Масдар чист? (грамматикаи забони точики)

Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл буда, амалро номбар мекунад. Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо ёрии суффикси –ан сохта мешавад: гуфтан, фуромадан, табассум кардан, шунидан, хурсанд шудан.

Дар луғатҳо феълҳоро дар шакли масдар меоранд.

Масдар ба вазифаи сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла меояд: Хондан – вазифаи мост. Вазифаи мо хондан аст. Аз омаданаш шодам. Давидани гӯсола то каҳдон. Аз дӯстон ишорат, аз мо ба сар давидан.

Машқи 382. Дар ҷумлаҳои зер вазифаи масдарҳоро муайян кунед.

1. .…Маҷоли ба ҳеҷ тараф қадам мондан набуд. (С.Айнӣ) 2. Заминро тезтар шудгор карда яхоб мондан лозим. (С.Айнӣ) 3.Мақсади равшанфикрони мо ҳам осуда кардани зиндагии халқ аст. (А.Баҳорӣ) 4. Касолокасал ба чор тараф давида, бо одамон баҳсу мунозира кардан, ба болои ҳамаи ин боз мағрур будан кори осон нест. (А.Шукӯҳӣ) 5.Дар ҳақиқат, фоҷеае рӯй доданаш аз эҳтимол дур набуд. (А.Баҳорӣ)


Машқи 383. Байтҳоро нависед, таркибҳои масдариро ёбед ва шарҳ диҳед.

Набояд рӯзи аввал аҳд бастан,
Пас аз бастан намебояд шикастан
Ҳилолӣ

Ба мардӣ имтиҳон боист додан,
Вафодорӣ нишон боист додан
Лоҳутӣ


Савол

1.Аҳд бастан  чӣ маънӣ ва аҳд шикастан чӣ бадӣ дорад?


Машқи 384. Зарбулмасалҳоро нависед. Гӯед, ки масдарҳо ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадаанд.

1.Аз хурдон гуноҳ кардан, аз бузургон бахшидан. 2.Аз барф манора сохтан. 3. Аз борон гурехта ба новадон дучор гардидан. 4.Ба як тир ду сайдро задан.  5.Овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.

Луғат

дуҳул-даф, нақора


Машқи 385. Ҷумлаҳоро хонед ва ба тарзи ифодаи масдарҳо таваҷҷуҳ намоед. Гӯед, ки масдар ё ибораҳои масдарӣ ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадаанд.

1.Бадани ман биҷиррос зада рафт. Медонам, ки Ҳайдарҷон тоқати тӯҳмат шунавидан надорад. 2.Гоҳо якбора ҷаста хеста, дуторро аз мех мегираду ба хонаи дарун даромада, ба навохтан сар мекунад. 3.Фотима акнун аз хӯроки ӯ мехӯрд, вале базӯр мехӯрд, аз бими он мехӯрд, ки ин мардаки бадқавоқ бори дигар ба хӯрдан амр накунад. 4.Ин корро мекарду дар бораи чӣ гуфтан ё чӣ фикр кардани мардак андешае намекард. 5.Бегоҳи дигар низ баробари дар осмони пасту наздики дара фурӯзон шудани аввалин ситораҳо атроф сокит гардид.


Машқи 386. Матнро бодиққат хонед ва масдарҳояшро ёбед.

Калимаи дарс лафзи арабист ва дар ин забон тавассути се ҳарфи ҳамсадои  (дол),    (ре),   (син) навишта мешавад ва ин беҳуда нест: ҳар як ҳарфи он маънои муайян дорад.

Ҳарфи   (дол) дарс, ҳарфи  (ре) риёзат, азобу машаққат, ҳарфи  (син) сиёсат, сиёсат кардан, ҳукм ронданро ифода мекунад. Ба ин тариқ, дар маҷмӯъ калимаи дарс инсонро ба дарс хондан, сабақ омӯхтан, ки бе азобу машаққат намешавад, ҳидоят мекунад. Натиҷаи ин ҳама риёзат кашиданҳо, қомати зебои чун алиф рости худро мисли дол хам намуданҳо шарбати масрурӣ, тахти салтанат аст.

Баъди дарс хондану риёзат кашидан соҳиби ҳарфи  (син), яъне ба тахти салтанат нишастан на ба ҳар кас муяссар мешавад. Зеро тахти салтанат якею дарсхонон зиёданд. Ана бо ҳамин маънӣ, салтанат маънои васеъ дорад, яъне вақте ки шахс азоб кашида дарс мехонад ва ба қуллаи мурод мерасад, ба таври дигар бигӯем, ин ё он соҳаи илму касбро аз худ мекунад, вай дар ҳамон соҳаи худ султон аст ва дар ҳамон соҳа салтанат меронад.

Маҳмадулло Лутфуллоев

Луғат

риёзат – ранҷ, машаққат, заҳмат


Савол ва супоришҳо

  1. Султон аз салтанат чӣ фарқ дорад?
  2. Ифодаи ба қуллаи мурод расидан-ро шарҳ диҳед.
  3. Ба матн ном гузоред ва хулосаатонро мухтасар нависед.
ҚаблӣБарномасоз кист? Барномасозӣ чист? Шароити корӣ, даромад
БаъдӣФеълҳои мустақил ва ёридиҳанда