Достонхои Хомер (Гомер). Пайдоиши достонхо. Иллиада. Порае aз достони «иллиада». Дафни Патрокл. Халокати Троя. Одиссея. Порае aз «Одиссея».
ПАЙДОИШИ ДОСТОНҲО
Достонҳои «Иллиада» ва «Одисей»-ро шоири бузурги нобинои Юнони қадим Ҳомер, навиштааст. Онҳо воқеаҳои таърихии асрҳои XI – IX пеш аз милоди Юнонро инъикос намудаанд. Ҳомер бо достонҳои худ чунон машҳур гардида буд, ки таърихи ҳамонвақтаи Юнонро «замони Ҳомер» номидаанд. Дар ин давра Юнон боз аз нав рушд мекунад. Иқтидори ҳарбии он баланд шуда, бар зидди давлатҳои дигар ва пеш аз ҳама, дар Осиёи Хурд бар зидди Троя ҷангҳои истилогарона оғоз мекунад. Ҳомер дар достонҳои худ дар бораи урфу одат ва тарзи зиндагии давлатдории юнониёни қадим маълумоти нодир гирд овардааст.
ИЛЛИАДА
«ИЛЛИАДА». Юнониҳо шаҳри Трояро Иллион меномиданд. Достони «Илиада»-и Ҳомер аз номи ҳамин шаҳр гирифта шудааст. «Иллиада» достонест, ки дар бораи соли даҳуми ҷангҳои зидди шаҳри Троя ҳикоят мекунад.
Аз достон бармеояд, ки юнониҳо шаҳри Трояро муҳосира карда будаанд. Сокинони шаҳр худро хуб муҳофизат мекарданд. Дар муҳорибаҳои берун аз шаҳр юнониҳо ба талафоти калон рӯ ба рӯ мешуданд. Ҷанговарон рӯҳафтода шуда буданд.
Барои баланд бардоштани рӯҳияи онҳо пешвоёни қабилаҳо дар майдони калон маҷлиси халқӣ даъват карданд. Мардуми зиёди ҷамъомада ҳаёҳуй бардошта, ҳар кас дар бораи давом додани ҷанг ва ё бас кардани он фикри худро баён мекард. Мардум, аз ҷумла ҷанговарон, сухан гуфта, гунаҳгорони бемуваффақиятиро дар ҷанги зидди Троя ба зери танқид мегирифтанд. Масалан, як ҷанговари одӣ, ки Терсит ном дошт, ҷасурона баромад карда, ашрофонро барои он муттаҳам намуд, ки онҳо ҳамаи ғаниматҳои бадастомадаро аз худ мекунанд ва ба ҷанговарон чизе намедиҳанд. Аз ҳамин сабаб, ӯ ҳозиронро даъват кард, ки аз ҷанг даст кашида, ҳама хона ба хона пароканда шаванд. Одиссей, ки дар он ҷо ҳузур дошт, Терситро бо гурзи пешвогии худ бераҳмона мезанад ва вайро маҷбур месозад, ки хомӯш нишинад.

Аз рафтори Одиссей ҳозирон меҳаросанд, Одиссей ва сардорони дигар мардумро бо зӯрӣ аз нав ба ҳуҷуми Троя бурданд. Баъд дар достон нақл дар бораи ҳарбу зарби Троя идома меёбад.
Юнониҳо лашкари пурзӯре доштанд. Ҷанговарон аз рӯйи нишонаҳои қабилавию авлодӣ ба дастаҳои алоҳида тақсим мешуданд. Ҷанговарони одӣ пиёда ҷанг мекарданд. Пешвоён дар аробаҳои ҷангӣ ба майдони набард медаромаданд. Онҳо нисбат ба ҷанговарони одӣ силоҳи беҳтар доштанд.
Дар байни ҷанговарон паҳлавонони номӣ кам набуданд. Ҷанговари пурзӯри юнониҳо Ахилли бодпо ва ҷанговари машҳури троягиҳо Гектор ба ҳисоб мерафтанд. Муҳорибаи байни ин ду паҳлавон ҷаззобияти достон аст. Дар
ҷанги тан ба тан Ахилли бодпо бар Гектор
ғолиб баромада, ӯро мекушад. Дар достон гуфта мешавад, ки ба ҷанг худоҳо дахолат мекарданд. Яке аз онҳо тарафи юнониҳоро мегирифт, дигаре тарафи троягиҳоро. Аз ҷумла худои оҳангарон тарафи Ахиллро гирифта, барои ӯ силоҳу ҷавшани ҷангӣ сохтааст.
ПОРАЕ A3 ДОСТОНИ «ИЛЛИАДА»ҶАНГИ АХИЛЛ БО ГЕКТОРОлиҳа Афина, ки ба юнониҳо ёрӣ мерасонд, ба худ намуди бародари Гекторро гирифт. Вай маккорона ба Гектор ёрӣ ваъда карда, ӯро розӣ кунонид, ки бо Ахилл биҷангад. Ахилл ба сӯйи Гектор найза партофт, вале Гектор хам шуд ва найза аз болояш гузашта рафт. Баъд Гектор найза партофт. Найзаи ӯ ба сипари Ахилл расид. Сипари сохтаи Гефест ба зарба тоб овард. Афина ба Ахилл найзаи нав дод. Гектор беҳуда бародарашро ба ёрӣ ҷеғ мезад. Касе набуд, ки ба ӯ найзаи нав диҳад. Он гоҳ Гектор бо шамшер ба Ахилл ҳамла овард. Ахилл Гекторро бо найза зада кушт. Ӯ ҷасади Гекторро ба аробаи дучарха баста, аспҳоро ба сӯйи қароргоҳи юнониҳо ронд. |
ДАФНИ ПАТРОКЛ
Дар муҳорибае дӯсти наздики Ахилл – Патрокл ҳалок мегардад. Патроклро ҷанговарони юнонӣ барои корнамоиҳояш хеле дӯст медоштанд. Бинобар ҳамин хостанд, ки ӯро баъд аз марг ботантана ба хок супоранд. Онҳо ҳезуми зиёдеро ғарам карда, гулхан афрӯхта, ҷасади Патроклро ба болои он гузоштанд. Баъд аз ин ҷанговарон гову гӯсфанд ва аспу сагҳоро кушта, ба оташ партофтанд. Худи Ахилл сари 12 троягиро аз тан ҷудо карда, ба гулхан партофт. Ҳомер дар достон Ахиллро барои ин кирдораш маҳкум кардааст. Пас аз сӯхта тамом шудани оташ ҷасади ба хокистар табдилёфтаи Патроклро дар зарфи тиллоӣ андохта, гӯрониданд. Ба хотири ҳалокшавии дӯсти худ Ахилл мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда, ба ғолибон мукофотҳои қиматбаҳо тақдим мекунад.
Баъд аз дафни Патрокл Ахилл ҳам дар яке аз муҳорибаҳо ҳалок мегардад.
Роҷеъ ба давраи бачагии Ахилл дар достон ривояте оварда шудааст. Гӯё ки ҳангоми тифлии Ахилл олиҳа Афина боре ӯро дар дарёи зеризаминӣ оббозӣ доронда будааст. Дар он лаҳза модараш Ахиллро тарзе дошта будааст, ки ҳарду пошнаи пойҳояш дар кафи дасти ӯ тар нашудаанд. Оби он дарё бадани Ахиллро мустаҳкам карда будааст, ки ҳатто ба он тир таъсир намекардааст. Тир танҳо ба пошнаи пойҳои Ахилл таъсир карда метавонистаасту халос, яъне ба ҳамон ҷое, ки об нарасида будааст.
Дар вақти ҷанг тифоқо тири заҳролуде ба пошнаи пойи Ахилл бархӯрда, ӯро мекушад. Ибораи «пошнаи Ахилл» маънии «ҷойи заиф»-и касеро ифода мекунад.

ҲАЛОКАТИ ТРОЯ
Троягиҳо шаҳри худро хеле хуб муҳофизат мекарданд. Онро танҳо бо ҳилаю найранг гирифтан мумкин буд. Бо маслиҳати Одиссей юнониҳо аспи калони чӯбине сохта, ҷанговаронро дар даруни он пинҳон мекунанд ва ба троягиҳо мегӯянд, ки ин туҳфаро барои онҳо худоҳо фиристондаанд. Аспро троягиҳо қабул мекунанд. Ҷанговарони дигари юнониҳо дар наздикии девори шаҳр пинҳон мешаванд. Шабонгоҳ ҷанговарони юнонӣ аз даруни аспи чӯбин баромада, ҷанговарони троягиро, ки ин вақт хуфта буданд, мекушанд. Онҳо тамоми мардуми Трояро кушта, зану кӯдакони онҳоро асир мегиранд. Шаҳрро ғорат карда месӯзонанд. Ҳамин тариқ шаҳри Троя вожгун мегардад.
Ибораи «Аспи Троя» аз ҳамин воқеа боқӣ мондааст, ки маънояш «туҳфаи хатарнок» мебошад, чунки аспи чӯбини юнониҳо ба троягиҳо шикаст овард.
ОДИССЕЯ
«ОДИССЕЯ». Дар достони «Одиссея» дар бораи саргузашти аҷоибу ғароиби Одиссей, вақти аз Троя ба ватанаш – ҷазираи Итака баргаштан нақл карда мешавад. Баъд аз ғалаба бар Троя ҷанговарони Итака дар дувоздаҳ киштӣ савор шуда, ба ватан бармегаштанд. Дар роҳ онҳо ба хавфу хатари зиёде дучор омаданд. Худои ҳавои сард тӯфон хезонд ва киштиҳоро пароканда кард. Ҷанговарон дар баҳр гум шуданд. Киштиҳо ба дасти девҳои азимҷусса афтоданд. Онҳо киштиҳоро ба харсангҳо зада, пора-пора карда, одамонро куштанд. Аз дасти девҳо танҳо як киштии Одиссей раҳо меёбад. Ҳамроҳони ӯ Худои раъду барқ – Зевсро меранҷонанд. Ин Худо барои ҳамин киштии Одиссейро ғарқ мекунад. Дар натиҷа, ғайр аз Одиссей тамоми ҳамроҳони ӯ ҳалок мегарданд.
Одиссейро, ки беҳолу бемадор шуда буд, мавҷи баҳр ба соҳил мепартояд. Баъди сарсонию саргардонӣ ва азобу машаққатҳои зиёде Одиссей ба Итака мерасад. Дар он ҷо ӯро танҳо ғуломи хукбонаш, ки дар оилаи озод таваллуд шуда буд ва ӯро финиқиҳо оварда, ба ғуломӣ фурӯхта буданд, пешвоз мегирад.
Ҳангоми набудани Одиссей дар хонаи ӯ ашрофзодагон ҳукмронӣ мекарданд. Дар Итака ҳокимият ба дасти одамони бадахлоқ гузашта буд. Барои он ки ӯро нашиносанд, Одиссей бо либоси гадоӣ ба хонааш меояд. Бо ёрии Афинаи олиҳа ба Одиссей муяссар мешавад, ки душманонашро кушта, дар Итака аз нав ба ҳокимият соҳиб шавад. Бо ҳамин досто- кардани Полифема. ни «Одиссея» ба охир мерасад.
ПОРАЕ A3 «ОДИССЕЯ»ОДИССЕЙ ВА ДЕВҲОИ ЯКЧАШМАКиштии Одиссей ба соҳиле шино карда омад, ки дар он девҳои азимҷуссаи якчашма зиндагӣ мекарданд. Одиссей бо якчанд ҳамроҳонаш ба ғори деве даромад. Дар ғор пораҳои калони панир ва зарфҳои пур аз ҷурғот бисёр буданд. Ғop ҷойи зиндагии деве буд, ки бузу гӯсфанд парвариш мекардааст. Бегоҳирӯзӣ дев рамаи худро ба ғор даровард. Баъд даромадгоҳи ғорро бо харсанги калоне маҳкам кард. Онро Одиссей ва ҳамроҳонаш аз ҷой ҷунбонда наметавонистанд. Дев юнониҳоро дида, ду нафари онҳоро хӯрд. Одиссей девро шароби ангурӣ нӯшонида, маст кард. Вақте ки дев хобид, одамони зиндамонда чашми ӯро бо ҷӯбдасти нӯгтез кӯр карданд. Пагоҳӣ деви нобино барои аз ғор баромадани рамаҳо харсангро ба як тараф ғелонд. Ӯ дар даромадгоҳи ғор поида менишаст, ки одамон баромада нараванд. Он гоҳ юнониҳо бо маслиҳати Одиссей сетоӣ гӯсфандҳоро ба ҳам бастанд. Дар зери шиками ҳар се гӯсфанди басташуда якодамӣ ҷой гирифтанд. Ҳамин тавр, юнониҳо номаълум аз ғор баромада, ба киштӣ савор шуданд ва он ҷазираи пурдаҳшатро тарк карданд. Юнониҳо гумон доштанд, ки иншооти аз харсангҳои калон бунёдшуда маҳсули дасти девҳо мебошад. Масалан, дар бораи девори манораи Микена ҳамин тавр фикр доштанд, чунки ба ақидаи онҳо ин хел деворро танҳо девҳои азимҷусса сохта метавонистанд. |
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Достонҳои «Иллиада» ва «Одиссея»-ро кӣ навиштааст ва онҳо кадом давраи Юнони қадимро дар бар гирифтаанд?
- Ҳомер кист?
- Номи достони «Иллиада» бо кадом шаҳр алоқаманд аст?
- Дар достони «Иллиада» дар бораи кадом воқеаҳо нақл карда мешавад?
- Ахилл Гекторро чӣ тавр мағлуб кард?
- Дар бораи давраи бачагии Ахилл дар «Иллиада» чӣ ривояте ҳаст?
- Аз «Аспи чӯбин» ҷанговарони юнонӣ барои ғалаба дар Троя чӣ гуна истифода бурданд?
- Дар бораи саргузашти Одиссей нақл кунед.
- Одиссей баъди ба Итака баргаштан чӣ тавр аз нав ба ҳокимият соҳиб шуд?
- «Пошнаи Ахилл» ва «Аспи Троя» чӣ маънӣ доранд?