Рум дар давраи шохи ва чумхури. Табиат ва ахоли. Бино ёфтани шахри Рум. Патрисий ва Плебейхо. Шохии Рум. Чумхурии Рум. Васеъшавии каламрави Рум.
ТАБИАТ ВА АҲОЛӢ
Италия дар нимҷазираи Апенин, ки он то ба мобайни Баҳри Миёназамин тӯл мекашад, воқеъ гардидааст. Дар қисмати шимолтари Италия водии дарёи По ҷойгир аст, ки онро аз ду тараф кӯҳҳои Алп иҳота кардаанд. Қисми миёна ва ҷанубии Италияро баҳрҳои Адриатик, Иони, Тирен ва Лигурия иҳота кардаанд. Иқлими Италия муътадил аст.
Аҳолии нимҷазираи Апенин аз қавмҳои гуногуни сершумор иборат буд. Сокинони қадимтарини Италия – лигуриҳо дар қисми шимолии он зиндагӣ мекарданд.
Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод эҳтимол аз вилоятҳои назди дарёи Дунай ба нимҷазираи Апенин қабилаҳои италиявиҳо омадаанд. Ба ҳайати италиявиҳо қавмҳои аскоумрҳо, сабинаҳо, лотинҳо, винетҳо ва ғайраҳо дохил буданд. Дар ҳамин ҳазорсола ба Италия қабилаҳои пеласгҳо, илларийҳо ва юнонию мақдуниҳо омада, сокин шудаанд. Қабилаҳои юнону мақдунӣ дар Италияи Ҷанубӣ мустамликаҳои тиҷоратии худро бино карданд. Дар худи ҳамин давра ба Италия аз шарқ қабилаҳои этрускҳо меоянд. Ба Италия омадани қабилаҳои аврупоии келтҳо, ки румиҳо онҳоро галлҳо меномиданд, ба асрҳои V–IV пеш аз милод рост меояд.

БИНО ЁФТАНИ ШАҲРИ РУМ
Мувофиқи қиссаи қадима Силвия ном духтари шоҳи Рум Алба Нумитра аз Худо Карс ду писари дугоник–Ромул ва Ремро таваллуд менамояд. Қаблан Алба Нумитраро бародараш Амулий аз ҳокимият маҳрум карда буд ва намехост, ки дар оянда ба меросхӯрони ӯ сарукор дошта бошад. Барои ҳамин, Силвияро маҷбур месозад, ки дугоникҳоро ба дарёи Тибр партояд. Силвия фармони Амулийро иҷро мекунад. Бачагони навзодро ба сабаде андохта, ба дарё мепартояд, вале мавҷҳои дарё дар ҷойе сабадро ба соҳил мебароранд. Дугоникҳоро модагурге меёбад ва онҳоро аз пистонҳои худ шир маконда, калон мекунад.

Баъд онҳоро подабони шоҳ тарбия мекунад. Оқибат Ромул ва Рем аҷдоди худро мефаҳманд ва Амулийро кушта, ҳокимияти шоҳиро ба бобои худ бармегардонанд. Баъд аз ин, бародарон дастаи низомӣ ҷамъ карда, дар теппаи Палатини соҳили Тибр шаҳре бино мекунанд. Онҳо ба шаҳр аз рӯйи қуръапартоӣ «Рома» номгузорӣ карданд, ки номи Ромул аст. Баъди чанде Ромул Ремро кушта, шоҳи аввалини Рум мешавад.

Олимон пайдоиши шаҳри Румро ба солҳои 754 ё 753 пеш аз милод нисбат медиҳанд. Баъдтар румиҳо ба шарафи Ромул ва Рем дар Капитолий ҳайкали модагургро, ки Ромул ва Ремро наҷот дода, калон кардааст, гузоштаанд.
Қиссаҳои қадима шаҳодат медиҳанд, ки сокинони аввалини Рум ҷавонони аъзои дастаи Ромул будаанд. Қавмҳои он ҷо намехостанд, ки духтарони худро ба аскарони Ромул ба шавҳар диҳанд. Пас Ромул базме ташкил мекунад, ки дар барномаи он асптозӣ ҳам буд. Ромул ба ин базм сабинҳоро, ки дар гирду атрофи Рум зиндагӣ мекарданд, даъват мекунад. Ҳангоми базм римиҳои ҷавон аз аспҳо истифода бурда, духтарони меҳмонҳоро медузданд. Сабинҳо аз ин кирдори ҷавонони бебоки дастаи Ромул ба хашму ғазаб омада, ба муқобили румиҳо ҷанг cap мекунанд, вале духтарони сабинҳо, ки акнун зани ҷавонони румӣ шуда буданд, тавонистанд. ки падарону шавҳарони худро бо ҳам оштӣ бидиҳанд. Баъди ин Румро ду шоҳ – як нафар румӣ ва як нафар сабинӣ идора мекард. Ромул ва сабинӣ Тат Татсий шоҳҳои аввалини Рум буданд.
ПАТРИСИЙ ВА ПЛЕБЕЙҲО
Ҷамоаи авлодии Рум “курия” номида мешуд. Қисми ашрофони курияҳо патрисийҳоро ташкил менамуданд. Калимаи «патрисий» маънои «халқи Рум»-ро мегирад.
Шоҳони Рум ба маҷлисҳо патрисийҳоро ба воситаи қосидон даъват мекарданд. Қосидон ва шоҳҳо ҳар як патрисийро ном ба ном медонистанд. Халқи одиро ба маҷлис тавассути садои карнай даъват менамуданд. Муҳоҷирон ва онҳое, ки зӯран дар Рум сокин гардонда шуда буданд ва ҳуқуқҳои пурраи шаҳрвандӣ надоштанд, «плебейҳо» номида шудаанд. Шоҳҳо ба плебейҳо аз заминҳои давлатӣ қитъаи муайянеро медоданд.
ШОҲИИ РУМ
Давраи шоҳии Рум аз замони биношавии ин шаҳр то охирҳои асри VI пеш аз милод (соли 510 пеш аз милод) давом кардааст. Шоҳҳои Рум мамлакатро бо ҳамроҳии Сенат ва Маҷлиси халқӣ идора мекарданд.
Сенат аввал аз 100 нафар патрисий иборат буд. Баъд шумораи он то ба 300 нафар расид. Вазифаи муҳимтарини Сенат ташкили интихоби шоҳ буд. Ин кор баъзан то як сол давом меёфт. Дар ин давра иҷрои вазифаи шоҳро Сенат ба уҳда дошт. Иҷрои масъалаҳои ҳакамии на он қадар муҳим низ вазифаи Сенат ба ҳисоб мерафт. Румиҳо аъзои Маҷлиси халқиро аз ҳисоби патрисийҳо интихоб карда, плебейҳо ба идораи давлат роҳ дода намешуданд.
Шоҳ сарлашкар, ташкилкунандаи қувваҳои мусаллаҳ, қонунбарор,
ҳаками олӣ, сарвари корҳо оид ба алоқаҳои хориҷӣ ва фаъолияти динии ҷамоаҳои Рум буд.
Шоҳҳои Рум ҳокимияти худро ба воситаи лашкар ва ғаниматҳои ҳарбӣ мустаҳкам мекарданд. Масалан, Ромул – шоҳи аввалини римиҳо, ки дар ихтиёри худ замин ва лашкари зиёд дошт, Сенатро он қадар эътироф намекард. Аҷаб нест, ки ашрофон ӯро маҳз барои ҳамин кушта бошанд.
ҶУМҲУРИИ РУМ
Ҷумҳурии Рум аз охирҳои асри VI пеш аз милод то асри II пеш аз милод давом кардааст. Дар аввали ҳамин давра ба муқобили шоҳи этрускҳо – Тарканияи боифтихор дар Рум шӯриши калон ба амал меояд ва ӯ аз тарс Румро тарк мекунад. Аз аввалҳои асри V пеш аз милод дар байни патрисийҳо ва плебейҳо мубориза вусъат меёбад. Ба гардани плебейҳо қарзи андози чандинсола зам гардида буд. Онҳо аз патрисийҳо талаб карданд, ки қарзҳояшонро бекор кунанд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Аз ҳамин сабаб плебейҳо намоишкорона Румро тарк карданд. Дар натиҷаи ин, барои ҳуҷуми этрускҳо ба Рум шароити хуб муҳайё шуд. Вазъияти вазнин патрисийҳоро маҷбур кард, ки ба плебейҳо гузашт кунанд.
Румро аввал ду консул идора мекард. Ҳар дуи онҳо ҳам патрисий буданд, вале баъди гузашткунии патрисийҳо онҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз байнашон минбар (трибуна)-ҳои халқиро интихоб кунанд. Трибунҳо дар назди Ҳукумати шоҳ, Сенат ва Маҷлиси халқӣ намояндагони плебейҳо буданд.
Ҳокимияти трибунҳо оҳиста-оҳиста васеъ мешавад. Акнун онҳо метавонистанд қарорҳои ба плебейҳо дахлдоштаи Консул ва Сенатро бекор кунанд. Трибунҳо ба дастгирии плебейҳо такя карда, ба манфиати онҳо қарорҳо мебароварданд. Онҳо ҳамоно муборизаи худро барои бо патрисийҳо баробар кардани ҳуқуқи худ давом медоданд. Яке аз ғалабаҳои асосии плебейҳо ин буд, ки онҳо ба духтарони патрисийҳо писарони худро хонадор карда метавонистанд. Патрисийҳо ҳам акнун писарони худро ба духтарони плебейҳо хонадор мекарданд. Ин кор имкон фароҳам овард, ки аз байни плебейҳо низ консулҳо интихоб карда шаванд.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои ҳар ду гурӯҳи аҳолии Рум баробар шуданд. Аз ибтидои асри III пеш аз милод сар карда, плебейҳо ба шаҳрвандони комилҳуқуқи Рум табдил ёфтанд.
ВАСЕЪШАВИИ ҚАЛАМРАВИ РУМ
Барои ба даст овардани Рум галлҳо, аквамҳо, валокамҳо, лотинҳо, этрускҳо ва қабилаҳои дигар аз ибтидои асри V то миёнаҳои асри IV пеш аз милод мубориза мебурданд. Дар ин давра Рум борҳо аз даст ба даст мегузарад ва оқибат барои муҳофизат ва ғалаба бар рақибони худ қодир шуда, аввал бар қабилаҳои эксҳо, гоникҳо ва баъд бар этрускҳо пирӯз мешавад.
Дар миёнаҳои асри IV пеш аз милод ҳукмронии шоҳи Рум бар Латсия ба вуқӯъ омад. Баъди ин ӯ волокамҳоро ҳам мағлуб мекунад. Акнун Рум ба давлати пурзӯртарини Италияи Миёна табдил меёбад. Дере нагузашта, шоҳи Рум бар зидди душмани дигари худ Кампанияи пуриқтидор лашкар кашида, онро забт мекунад. Соли 295 пеш аз милод этрускҳо ва галлҳо баъди дар якчанд муҳориба аз лашкари Рум шикаст хӯрдан ба шимол мераванд. Дар Италияи Миёна қавмҳои дигар ҳам аз Рум шикаст мехӯранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи табиат ва аҳолии Италияи қадим нақл кунед.
- Дар замонҳои қадим дар нимҷазираи Апеннин кадом қабилаҳо сокин буданд?
- Ривоятҳо дар бораи Ромул ва Ремро шарҳ диҳед.
- Шаҳри Рум чӣ тавр бино шудааст?
- Дар байни қабилаҳои Италияи қадим чӣ гуна мубориза мерафт?
- Рум чӣ тавр идора карда мешуд?
- Ромул ва дастаи аскарони ӯ бо сабинҳо чӣ тавр оштӣ карданд?
- Дар бораи фаъолияти Сенат, Маҷлиси халқӣ ва трибунҳои Рум маълумот диҳед?
- Патрисийҳо ва плебейҳо киҳо буданд?
- Муборизаи плебейҳо барои ҳуқуқҳои худ чӣ натиҷа дод?
- Исбот кунед, ки Рум дар асрҳои V–IV пеш аз милод давлати пурқувват буд.



















