Доменҳои ҷуғрофӣ ва мавзӯӣ (тематикӣ)

Домен қисми сеюми суроғаи сомона ба шумор рафта ҷуғрофӣ ва мавзӯӣ мешаванд. Доменҳои ҷуғрофӣ ба ҳар як давлат тааллуқ дошта, доменҳои мавзӯӣ бошанд вобаста ба мавзӯи сомона интихоб мегарданд.

Доменҳои ҷуғрофӣ ба давлатҳо барои пайвастшавӣ ба шабака муқаррар карда мешаванд ва бо ду ҳарфи лотинӣ ишора мегарданд:

  • tj        Тоҷикистон
  • at        Австрия
  • аn       Австралия
  • be       Белгия
  • bg       Булғория
  • ca        Канада
  • ch       Швейтсария
  • cy        Кипр
  • de       Олмон
  • es        Испания
  • fi         Финляндия
  • fr         Фаронса
  • gr        Юнон
  • it         Италия
  • jp        Ҷопон
  • hl        Голландия
  • no       Норвегия
  • pl        Полша
  • ru        Россия
  • se        Шветсия
  • tr         Туркия
  • tw       Тайван
  • uk       Британияи Кабир
  • ua       Украина
  • us       ИМА

Домеҳои мавзӯӣ (тематикӣ) бошанд намуди фаъолиятро дар сомона ифода мекунанд ва бо зиёда аз се ҳарф ишора машаванд:

  • gov     муассисаи ҳукуматӣ
  • com    ташкилоти тиҷоратӣ
  • net      ташкилоти шабакавӣ
  • mil      ташкилоти ҳарбӣ
  • int       ташкилоти байналмиллалӣ
  • edu     ташкилоти таълимӣ
  • shop   мағозаи шабакавӣ
  • pro     муассисаи тахассусӣ
  • museum осорхонавӣ
  • coop   иттиҳодиявӣ
  • biz      лоиҳаи корӣ
  • info    равияи иттилоотӣ
  • aero    индустрияи (саноати) авиатсионӣ
  • name  саҳифаҳои шахсӣ
  • web    веб-ташкилот
  • store   мағозаи вертуалӣ
  • arts     ташкилоти маданӣ

Доменҳо дар ширкати махсуси ICANN (The Internet Corporation for Assigned Names and Numbers) ба қайд гирифта мешаванд. Cypoғаи сомонаи ин ширкат чунин аст: www.icann.org.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Доменҳои мавзӯиро метавон аз сомонаҳои гуногун харидорӣ намуд. Ширкатҳои тоҷикӣ низ мавҷуданд, ки ба фурӯши доменҳо машғуланд, аммо мо барои шумо ҳангоми харидории домени мавзӯӣ (тематикӣ, .com, .info, .edu ва ғ.) ширкатҳои хориҷиро тавсия менамоем, чунки арзон ва хизматрасонии хуб доранд. Аммо барои харидани домени тоҷикии .tj ширкатҳои ватанӣ тавсия дода мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯши доменҳо якчанд ширкатҳои мобилӣ, якчанд сомона ва ширкатҳои хусусӣ машғуланд. Мисли Тоҷиктелеком, Вавилон Мобайл, Нуқта (nukta.tj), Get.tj ва ғайра.


Маълумот дар бораи домен, доменхои географи, доменхои тематики чи маъно доранд, бо забони точики, на таджикском языке, доменхои чугрофи, доминои сайт, домен дар точикистон, доменхоро аз кучо харидори кунем, домени точикистон, домени арзон.

ҚаблӣWeb – саҳифа ва Web – сомона (web-сайт)
БаъдӣКак правильно принимать лекарства? Простые советы