Муборизаи Рум алайхи Карфаген. Чанги якуми Пуни. Чанги дуюми Пуни. Мухорибаи назди Канна. Чанги сеюми Пуни.
КАРФАГЕН
Шаҳри Карфаген дар охирҳои асри IX пеш аз милод дар соҳили ҷануби баҳри Миёназамин, дар роҳи муҳимми тиҷоратӣ бунёд гардида буд. Бандарҳои ин шаҳр ва мамлакат ҳамеша аз киштиҳои тоҷирони дохилию хориҷӣ пур буданд. Дар асрҳои VII–V пеш аз милод Карфаген ба шаҳри калони тиҷоратӣ табдил ёфта буд. Он дар шимоли Африқо шаҳрчаи финиқиҳоро ишғол карда, дар ғарбии баҳри Миёназамин ҳукмрон мегардад.
Дар асри VI пеш аз милод Карфаген флоти ҳарбию тиҷоратӣ ва лашкари азими худро ташкил карда, ба ҷангҳои истилогарона даст мезанад. Ба вай муяссар мешавад. ки дар ҳавзаи баҳри Миёназамин маҳалҳои муҳимтаринро ба даст дарорад. Дар асрҳои V–III пеш аз милод иқтисоди Карфаген боз ҳам пеш меравад.
Дар водии дарёи Баграда барои зироаткорӣ, боғутокпарварӣ ва парвариши зироатҳои полезӣ шароити хуб мавҷуд буд. Дар ин ҷо парвариши зайтун, бодом, анор. хурмо ва ток махсусан самараи хуб медод. Шароби дар ин маҳал тайёршуда дар бисёр шаҳру давлатҳои гирду атроф машҳур шуд. Дар шаҳри Карфаген ва шаҳрҳои дигари ин давлат косибӣ хеле хуб тараққӣ кард. Устоҳои гулдасти сангтарош, дуредгар, мисгар ва оҳангарони карфагенӣ дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин маълуму машҳур буданд. Дар он давра беҳтарин киштиҳо дар Карфаген сохта мешуданд. Онҳо ҳатто аз киштиҳои юнонию финиқӣ ҳам беҳтар буданд. Карфаген ба яке аз давлатҳои пуриқтидортарини ин давра – Рум рақобат мекард. Дар байни онҳо якчанд маротиба ҷангҳои тулонӣ ё дарозмуддат рух додаанд. Румиҳо Карфагенро давлати «Пун» меномиданд. Аз ҳамин сабаб ин ҷангҳоро «Ҷангҳои пунӣ» ном мегирифтанд.
ҶАНГИ ЯКУМИ ПУНӢ
Сабабҳои низоъ дар байни Рум ва Карфаген ҷазираи Ситсилия шуд. Ҳар ду тараф баҳонаи ҷангро мекофтанд ва он дере нагузашта, ёфт шуд. Зархаридони румие, ки дар Мессения хизмат мекарданд, шӯриш бардошта, шаҳрро ишғол карданд.
Дар Ситсилия мавқеи Карфаген пурзӯр буд ва Сенати Рум ба хулоса омад, ки дахолат ба воқеаҳои Ситсилия боиси cap задани ҷанг бо Карфаген мегардад. Баъди калавишҳои зиёде Сенат розӣ шуд, ки лашкар ва флоти Рум ба Ситсилия равон карда шаванд. Ҳамин тариқ, соли 264 пеш аз милод Ҷанги якуми Пунии Карфагену Рум оғоз ёфт.
То омадани румиҳо карфагениҳо ва иттифоқчиёни онҳо Ситсилияро муҳосира карданд. Вақте ки қувваҳои Рум ба ин ҷо омаданд, муҳосираи ҷазира аз байн бардошта шуд. Задухӯрди шадиди Рум бо Карфаген дар Ситсилия ва гирду атрофи он дуру дароз давом кард. Румиҳо шаҳри Акрагантро ишғол намуданд, вале неруҳои баҳрии Карфаген флоти Румро шикаст дод. Барои дар баҳр шикаст додани Карфаген ба Рум лозим омад, ки флоти пурзӯре ташкил намояд. Рум дар зарфи 10 соли наздиктарин бо ҳамроҳии иттифоқчиёни худ флоти ҳарбии иборат аз 120 киштӣ сохта, бар зидди Карфаген ба Ситсилия равон кард. Дар муҳорибаҳои минбаъда флоти Рум бар флоти Карфаген ғолиб баромад.
Ҷанги якуми Пунӣ то соли 241 пеш аз милод давом кардааст. Дар ин ҷанг оқибат Рум ғолиб омад ва ҷазираҳои Сардиния ва Корсикаро ба даст дароварда, ба музофотҳои Рум табдил медиҳад. Баъди дар Ҷанги якуми Пунӣ бар Карфаген ғалаба кардан Рум ба давлати пурзӯртарини ҳавзаи баҳри Миёназамин табдил меёбад.
ҶАНГИ ДУЮМИ ПУНӢ
Ин ҷанг солҳои 218–201 пеш аз милод ба амал омадааст. Рум бо баҳонаи бедодгарию бераҳмии карфагениҳо дар Испания ба Карфаген ҷанг эълон кард.
Румиҳо умедвор буданд, ки ба муқобили карфагениҳо дар Испания ва Африқо меҷанганд, вале сарлашкари Карфаген Ганнибали хирадманд аз нияти румиҳо огоҳ гашта, аскару филҳои ҷангиашро аз Испания ба Италия равон кард. Ганнибал ҳангоми аз пайраҳаҳои кӯҳии яхбастаи Алп гузаштан талафоти калон дод.
Қариб нисфи ҷанговарон ва ҳамаи филҳои ҷангӣ ҳалок шуданд. Ганнибал бо лашкари боқимондааш ба водии дарёи По, ки дар Италияи Шимолӣ воқеъ гардидааст, расид. Ганнибал аз ҳисоби қабилаҳои галлҳо, ки дар он ҷо сукунат доштанд, лашкарашро пурра кард.
Карфагениҳо дар зери роҳбарии Ганнибал румиҳоро дар ҷанги хунин шикаст доданд. Ганнибал бо ҳамроҳии лашкараш cap то сари Италияро аз шимол то ҷануб тай намуда, деҳоти румиҳоро бераҳмона валангор кард. Халқиятҳои ба зери асорат афтодаро раҳо карда, бо ин рафтораш онҳоро ба тарафи худ кашид. Ганнибал на танҳо дар байни ҷанговарон ва ҳамватанонаш машҳур гардид, балки ӯро ҳамчун лашкаркаши моҳир ва боистеъдод душманонаш ҳам эътироф мекарданд.
МУҲОРИБАИ НАЗДИ КАННА
Соли 216 пеш аз милод лашкари Рум ва Карфаген дар назди Канна бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Румиҳо 80 ҳазор нафар аскари пиёданизом ва 5 ҳазор нафар аскари савора, карфагениҳо 40 ҳазор нафар аскари пиёданизом ва 10 ҳазор нафар аскари савора доштанд.
Карфагениҳо дар назди Канна ғалабаи бузург ба даст оварда, бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷануби Италияро аз нав тобеи худ гардонданд. Румиҳо талафоти калон дода бошанд ҳам, ба дархости карфагениҳо дар хусуси сулҳ бастан ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуданд. Аз рӯзи ба охир расидани задухӯрди назди Канна 12 сол гузашт. Дар ин муддат румиҳо лашкари пурзӯр ва боинтизом ташкил намуда, бо сардории сарлашкари боистеъдоди худ Стсипион ба Карфаген ҳуҷум карданд.

Ганнибал барои муҳофизати Карфаген лашкарашро аз Италия бароварда, ба ватанаш мешитобад. Ҳамин тавр, соли 202 пеш аз милод дар назди шаҳри Зама муҳорибаи ҳалкунандаи лашкарҳои Карфаген ва Рум доир гардид. Дар ин задухӯрд шумораи ҷанговарони румиҳо нисбат ба карфагениҳо хеле зиёд буд. Барои ҳамин ҳам карфагениҳо ҳарчанд ба муқобили румиҳо қаҳрамонона ҷангиданд, лекин шикаст хӯрданд. Бо ҳамин соли 201 пеш аз милод Ҷанги дуюми Пунӣ ба охир расид. Карфаген ба Рум маблағи калони товони ҷанг дод ва қариб аз тамоми мулкҳояш маҳрум шуд. Ганнибал бо дастаи ҷанговарони содиқаш ба Осиёи Ғарбӣ рафт, вале Сенати Рум фармуд, ки ӯро дастгир кунанд.
Ганнибал ба дасти душман зинда афтодан нахоста, заҳр хӯрда, ҳалок шуд.

ҶАНГИ СЕЮМИ ПУНӢ
Соли 149 пеш аз милод Рум ба муқобили Карфаген аз нав лашкар кашида, ин дафъа онро муҳосира кард. Бо ҳамин Ҷанги сеюми Пунӣ оғоз ёфт. Қувваҳои карфагениҳо нисбат ба лашкари румиҳо якчанд маротиба кам буданд. Сарфи назар аз ин, карфагениҳо барои муҳофизати шаҳри азизи худ қаҳрамонона мубориза мебурданд. Хурду калон, зану мард ба даст яроқ гирифта, бар зидди легионҳои Рум бархостанд. Занҳои Карфаген далерию нотарсии беҳамто нишон додаанд. Мӯйҳои сари худро бурида, барои манҷаниқҳо арғамчин бофта, онҳоро ҳарчи тезтар ба ҷанг омода месохтанд.
Шуҷоати занҳо мардони Карфагенро дар мубориза бар зидди Рум рӯҳбаланд мекард, вале қувваҳо баробар набуданд. Азбаски Карфаген дар муҳосира буд, дере нагузашта, дар он ҷо гуруснагӣ cap зад. Бемориҳои гуногун, ки дар шаҳр паҳн гардида буданд, рӯз то рӯз неруҳои муҳофизони онро заиф мегардонд. Ин ҳолат ба римиҳо имкон фароҳам овард, ки ба шаҳр зада дароянд. Дар Ҷанги сеюми Пунӣ Рум соли 146 пеш аз милод ғалаба кард.

Мувофиқи қарори Сенати Рум ғолибон Карфагенро ғорат карда, баъд онро ба хок яксон намуданд. Аҳолии зиндамондаи ин шаҳрро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Рум аз ҳисоби заминҳои Карфаген васеъ шуд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи Карфаген нақл кунед.
- Чаро ҷангҳои байни Карфаген ва Румро «Ҷангҳои Пунӣ» номидаанд?
- Ҷанги якуми Пунӣ кай ва чӣ тавр оғоз ёфта, ба тарафҳои муқобил чӣ дод?
- Ҷанги дуюми Пуниро Рум бар зидди Карфаген кай ва бо кадом баҳона cap кард?
- Муҳорибаи назди Каннаро шарҳ диҳед.
- Чаро Ҷанги сеюми Пунӣ оғоз ёфт?
- Карфагениҳо шаҳри азизи худро чӣ тавр муҳофизат мекарданд?
- Шаҳр ва аҳолии Карфаген чӣ шуд?
- Ҷангҳои Пунӣ ба Рум чӣ доданд?



















