Рафтори шахсӣ (педагогика)

Рафтори шахси (педагогика). Дар ин ҷо моҳияти ду принсип дода мешавад: ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну соли тарбиягирандагон ва иҷро кардани тарбия дар асоси муносибаткунии инфиродӣ. Тадқиқотҳои психологию педагогии даҳ соли охир нишон доданд, ки моҳияти аввалиндараҷа на он қадар дониши тарбиядиҳанда нисбати синну сол ва хусусиятҳои фардӣ, балки ҳамон қадар ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои шахсият ва имкониятҳои тарбиягирон вобаста аст.

Муносибати фардӣ ҳамчун такягоҳ ба сифати шахсият фаҳмида мешавад. Охирин барои тавсифи тарбия хеле муҳим аст – майл додани шахсият, арзиши тавҷеҳи вай, нақшаҳои ҳаётӣ, мақсади ташаккулёбӣ, мотивҳои бартаридоштаи фаъолият ва рафтор. На синну сол, на хусусиятҳои фардии шахсият (тавсиф, мизоҷ ирода ва ғ.), аз барандагии сифатҳои номбурда сифати баланди тарбияи пешбинишудаи шахсиятро таъмин карда наметавонанд.

Арзиши пешбинишуда, нақшаҳои ҳаётӣ, майли шахсият бевосита ба синну сол ва хусусиятҳои фардӣ алоқаманд аст. Аммо аввалааш фақат ба асоси шахсият тааллуқ дорад.

Принсипи рафтори шахсият дар тарбия аз тарбиягар инҳоро талаб мекунад: 1) мунтазам омӯхтан ва хуб донистани хусусияти мизоҷи фардӣ, хислат, андешаҳо, табъ, одати дастпарварони худ; 2) ташхис карда тавонистан ва донистани дараҷаи ташаккулёбӣ, чунин сифатҳои шахсият аз қабили тарзи фикркунӣ, мотивҳо, рағбат, мавқеъ, майли шахсият, муносибат ба ҳаёт, меҳнат, арзишҳои минбаъда, нақшаҳои ҳаётӣ ва дигарҳо; 3) ба фаъолияти ба қадри ҳолашон мунтазам ҷалб кардани тарбиягирандагон, ки пешравии онҳоро таъмин мекунад; 4) сари вақт ошкор кардан ва бартараф намудани камбудиҳо ва агар сабабҳо дар вақташ маълум нашаванд, фавран рафти тарбияро мувофиқи шароити нав дигар кардан; 5) бештар ба фаъолгардонии шахсият эътибор додан; 6) тарбияро бо худтарбиякунӣ пайвастан, ба интихоби мақсад, методҳо, шаклҳои худтарбиякунӣ ёрӣ расонидан; 7) мустақилият, ташаббускорӣ, худфаъолиятии тарбияивиро инкишоф додан, ҳар қадаре, ки метавонад, ҳамон қадар ташкил кардан ва майл додани фаъолияти муфид ва ғайра.

www.donishju.net

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавҷудияти комплексии ин талаботҳо барои бартарафкунии муносибати синну сол ва фардонагӣ корро осон мегардонад, тарбиягарро водор мекунад, ки ба раванди инкишоф на сатҳӣ, балки чуқур эътибор диҳад.

Ҳини рафтори шахсӣ ба ҳисоб гирифтани синну сол ва хусусиятҳои фардӣ майлҳои навро пайдо мекунад. Қудрати имконият, вазифаҳои наздиктаринро ташхис менамояд. Мо медонем, ки дар синни хурдсолӣ ташаккули сифатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ зуд азхуд карда мешавад. Барои ҳамин ҳам дар синни хурди мактабӣ ва наврасӣ одатҳои муфидро омӯзонидан осон аст. Мактабиёни калонсол ба мустақилӣ майл доранд. Ба ин хусусиятҳо такя намуда дар онҳо идеалҳои баланди ахлоқӣ, ҳисси масъулият инкишоф меёбад.

Дар қатори хусусиятҳои инфиродӣ, ки бояд мураббӣ эътибор диҳад, инҳо мебошанд: фаҳмидагирӣ, тафаккур, хотира, нутқ, характер, мизоҷ, ирода.

Ба назар гирифтани болоравии сатҳи дониши мактабиёни муосир, шавқмандии гуногуни онҳо, мураббӣ бояд худаш ҳамаҷониба иникшоф ёфта бошад. Вай нафақат дар соҳаи ихтисоси худ, ҳамчунин дар сохаҳои сиёсӣ, санъат, маданияти умумӣ маълумот дошта бошад ва барои дастпарваронаш намунаи ибрат гардад.

Бо суръати тез ташаккулёбии сифатҳои шахсият дар синни кӯдакӣ, наврасӣ ба таври муайян амалкуниро талаб мекунад. Талаботҳои ғайриалоқадри ҳол метавонад ба қувва ва қобилияти тарбиягирандагон нобоварӣ орад. Махсусан ба тарбиягарон лозим аст, ки ба сифатҳои муҳими шахсият аз xумла нақшаҳои ҳаётии фаъолият ва рафтор эътибор диҳанд, зеро онҳо қонеъгари шахсият ва талаботи ҷомеа мебошанд.

Иддаи тарбиягарон гумон доранд, ки муносибати фардӣ фақат ба мактабиёни «душвортарбия» тааллуқ дорад, ин тавр гумон кардан хатои маҳз аст. Зеро «беҳтаринҳо» ҳам метавонанд фикр, мотивҳо, кирдорҳои ноҷӯя дошта бошанд, биноан ба ҳама эътибор додан лозим аст.

Амиқ фаҳмидагирифтани тавсифи шахсият аз намуди зоҳирии рафтор хеле мураккаб ва на ҳамавақт имконпазир мегардад. Барои ин худи тарбиягирандагон ба тарбиягар бояд ёрӣ расонанд. Инро бо меҳнати худ, ҳаммаслакон, ҳамкорон кардан мумкин аст. ин роҳи кӯтоҳтарину дурусти ташхиси сифат мебошад. 

ҚаблӣТест аз фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ
БаъдӣДар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия