Мавзӯи 1. Предмет, объект ва вазифаҳои сотсиология

 Предмет, объект ва вазифахои сотсиология. Предмети сотсиология, объекти сотсиология. Социология бо забони точики / тоҷикӣ.


Агарчанде сотсиология ҳамчун илм танҳо дар миёнаҳои асри XIX пайдо гардидааст, вай дар чунин як муддати кӯтоҳ , яъне аз замони пайдоишаш то давраи мо тавонист дар байни илмҳои ҷомеашиносӣ мавқеи устуворро касб намояду дар омӯзиши мушкилоти иҷтимоии ҷомеа тадриҷан аз ҷумлаи илмҳои аввалиндараҷа ба шумор равад.

Дар хусуси зарурат ва нақши сотсиология дар омӯзиши ҳодисаю равандҳои иҷтимоии ҷомеа П.Сорокин сотсиологияро бо илми тиб қиёс намуда, хеле бамаврид ва ҳадафнок қайд намудааст: «Дар тиб қоидае ҳаст, ки онро одатан ҳар табиби босалоҳият риоя менамояд: пеш аз ташхиси бемории бемор, вай тамоми организмро ба пуррагӣ таҳқиқ менамояд ва бо таърихи ҳаёти он шинос мегардад.

Дар илмҳои ҷомеашиносӣ қоидаи мазкур, мутаассифона қариб вуҷуд надорад, зеро зарурати он дарк карда нашудааст.Чун дар тиб, ин ҷо низ баррасии тахассусии соҳавӣ маҳсулнок ва оқилона хоҳад буд, ба шарте ки агар тамоми фазои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба инобат гирифта шавад.Дар акси ҳол илмро тақдири носозгор будану дурӯғин будан омода хоҳад буд.Дар оилаи бузурги илмҳои ҷомеашиносӣ сотсиология маҳз ҳамин нақшро иҷро менамояд»[1].

Таваҷҷуҳ бояд намуд, ки дар мамолики пешрафта, аз ҷумла дар ШМА тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳатто барои баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии меҳнат низ истифода бурда мешаванд. Пӯшида нест, ки вақте дар корхонаи истеҳсолие рӯҳияи кории коргарон дар сатҳи паст қарор дорад, вай албатта ба сатҳи маҳсулнокии меҳнат дар корхонаи мазкур таъсири манфии худро мерасонад.

Мутахассисон дар ШМА тавассути тадқиқотҳои сотсиологӣ омилҳои пастшавии рӯхияи кории коргаронро дар баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ муайян намуда, бо бартараф намудани он омилҳои манфӣ тадриҷан ба баландшавии маҳсулнокии меҳнат дар он корхонаҳо мушарраф гардидаанд, ки ин аз нақш ва мақоми баланди илми сотсиология дар ҳаёти имрӯза дарак медиҳад. Албатта дар хусуси истифодаи васеи илми сотсиология дар муайян намудани омилҳои низоъю тавлиди мушкилот дар муҳити хурд ва васеи иҷтимоӣ, тамоюли рушд намудани арзишҳои носолим дар байни аҳли ҷомеа, таъмини вазъи солим ҳам дар муҳити хурду ҳам васеи иҷтимоӣ ва ғ. ҳоҷати гап ҳам нест.

 Дар донишгоҳи мо низ агарчанде сотсиология ҳамчун фанни таълимӣ ба барномаи таълимӣ солҳои охир вид гардид, лекин тамоми кормандони донишгоҳ аз вижагиҳои ин илм бохабар буданд ва дар фаъолияти кории хеш аз тадқиқотҳои слтсиологӣ васеъ истифода мебурданд. Роҳбарияти донишгоҳ ба донишҷӯён «пурсишнома»-ҳо тақсим намуда, тавасути ҷавобҳои донишҷӯён дар бораи вижагиҳои раванди таълим, вижагиҳои фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии устодони донишгоҳ маълумотҳои зарурӣ ба даст меоварданд. Ҳар як шахси соҳибилму маърифатҷӯ тавассути телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо борҳо бо мафҳумҳои «тадқиқотҳои сотсиологӣ», «нишондодҳои сотсиологӣ», «таҳлилҳои сотсиологӣ» , ки дар ҳисоботҳои роҳбарону намояндагони муассисаю ташкилотҳо, корхонаю вазоратҳо зикр шудаанд, дучор гардидааст.

Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сотсиология илми татбиқӣ буда, ба ҳаёти амалии мо зич алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо мушоҳида менамоем, ки таваҷҷуҳи донишҷӯён ба илми сотсиология тадриҷан зиёд гардида, сол ба сол мақому мартабаи ин илм дар байнионҳо афзуда истодааст.

Дар хусуси зарурати илми сотсиология барои донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ сухан ронда, иловатан таъкид бояд кард, ки ҳар як хатмкардаи донишгоҳ на танҳо табиб, балки ҳамзамон узви ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, вобаста ба он ки ҳар як узви ҷомеа дар бораи қонуниятҳои рушди ҷомеа, нерӯҳои иҷтимоии заифу фаъоли он, унсурҳои фарҳангии муассири дохилию хориҷӣ, арзишҳои фарҳангии созандаю мушкилзо, робитаю таъсири мутақобилаи нерӯҳои солиму носолими ҷомеа бо нерӯҳои хориҷии манфиатҷӯ ва ғайра чӣ маълумотеро шомил асту дар муносибат ба онҳо чӣ мавқеъро ихтиёр менамояд, метавон дар бораи ояндаи ҷомеаю самтҳои рушди он ҳадс зад.

Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар як шахси масъули ин ё он муассиса ё корхона новобаста аз тахассуснокии худ ба хотири ба даст овардани маълумоти равшан ва дақиқ дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва маънавии муассисаи зертобеи худ ва таъмини муҳити солим дар он ҳатман ба тадқиқоти сотсиологӣ рӯ меорад, ки ҳолати мазкур низ зарурати омӯзиши сотсиологияро барои мутахассиси соҳибзавқ ҳатмӣ мегардонад.

Истилоҳи «сотсиология» аз ду калима: сотсио (лот.ҷомеа) ва логос (юн.таълимот) пайдо шудааст. Аз ҷиҳати этимологӣ сотсиология илм дар бораи ҷомеа ба ҳисоб меравад.Бояд таъкид намуд, ки шарҳи мазкур моҳияти илми сотсиологияро пурра равшан намесозад. Зеро самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз тарафи илмҳои фалсафаи иҷтимоӣ, таърих, этнография, сиёсатшиносӣ, демография ва ғайра низ мавриди омӯзиш қарор мегирад, ки аз онҳо сотсиологияро бояд фарқ намуд. Барои фарқ намудани сотсиология аз илмҳои фавқуззикр зарур аст, ки предмет ва объекти сотсиология муайян карда шавад.

Объекти ин ё он илм ҳамеша соҳаи муайяни олами объективӣ ё субъективӣ ба шумор меравад. Предмети ин ё он илм бошад, маҳсули таҷридсозии назариявиест, ки ба он тадқиқотчӣ баъди мушаххас сохтани тарафҳо ва қонуниятҳои рушд ва фаъолияти объекти омӯхташаванда дастёб гардидааст.

Одатан объекти маърифати иҷтимоӣ гуфта, маҷмӯи хосиятҳо, робитаҳо ва муносибатҳоеро ёдовар мешаванд, ки номи «иҷтимоӣ»-ро шомил мебошад. Дар зери мафҳуми «иҷтимоӣ» амалеро ифода менамоянд, ки дар муносибати одамон ба якдигар ва ё ба раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба зоҳир мерасад. Ба қавли дигар, ин ё он амал, раванд ва ё ҳодиса дар он сурат номи «иҷтимоӣ»-ро касб менамояд, ки агар он амал, раванд ва ё ҳодиса бевосита ва ё бавосита фарогири манфиат ва ё талаботи фарди дигар ва ё ин ё он гурӯҳ (умумият) бошад. Яъне, амале, ки фарди дигарро новобаста ба он ки вай ҳузур дорад ё не, каме муассир сохт, пас вай амали иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ба таври мсол метавон қайд намуд, ки агар донишҷӯе дар болои миз, тахтаи синф ва ё девори он калимаи нолозимеро навишта кард, амали мазкур амали иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Зеро амали мазкур донишҷӯи дигареро, ки шомили фарҳангу маърифати хос аст, на танҳо хуш намеояд, балки баръакс дар ӯ эҳсоси манфиро дар бораи шахсияти навиштакарда, фарҳангу ҷаҳонбинии ӯ тавлид месозад. Ҳамин тариқ, маҷмӯи амалу робитаҳою муносибатҳои иҷтимоӣ ва тарзи ташкили онҳо объекти тадқиқотҳои сотсиологӣ ба ҳисоб мераванд.

Предмети сотсиологияро бошад, чун вай натиҷаи ковишу баррасиҳои тадқиқотии сотсиолог аст, мисли объекти он барои ҳама яксон муайян кардан номумкин аст. Таваҷҷуҳ бояд намуд, ки сотсиологи фаронсавӣ Э.Дюркгейм фактҳои иҷтимоиро предмети сотсиология номида, дар зери мафҳуми «иҷтимоӣ» ҳама гуна аъмоли коллективиро дар назар доштааст. Аз ин нуқтаи назар, ҳама гуна аъмоли коллективӣ бо ҳама гуна шаклҳои зуҳуроташ предмети сотсиология ба ҳисоб меравад.

 Тибқи ақидаи сотсиологи олмонӣ М.Вебер бошад, сотсиология илм дар бораи рафтори иҷтимоист. Рафтор ҳамон вақт иҷтимоӣ ҳисобида мешавад, ки агар маъное, ки субъект ба он мебахшад, муносибате бо рафтори дигар фардҳо дошта бошад.

 Умуман, имрӯз сотсиологияро маъмулан ба таври ин таъриф медиҳанд:Сотсиология илм дар бораи ҷомеа ҳамчун низоми иҷтимоӣ б а ҳисоб рафта, фаъолият ва рушди он низомро тавассути унсурҳои таркибии он- шахсиятҳо,умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Зермавзӯҳо

Робитаи сотсиология бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ

Сохтори сотсиология / социология

Вазифаҳои сотсиология


[1] Сорокин П.Человек. Цивилизация.Общество..-М,,1992.саҳ.170.


Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Шумо бо мафҳумҳои «тадқиқотҳои сотсиологӣ», «маълумотҳои сотсиологӣ», «нишондодҳои сотсиологӣ» пештар дучор шуда будед ва онҳо барои шумо чӣ маъниеро ифода менамоянд?
  2. Зарурати омӯзиши фанни сотсиологияро шумо дар чӣ мебинед?
  3. Байни мафҳумҳои «предмет» ва «объект»-и тадқиқот шумо чӣ фарқиятеро дарёфтед?
  4. Мафҳуми «иҷтимоӣ» аз нигоҳи шумо чиро ифода менамояд?
  5. Таърифи илми сотсиологияро баён намоед.
  6. Сотсиология бо кадоме аз илмҳои ҷомеашиносӣ алоқамандии зич дорад.
  7. Умумият ва фарқияти байни сотсиология ва фалсафаи иҷтимоиро мушаххас намоед.
  8. Робитаи байни сотсиология ва тибро шумо дар чӣ мебинед?
  9. Сохтори сотсиологияро баён намоед.
  10. Вазифаҳои сотсиологияро дар ҷомеа номбар намоед.
  11. Барои чӣ сотсиология илми татбиқӣ номида мешавад?
  12. Вазифаи идеологии сотсиологияро шумо дар чӣ мебинед?

Мавзӯъҳо барои рефератҳо:

  1. Предмети илми сотсиология: гуногунии идеяҳо.
  2. Марҳилаҳои рушди тасаввуротҳо дар бораи объекти сотсиология.
  3. Сотсиологияи назариявӣ:моҳият ва мундариҷа.
  4. Сотсиологияи бунёдӣ:самтҳои рушд.
  5. Сотсиологияи татбиқӣ:зарурат ва мушкилот.
  6. Сотсиологияи амалӣ:вижагиҳои омӯзиш.
  7. Мафҳуму мақулаҳои илми сотсиология.

Адабиётҳои асосӣ

  1. Идиев Х.И. Сотсиология.-Душанбе, «Ирфон».2006.
  2. Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.
  3. Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт). Конспекти лексияҳо. Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.
  4. Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.
  5. Фролов С.С.Общая социология:Учебник.-Москва:Проспект,2011.
  6. Социология.Основы общей теории:Учебник для вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.

 Адабиётҳои иловагӣ

  1. Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбу-2013.
  2. Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г.Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
  3. Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф.В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.
  4. Тощенко Ж.Т. Социология :Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
  5. Гидденс Э. Социология.-М.,1999.
ҚаблӣМуқаддима – Китоби Сотсиология: дастури таълимӣ, Абдулҳаев К.А.
БаъдӣРобитаи сотсиология бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ