Хат, мактаб ва дини Юнони қадим

Хат, мактаб ва дини Юнони кадим.


ХАТ

Ҳанӯз дар ҳазорсолаи II пеш аз милод юнониҳои қадим хатти худро доштанд, ки он ҳиҷогӣ буд, вале дар асрҳои XI – IX пеш аз милод он фаромӯш шуд. Дар охирҳои асри IX – аввалҳои асри VIII пеш аз милод дар Юнон алифбои дигар тартиб дода

мешавад, ки он аз 14 ҳарф иборат буд. Ин алифбо дорои ҳам ҳарфҳои садонок ва ҳам ҳамсадо буд. Ба алифбои юнонӣ алифбои қадимаи финиқиҳо таъсир расонида буд. Алифбои нав дар рушду нумӯи минбаъдаи Юнон хизмати бузург кардааст.

Дар баробари пайдоиши хат дар давлатҳои Юнони қадим мактабҳо ҳам ба вуҷуд меоянд. Мактабу маориф, махсусан дар Афина ва Спарта, бештар рушд карда буданд.

МАКТАБ

Дар Спарта писарбачаҳои чаҳои сиёҳ барои нато 7-сола дар оилаҳояшон тарбият меёфтанд. Сипас, онҳоро ба муассисаҳои махсуси тарбиявии давлатӣ месупориданд, ки «фариштаҳо» ном доштанд. Бачагон дар чунин мактабҳо дар зери роҳбарии омӯзгорон, ки «педон» ном доштанд, таълиму тарбият мегирифтанд. Дар он ҷо ба тарбияи ҷисмонии бачаҳо диққати калон дода мешуд; онҳоро ҳаматарафа обутоб медоданд. Тарбиятгирандагон дар баробари машқҳои ҳарбию варзишӣ ба омӯзиши суруду мусиқӣ ва рақсҳои динӣ, ки моҳияти ҷангӣ доштанд, машғул мешуданд.

Дар Афина ҳам бачаҳо то 7-солагӣ дар хонаҳояшон тарбият меёфтанд. Аз синни 7- солагӣ то 13–14-солагӣ онҳо ба мактабҳои грамматистӣ ва кафаристӣ дода мешуданд. Ин мактабҳо пулакӣ буданд.

Дар мактабҳои грамматиста шогирдон хондану навиштанро хуб ёд мегирифтанд. Бачаҳо номи ҳарфҳои «алфа», «бета», «гамма» ва ғайраро аз ёд карда, баъд онҳоро ба ҳиҷоҳо ва ҳиҷоҳоро ба калимахо мегардонданд. Барои навиштан тахтачаҳои сиёҳро истифода мебурданд. Шогирдон дар он бо чӯби нӯгтезе, ки «стил» ном дошт, менавиштанд. Дар дарсҳои ҳисоб шогирдон аз ангуштҳои дасту пойҳо, сангчаҳо, тахтачаҳои ҳисоб, ки онҳоро «абак» меномиданд, истифода мебурданд.

Расми 197. Дар паластра
Расми 197. Дар паластра

Аз синни 13-14-солагӣ бачаҳо дар мактабҳои гуштигирӣ, ки онҳоро «паласт- ра» меномиданд, таълим мегирифтанд. Дар ин мактабҳо дар зарфи ду сол шогирдон ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешуданд. Ин машқҳоро мутобиқи панҷ намуди варзиш «панҷҳарба» меномиданд. «Панҷ-ҳарба» аз давидан, гуштӣ, дискпартоӣ, найзапартоӣ ва шиноварӣ иборат буд.

Ҷавонони боистеъдод баъди хатми ин мактаб ба «гимназияҳо» дохил шуда, фалсафа, адабиёт ва илмҳои дигарро меомӯхтанд. Дар 18–20-солагӣ онҳо таҳсилро дар «эфебия»-ҳо давом дода, дониши худро афзун менамуданд.

ДИН

Юнониҳои қадим худоҳоро дар шакли одамон, вале пурқудрату абадзинда тасаввур мекарданд. Ба гумони онҳо, ҳамаи ҳодисаҳо бо майлу хоҳиш ва иродаи худоҳо ва олиҳаҳо ба амал меоянд. Масалан, бо хоҳиши Зевс борон меборад ва ё хушксолӣ мешавад. Посейдон бошад, «ларзонандаи замин» аст. Ӯ бо сешохаи бузурги худ заминро меҷунбонад ва ё тӯфон ба вуҷуд оварда, киштукорро несту нобуд месозад.

Ҷангал ҳам худои худро дошт, ки онро Сатир меномиданд.

Юнониҳо ин худоҳоро дар шакли одамони серпашму бузпо мепиндоштанд. Олиҳаи чашмаҳоро Нимфа меномиданд ва онро дар намуди духтари зебо тасаввур мекарданд.

Расми 199. Парфенон. Девори шарқӣ
Расми 199. Парфенон. Девори шарқӣ
Расми 200. Худоҳо ва олиҳаҳои Юнони қадим
Расми 200. Худоҳо ва олиҳаҳои Юнони қадим

Юнониҳо ғайр аз худоҳои номбурда худоҳои зиёди дигар ҳам доштанд. Дионисро Худои шаробпазӣ ва Гермесро ҳомии тиҷорат мешумориданд. Гермес гӯё, ки супоришҳои Зевсро иҷро менамуд. Барои ҳамин муттасил аз як шаҳр ба шаҳри дигар парида мерафт. Худои санъат Аполлони ҷавон буд. Юнониҳо бар он ақида буданд, ки худоҳои онҳо дар кӯҳи Олимп умр ба cap мебаранд. Бинобар ин, онҳо худоҳои худро худоҳои олимпӣ меномиданд. Юнониҳо мегуфтанд, ки худоҳои олимпӣ дар қасрҳои муҳташам зиндагии ашрофона доранд. Онҳо аз он ҷо бо сардории Зевс табиат ва одамонро идора мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Юнониҳо чӣ гуна хат доштанд?
  2. Дар бораи мактабҳои Спарта нақл кунед.
  3. Бачагон дар мактабҳои Афина чӣ тавр таълим мегирифтанд?
  4. Кадом навъи мактабҳои Спарта ва Афинаро медонед?
  5. Дар бораи эътиқоди динии юнониҳои қадим чиҳо гуфта метавонед?
  6. Оё юнониҳои қадим як Худо доштанд?
  7. Зевс дар байни худоҳои олимпӣ чӣ мартабае дошт?
  8. Кадом қисми ин мавзӯъ ба шумо писанд афтод?
ҚаблӣДемократияи Афина
БаъдӣИлми Юнони қадим

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед