҳсил;

– бо сабаби қарзи академӣ доштан;

– дар триместр бартараф накардани қарзи академӣ аз як ё ду фанни таълимӣ новобаста аз пайдарпайии ҳатмии омӯзиши он;

– ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (бе ҳуқуқи барқароршавӣ ба муддати се сол);

– барои вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

 – барои содир кардани ҷиноят;

– пас аз фавт;

-дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚаблӣХаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад (шеъри пурра)
БаъдӣМавзуъ ва мундариҷаи ғоявии «Баҳористон» – и Абдурраҳмони Ҷомӣ