Хикояти бостоншиносон. Сохти давлатхои аввалини Миср. Муттахидшавии давлатхои Миср. Сулолахои Фиръавнхо. Ба вучуд омадани давлат дар Мисри кадим.
Ҳикояти бостоншиносон
Барои муайян намудани замони пайдоиши аввалин давлатҳои Мисри қадим олимони бостоншинос кори зиёдеро анҷом додаанд. Онҳо водиҳои назди дарёи Нил ва хусусан поёноби онро ҳаматарафа таҳқиқ кардаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт тарҳи истиқоматгоҳҳо, шаҳрчаҳо ва нишонаҳои дигари ҳаёти мисриёни қадим ошкор карда шудаанд. Олимон аниқ муайян намудаанд, ки дар водии дарёи Нил ва минтақаи резишгоҳи он давлатҳои қадимтарини Миср дар охирҳои ҳазорсолаи V ва аввали ҳазорсолаи IV п.а.м. ба вуҷуд омадаанд.
Дар ин давра аҳолии Миср дар ҷамоаҳои авлодӣ зиндагӣ карда, баъзеи онҳо аллакай аз тарафи шӯрои куҳансолон идора карда мешуданд.
Барои дар Мисри қадим ба вуҷуд омадани давлатҳо кишоварзӣ ва обёрӣ кардани киштзорҳо мақоми асосиро иҷро намудаанд. Ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин дар ин ҷо корҳои марбут ба обёрии заминро аввал ҷамоа ва баъдтар давлат ба даст гирифт.
Бостоншиносон аз бозёфтҳои хаттии Мисри қадими бо хатти иероглифӣ навишташуда, ки ибораҳои «вилоят», «музофот», «сардори вилоят» ва «сардори музофот»-ро ифода мекунанд, пайдо намудаанд. Дар яке аз иероглифҳо ҷӯй тасвир ёфтааст. Аз ин иероглиф маълум мегардад, ки вазифаи асосии сардори вилоят назорат аз болои низоми обёрии заминҳо будааст.
Дар пораи шамшере манзараи оғози ботантанаи киштукори баҳорӣ инъикос ёфтааст. Шоҳ бо тоҷи Мисри Шимолӣ дар cap ва бо олоти кишоварзӣ – сипор инъикос гардидааст. Ӯ тайёр аст, ки шудгори заминро оғоз кунад. Дар пешопеши шоҳ одами хурде дар даст сабадча омодаи он аст, ки тухмии дар он мавҷудбударо ба замини шудгоршуда пошад. Ин амал дар соҳили ҷӯе инъикос гардида буд. Тасвири мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки вазифаи муҳимтарини шоҳ ғамхорӣ барои рушди кишоварзӣ будааст. Аз ҷониби шоҳ тавассути сипор кашидани хатти нахустини шудгори замин маънои онро дошт, ки шоҳ бо обрӯй ва мартабаи худ кишоварзонро ба ин кори дорои аҳамияти давлатӣ ҳидоят ва раҳнамою рӯҳбаланд менамояд.
Сохти давлатҳои аввалини Миср
Дар бораи сохти давлатҳои қадимтарини Миср катибаҳои сангҳои болои қабрҳо шаҳодат медиҳанд. Катибаҳои тавассути ин сангҳо ва навиштаҷоти дигари то замони мо расида унвонҳо, мансабҳо ва вазифаҳои ашрофии қадимтарини Мисрро инъикос кардаанд. Мувофиқи ин бозёфтҳо маълум гардид, ки дар Мисри қадим давлатро шоҳ идора мекардааст.
Баъд аз шоҳ дар мамлакат шахси дуюм сардори дарбор ва муҳрдори ҳамаи моликияти давлатӣ будааст.
Дарбориҳо худро «ҳокими дарбор» ё «дӯстони шоҳ» меномиданд. Яке аз мансабҳои давлатӣ «чатӣ» ном доштааст. Чатӣ мансабдоре буд, ки дар мавриди доир гардидани ҷамъомадҳои бошукӯҳ аз паси шоҳ мерафт. Ин мансабдор бо мурури замон тамоми корҳои идораи давлатро дар ихтиёри худ дошт. Мартабаи «чатӣ» ба вазифа ва унвони вазирӣ баробар будааст.
Дар давлатҳои қадимтарини Миср заминҳои кишт дар дасти давлат марказонида шуда буданд. Давлат аз истифодабарандагони ин заминҳо андоз меситонд. Ба ин кор идораи махсуси давлатӣ машғул буд, ки онро «хонаи нуқра» меномиданд. Андози кишоварзӣ дар шакли аслӣ ситонида мешуд.
Давлат ба вилоятҳои алоҳида тақсим шуда буд, ки онҳоро «номҳо» меномиданд. Ба номҳо ҳокимони маҳаллӣ – «номархҳо» сарварӣ мекарданд.
Муттаҳидшавии давлатҳои Миср
Маълум аст, ки дар Мисри қадим аввал давлатчаҳои хурди сершумор ба вуҷуд омадаанд. Миёни ин давлатҳо доимо ҷангу ҷидол вуҷуд дошт. Ҷангҳо сабаби муттаҳидшавии давлатҳои хурд гардиданд. Зарурати дуруст ба роҳ мондани низоми обёрӣ ва васеъ намудани тиҷорати хориҷӣ низ ба ҳам муттаҳид шудани давлатҳои хурди Мисрро тақозо мекард, зеро аз уҳдаи иҷрои чунин корҳо танҳо давлатҳои калону пурқувват баромада метавонистанд.
Ҷараёни бо ҳам муттаҳидшавии давлатҳои Мисри қадим дар ду минтақа – Мисри Шимолӣ ва Мисри Ҷанубӣ ба амал меомад. Дар ин ду минтақа қариб дар як вақт ду давлати барои муттаҳид кардани Миср бо ҳамдигар рақобаткунанда ба вуҷуд меоянд. Маркази Мисри Шимолӣ шаҳри Баҳдат ва маркази Мисри Ҷанубӣ шаҳри Небут буд.
Ин ду давлат дар байни худ муборизаи дуру дароз мебурданд. Дар ин бора асотирҳои сершумор шаҳодат медиҳанд. Тибқи онҳо гӯё дар байни худоҳо Гор ва Сэт, ки яке ҳомии Мисри Шимолӣ ва дигаре ҳомии Мисри Ҷанубӣ буд, муборизаи хеле шадид ва тӯлонӣ ба амал омада будааст. Ҳар ду тараф ҳам борҳо ба ҳамдигар дастболо шуда будаанд, вале дар байнашон мубориза боз аз нав авҷ мегирифтааст.
Он вақт шоҳи Мисрро аллакай фиръавн меномиданд, лекин аниқ маълум нест, ки ду қисмати Мисри қадим кай бо ҳам муттаҳид шудаанд. Ба ҳар ҳол, онҳо минбаъд бо ҳам муттаҳид гардидаанд.
Дар як пораи тобути аз Нагада ёфтшуда дар бораи пайдоиши аҷдоди фиръавн Мино маълумот дода шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки баромади Мино аз Танаи назди Абидос аст. Мувофиқи ин сарчашма гӯё, ки Мино резишгоҳи рӯди Нилро забт карда, давлати ягонаи муттаҳиди Мисрро таъсис дода, дар мобайни резишгоҳ ва водии рӯди Нил, ки ҷойи хеле муҳимми Миср буд, пойтахти ин давлатро бунёд мекунад ва ба он номи «Девори Сафед»-ро медиҳад. Баъдтар дар ин ҷо пойтахти шоҳигарии Мисри қадим – шаҳри Мемфис бунёд карда мешавад.
Сулолаҳои Фиръавнҳо
Шоҳҳои Мисрро фиръавн меномиданд. Дар Мисри қадим ҳамагӣ 26 сулолаи фиръавнҳо пайи ҳам ҳукмронӣ кардаанд. Аз онҳо ду сулолаи аввал пеш аз замони шоҳигарии қадими Миср, яъне дар охири ҳазорсолаи V ва ҳазорсолаи IV пеш аз милод ва сулолаҳои дигари фиръавнҳо бошанд, пайдарҳам дар замони шоҳигарии қадими Миср (солҳои 2400 п.а.м.), шоҳигарии миёнаи Миср ( солҳои 2400 – 1580 п.а.м.) ва шоҳигарии Нави Миср (солҳои 1580 – оғози асри XI п.а.м.) дар ҳазорсолаҳои III–I пеш аз милод салтанат рондаанд. Дар якчанд мавзӯи оянда дар бораи ин шоҳигариҳо сухан хоҳад рафт.

Савол ва супоришҳо
- Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёт аз Миср чиҳо ёфтаанд?
- Давлатҳои қадимтарини Миср кай ба вуҷуд омадаанд?
- Бозёфтҳои хаттии Мисри қадим дар бораи чӣ нақл мекунанд?
- Дар Мисри қадим вазифаи асосии сардори давлат аз чӣ иборат буд?
- Дар оғози киштукори баҳорӣ ширкат варзидани шоҳи Мисри қадим дар бораи чӣ шаҳодат медиҳад?
- Киҳоро “ҳокимони дарбор” ва ё “дӯстони шоҳ” меномиданд ва барои чӣ?
- “Хонаи нуқра” ба кадом кори давлатӣ машғул буд?
- Сабабҳо ва аҳамияти муттаҳидшавии давлатҳои хурди Мисри қадим дар чӣ буд?
- Дар бораи сулолаи фиръавнҳои Мисри қадим чӣ медонед?