Давлатҳои Селевкиён. Порт ва Юнону Бохтар. Давлати Селевкиён. Давлати Порт. Давлати Юнону Бохтар. Бархамхурии Порт ва Юнону Бохтар. Фарханги Порт ва Юнону Бохтар.
ДАВЛАТИ СЕЛЕВКИЁН
Яке аз музофотҳои давлати Искандар Бобул буд. Ба ин музофот Селевк ном лашкаркаши машҳури Искандар ҳоким мешавад, вале вай аз сатрапи пурзӯре шикаст хӯрда, гурехта дар назди шоҳи Миср – Птолемей паноҳ меёбад.
Аз байн чанд сол мегузарад ва соли 312 пеш аз милод ба Селевк муяссар шуд, ки дар Бобул ҳокимиятро бори дигар соҳиб шавад.
Дар яке аз давлатҳои ғарби Юнон Антигон ном шахс подшоҳӣ мекард. Давлати ӯ пурзӯр буд. Аз ин сабаб, ӯ фармондори шоҳони дигари Юнон ба ҳисоб мерафт. Агар ягон сатрап ё шоҳ ба ӯ маъқул намешуд, вайро бо зӯрӣ аз ҳокимият маҳрум мекард ва ба ҷойи вай шахси дигарро таъйин мекард. Лекин ин кор асосан бе ҷанг ҳал намешуд. Дар яке аз чунин ҷангҳо Антигон ҳалок гардид. Аз ин воқеа Селевк истифода бурда, ҳокимияти худро дар Эрон вусъат бахшид. Бо ҳамин давлати Селевкиён хеле бузург мешавад. Идора кардани давлати Селевкиён кори мушкил буд. Дар он ҷо барои ба даст овардани истиқлолият аз тарафи халқҳои гуногун, махсусан дар Осиёи Марказӣ, тез-тез шӯришҳо ба амал меомаданд. Селевк илоҷи онҳоро ёфт. Вай писараш Антиохро ки модараш Апама – духтари Спитамен буд, ҳокими мулкҳои Осиёи Марказӣ таъйин кард. Мардуми ин ҷо Антиохро ҳамчун одами худӣ қабул карданд. Бо вуҷуди ин, Селевкиён давлати худро дар муттаҳидӣ нигоҳ дошта натавонистанд.
Шоҳони давлатҳои наве, ки дар ҳудуди давлати Селевкиён ва ё дар ҷойи дигари собиқ империяи Искандари Мақдунӣ ташкил меёфтанд, аксаран ё баромади юнонӣ ва ё бо юнониҳо хешӣ доштанд. Албатта, баъзан истисно ҳам мешуд, ки ба сари ҳокимият шахси маҳаллӣ мебаромад.
ДАВЛАТИ ПОРТ
Қабилаҳои кӯчманчие, ки онҳоро даҳҳо меномиданд ва дар қисми Туркманистони Ҷанубии имрӯза сокин буданд, тахминан соли 250 пеш аз милод ба муқобили ҳукмронии Селевкиён шӯриш бардоштанд, ки ба он бародарон Аршак ва Тиридот роҳбарӣ мекарданд. Дар ин вақт ду селевкӣ – бародарон Селевки II ва Антиохи Гиеракс байни худ барои ҳокимият дар давлати Селевкиён мубориза мебурданд. Барои ҳамин Селевкиён шӯришро пахш карда натавонистанд. Дар натиҷаи ин шӯриш вилояте аз ҳайати давлати Селевкиён баромада, номи Портро гирифт. Аршак дар давлати Порт шоҳ ва асосгузори сулолаи Аршакиён мешавад. Ин сулола дар сарчашмаҳои шарқӣ бештар бо номи Ашкониён машҳур аст. Аршак Портро мустаҳкам ва то дараҷае васеь мекунад.

Баъд аз вафоти Аршак бародараш Тиридот шоҳи Порт мешавад. Ӯ чандин ҳуҷуми Селевкиёнро зада гардонд ва як қисми Эронро забт кард. Сарҳадҳои Порт
дар ғарб то ба баҳри Хазар доман паҳн карданд.
Селевкиён муросо карда наметавонистанд, дар натиҷа ду вилоят: Порт ва Юнону Бохтар аз ҳайати онҳо баромада, давлатҳои мустақилро ташкил карданд. Аз ҳамин сабаб ҳар шоҳи нави Селевкиён дар назди худ мақсад мегузошт, ки Порт ва Юнону Бохтарро аз нав ба худ тобеъ созад.
ДАВЛАТИ ЮНОНУ БОХТАР
Давлати Юнону Бохтар ҳам қариб дар ҳамон вақте барпо мешавад, ки Порт ташкил ёфта буд. Асосгузори давлати Юнону Бохтар Диодоти юнонитабор буд. Ин давлат тахминан дар байни солҳои 256–245 пеш аз милод ташкил ёфтааст.

Аввал қисми асосии Юнону Бохтарро шимоли Афғонистони имрӯза ташкил медод. Пойтахти он дар наздикии Балхи имрӯза воқеъ буд. Яке аз шоҳони машҳури Юнону Бохтар Диодот ном дошт. Ӯ дар натиҷаи ҷангҳои истилогарона ҳудудҳои давлати Юнону Бохтарро васеь кард. Ба Ҳиндустон лашкар кашида, як қисми онро ҳам забт кардааст. Шоҳҳои дигари Юнону Бохтар ҳам борҳо ба Ҳиндустон лашкар кашида, аз ҳисоби марзи он ҳудуди давлати худро васеъ кардаанд. Яке аз шоҳҳои Юнону Бохтар, ки Деметрий ном дошт, ҳатто «фотеҳи Ҳиндустон» ном гирифта буд.
Сарчашмаҳои хаттии қадима танҳо номи 7 шоҳи Юнону Бохтарро хотиррасон мекунанд. Инҳо Диодот, Диодоти II, Евтидем, Деметрий, Евкратид, Менендр ва Аполлот мебошанд.
БАРҲАМХӮРИИ ПОРТ ВА ЮНОНУ БОХТАР
Дар миёнаҳои асри XI пеш аз милод қабилаҳои кӯчманчии йуҷиҳо аз шимол ба сӯйи Юнону Бохтар равон шуданд. Онҳо ба воситаи Фарғона, ки он вақт онро Даван меномиданд, гузашта, ба дарунтари Осиёи Марказӣ ҳуҷум карданд. Ба Юнону Бохтар расида, онро ғорат намуданд. Йуҷиҳо то ба сарҳади Ҳиндустон рафта расиданд. Дар худи ҳамин вақт аз самти шимолу ғарб ба Осиёи Марказӣ қабилаҳои саккоию массагетҳо ҳуҷумкунон ба сарҳадҳои Юнону Бохтар рафта мерасанд. Аз ҷануб йуҷиҳо ақиб баргашта, ба Юнону Бохтар зарба заданд. Бо ҳамин қабилаҳои йуҷиҳо тахминан солҳои 140–130 пеш аз милод мавҷудияти давлати Юнону Бохтарро барҳам заданд.
Порт оҳиста-оҳиста ба яке аз давлатҳои пуриқтидортарини ҳамонвақтаи ҷаҳон табдил ёфт. Акнун Порт ба ҳуҷумҳои Селевкиён ва давлатҳои дигари дуру наздик ҷавоби сазовор дода метавонист.
Соли 53 пеш аз милод сарлашкари Порт Сурона дар ҳудуди Бобил лашкари Румро шикаст дод. Лашкаркаши номии румиҳо Крас дар майдони набард ҳалок шуд. Ин ғалабаи Порт аз иқтидори ин давлат шаҳодат медиҳад. Давлати Порт қариб 500 сол вуҷуд дошт.
ФАРҲАНГИ ПОРТ ВА ЮНОНУ БОХТАР
Маданияти давлатҳои дигаре, ки дар натиҷаи барҳамхӯрии давлати Искандари Мақдунӣ ташкил ёфта буданд, дар натиҷаи омезиши фарҳанги халқҳои маҳаллӣ ва фарҳанги юнонӣ, ки онро эллинӣ меномиданд, ба вуҷуд омадааст.
Масалан, хатти юнонӣ дар ин давлатҳо ба таври васеъ паҳн шуда буд. Дар ин бора ёдгориҳои хаттӣ ва катибаҳои болои тангаҳо шаҳодат медиҳанд. Дар меъморӣ унсурҳои маҳаллию юнонӣ истифода бурда мешуданд. Дар ин бора биноҳои Нисои Куҳнаи назди шаҳри Ашқободи Туркманистон ва Ойхонуми Афғонистон шаҳодат медиҳанд. Ҳайкалтарошони селевкӣ, портӣ ва бохтарӣ ба ҳайкалтарошони юнонӣ тақлид мекарданд.
Ҳамин тариқ тамаддуни маҳаллӣ ва фарҳанги эллинӣ ба ҳамдигар таъсир мерасонданд. Сарфи назар аз ин, мардуми қаламрави давлатҳои Селевкиён, Порт ва Юнону Бохтар хусусиятҳои хоси маданияти худро нигоҳ доштанд. Инро мо ҳам дар забон, ҳам дар адабиёт, ҳам дар санъат, ҳам дар тақвим ва ғайра дида метавонем. Дар ин бора шумо, дар вақти омӯзиши таърихи халқи тоҷик муфассалтар маълумот хоҳед гирифт.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Давлати Селевкиён чӣ тавр ташкил ёфтааст?
- Дар бораи ташкилёбии давлати Порт нақл кунед?
- Порт бо кадом давлати пурзӯри ҷаҳон рақобат мекард?
- Давлати Юнону Бохтар кай ташкил ёфт ва чӣ тавр барҳам хӯрдааст?
- Дар бораи барҳамхӯрии давлати Порт нақл кунед.
- Дар бораи рушди тамаддуни давлатҳои Селевкиён, Порт ва Юнону Бохтар чиҳо гуфта метавонед?




















