ДАВРАИ БРАҲМАНӢ

ДАВРАИ БРАХМАНИ бо забони точики маълумот.


Тақрибан дар ҳазорсолаи якуми то солшумории мо дар ҳаёти ҷамъиятии Ҳиндустон тағйиротҳои ҷиддӣ рух доданд. Ориёиҳо ҳавзаҳои дарёҳои Ҳинд ва Гангаро тобеи худ гардонида дар онҳо як қатор давлатҳои ғуломдорӣ ташкил намуданд. Дар ин маконҳо таъсири аҳолии то ориёиҳо вуҷуд дошта (дравидҳо ва мунда) хеле калон буд.

Дар миёнаҳои ҳазорсолаи якум давлате дар маҷрои поёнии дарёи Ганга бо номи Магадҳа пайдо гардид, ки он ба маркази муттаҳидсозии тамоми шимоли Ҳиндустон табдил ёфт.

Дар ҳамин давра асосҳои сохти каставӣ дар Ҳиндустон гузошта шуданд, ки он сохт то ба имрӯз омада расидааст. Дар замонҳои қадим чор типи кастаҳо (аз санскрит «варна», яъне ранг) вуҷуд доштанд. Он кастаҳоро имрӯз низ варна, вале барои фарқ гузоштани қадимаю имрӯза, кастаҳои ҳозираро «ҷатӣ» меноманд. Он чаҳор каста инҳоянд: браҳман, кшатрий, вайша, шудра.

Дар Магадҳа браҳманҳо ҳамчун кастаи махсуси рӯҳонӣ, ки донандаҳои ведаҳо буданд ва қурбониҳоро ба иҷро мерасониданд, мавқеи роҳбарикунандаро ишғол намуданд. Браҳманҳо ҳамаи он чи ки мансуб ба дин буд, дар дасти худ ҷамъ оварда, дар ҷамъият соҳиби обру ва нуфузи хос гаштанд.

Дар баробари браҳманҳо кастаи дигар-кастаи ҷанговарон-кшатрийҳо низ мавқеи ҳукмрониро ба даст гирифт. Подшоҳону ашрофон аз ҳамин каста буданд. Кастаи сеюм вайшҳо аз деҳқонону чорводорону тоҷирон, ки табақаи сокинони озоди кишварро дар бар мегирифт, иборат буд.

Онҳо асосан аз қабилаҳои ориёӣ-фотеҳони кишвар иборат буданд. Ин се каста-наҷибу ориёӣ дониста шуда, онҳоро ду бор зодашуда низ меноманд. Кастаи чоруми беҳуқуқ ин кастаи ғуломон, бозмондагони мардуми маҳаллии Ҳиндустон-шудраҳо (хидматгорон) буд.

ҚаблӣХудоҳои давраи ведӣ
БаъдӣҚонунҳои Ману – Конунхои Ману