Хиндуориён. Ба хиндустон омадани кабилахои ориёи. Машгулияти ахоли. Давлатхои аввалин. Сохти кастаги. Фарханги давраи ведои.
Ба ҳиндустон омадани қабилаҳои ориёӣ
Дар бораи ба Ҳиндустони қадим паҳн гардидани қабилаҳои ориёӣ ёдгориҳои фарҳанги хаттии Ҳиндустон, махсусан «Ригведа» маълумот медиҳанд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод қабилаҳои ориёӣ аз ғapб ба ҷониби шимол ва шарқи Ҳиндустон ҳаракат мекунанд. Ин раванд давраи дуру дарозро дар бар гирифтааст.
Солҳо ва асрҳо мегузаштанд. Дар ин давра қабилаҳои ориёӣ дар Ҳиндустони қадим сокин шудан гирифтанд. Дар Панҷоб қабилаҳои дравидҳо, қабилаҳои дигари ориёӣ дар маҳалҳои Ҳиндустони Шимолӣ ва Шарқӣ сокин шуданд. Қабилаҳои маҳаллӣ ба муҳоҷирони ориёӣ муқобилати сахт нишон медоданд. Дар ин сурат ориёиҳо маҷбур мешуданд, ки аз қувва истифода баранд. Дар ноҳияҳои шарқии мамлакат қабилаҳои маҳаллии мундҳо сокин буданд. Онҳо ба муқобили ориёиҳо бархостанд. Дар ин ҷанг ориёиҳо дастболо шуданд. Онҳо мундҳоро ба ҷониби ҷангалзор танг карда бурданд. Қабилаҳои ориёӣ бо мурури замон ба қабилаҳои маҳаллӣ омезиш ёфта, халқи ҳиндуҳоро ташкил намуданд. Ин халқ минбаъд фарҳанги худро ба вуҷуд овард. Ҷомеаи Ҳиндустони ҳазорсолаи II ва нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милодро ҷомеаи ведоӣ меноманд, ки он аз рӯйи ёдгории фарҳанги хаттии ондаврагии ҳиндуҳо – «Ведҳо» бармеояд.
Машғулияти аҳолӣ
Шуғли кишоварзӣ аз аҳолӣ талаб мекард, ки ба зиндагии муқимӣ гузарад. Кишоварзӣ инчунин ба истифодаи афзори кории оҳанин сабаб шуд. Асбобҳои кории аз оҳан сохташуда нисбат ба асбобҳои мисию биринҷӣ мустаҳкамтар ва сермаҳсултар буд. Ба воситаи асбобҳои оҳанин аз худ кардани заминҳои серҷангали водии руди Ганг осонтар гардид. Оҳан ғайр аз ин ба обёрии зироату боғҳо ёрӣ мерасонд. Аҳолии давраи ведоии Ҳиндустон ҷав, гандум, шолӣ, зироатҳои лӯбиёгӣ парвариш мекарданд. Шолӣ ба ориёиҳо то ба Ҳиндустон омаданашон маълум набуд. Парвариши онро ориёиҳо аз қабилаҳои маҳаллӣ омӯхтанд. Мардуми ҷомеаи ведоӣ ба чорводорӣ, обчакорӣ ва боғутокпарварӣ низ машғул буданд.
Давлатҳои аввалин
Нобаробарии молумулкӣ дар Ҳиндустон ба пайдоиши табақаҳо сабаб мешавад. Пайдоиши табақаҳо, дар навбати худ, давлатро ба вуҷуд овард.
Қабилаҳои ведоӣ аввал танҳо зиндагӣ мекарданд, ки онҳо ҷамоатҳои авлодию қабилавӣ буданд. Баъдтар онҳо дар ҷамоатҳое зиндагӣ мекарданд, ки хусусияти табақавӣ доштанд.
Қиссаҳои қадимаи ҳиндӣ, ки дар бораи ба вуҷуд омадани ҳокимияти шоҳӣ шаҳодат медиҳанд, ҷолиби диққатанд. Тибқи яке аз ин қиссаҳо дар ҷомеаи ведоӣ аввал шоҳ вуҷуд надоштааст, ҳама баробар будаанд. Ахлоқро ҳама ҷиддан риоя мекардаанд. Сипас аксари аъзои ҷомеа ва хусусан, одамони доро ахлоқро вайрон мекардаанд. Одамони зӯровар одамони камқувватро аз байн бурданӣ мешаванд. Баъди ин кор худои асосӣ Браҳма ҳокимияти шоҳ ва илми ҷазодиҳиро таъсис медиҳад. Мувофиқи қиссаи дигар одамон худашон шоҳро интихоб мекарданд, ки онҳоро муҳофизат кунад.
Аз рӯйи маълумоти матни ведоӣ аввал раҷаҳоро худи халқ интихоб мекардааст. Дар «Ригведа» ва «Атхарваведа» сурудҳое ҳастанд, ки ба интихоб гардидани шоҳ бахшида шудаанд. «Халқ туро интихоб мекунад, ки идора кунӣ», – гуфта мешавад дар яке аз сурудҳои «Атхарваведа». Дар ҷомеаи ведоии Ҳиндустон давлатҳои бисёре вуҷуд доштанд. Кошала, Кашӣ, Видеха, Магадха, Аванти аз қабили давлатҳои қадимтарини онҳо ба ҳисоб мерафтанд.
Сохти кастагӣ
Гурӯҳи одамонеро, ки дар дохили ҷомеа ҳуқуқҳояшон маҳдуд карда шудаанд, дар Ҳиндустони қадим «ҷати» меномиданд. Дар он ҷо инчунин табақаҳо – варна (каста)ҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо бараҳманҳо, кшатриҳо, вайшҳо ва шудраҳо мебошанд. Ҳар кадоми онҳо дар ҷомеаи ведоӣ мақоми худро дошт. Ашрофи ҳарбӣ варнаи кшатриро ташкил мекарданд, коҳинон – бараҳманҳоро, ҷамоачиёни озод – вайшҳо ва варнаи шудраҳо зинаи аз ҳама пасти ин ҷомеаро ташкил менамуданд.
Мансаби шоҳиро танҳо намояндагони варнаи кшатриҳо ишғол карда метавонистанд. Дар он лашкар ва вазифаҳои муҳимтаринро кшатриҳо соҳибӣ мекарданд. Маълум мегардад, ки бараҳманҳо ва кшатриҳо дар ҷамъият мавқеи имтиёзнок доштаанд, онҳо ҳap ду табақаи ҳукмронро ташкил менамуданд. Онҳо аз ҳисоби заҳматкашон рӯз мегузаронданд. Корҳои вазнинтаринро шудраҳо иҷро мекарданд, аммо ҳуқуқҳои ин табақаи паст умуман муроот намешуд.
Фарҳанги давраи ведоӣ
Матнҳои ведоӣ имкон медиҳанд, ки ба дини давраи қадими ҳиндуён шинос шавем.

Дини ҳиндуёни қадим дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтааст. Тибқи нишондоди дини ведоӣ мардуми ҳинду ба худоҳои зиёде эътиқод доштанд. Яке аз худоҳои машҳуре, ки ба воқеаҳои табиат алоқаманд аст, Индра мебошад. Худо Индра ҳимоятгари тартиботи ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб мерафт. Осмон дар ихтиёри Худо Варуна буд. Гӯё ки ӯ ҳар рӯз ба аробааш савор шуда, дар осмон сайругашт мекунад. Худоҳо ба некхоҳ ва бадхоҳ тақсим мешуданд.
Худои раъду барқ ва тӯфон Рудра хислатҳои манфӣ дошт. Ӯ ба худоҳои дорои хислати мусбат муқобил гузошта мешуд.
Адабиёти ведоӣ ёдгории қадимтарини хаттии Ҳиндустон мебошад. Ба он матнҳои давраҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон дохил карда шудаанд. Чанд маҷмӯаи онро ном мебарем. Маҷмӯаи сурудҳо – самхитҳо: «Ригведа» (маҷмӯаи сурудҳо); «Смаведа» (маҷмӯаи сурудхонӣ); «Ячурведа» (маҷмӯаи усулҳои қурбонӣ кардан) ва «Архарваведа» (маҷмӯаи шарҳи усулҳои соҳирӣ). Баъди ин «Бараҳманҳо» – шарҳи матни расму оинҳо ва самхит, «Аранякӣ» (китоби ҷангалӣ) ва «Упанишадҳо» – рисолаҳои динию ахлоқӣ дар охирҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод тартиб дода шуда, аз 1028 суруд иборатанд. «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна» дар охирҳои асри IV пеш аз милод ва то асри IV милодӣ офарида шудаанд. Дар «Рамаяна» воқеаҳои ба Ҳиндустон ворид шудани қабилаҳои ориёӣ инъикос ёфтааст. Ин қиссаҳо хеле бузурганд. «Маҳабҳарата» аз 100 ҳазор шлок (рубоӣ) ва «Рамаяна» аз 24 ҳазор шлок иборат мебошад.
Савол ва супоришҳо
- Дар бораи ба Ҳиндустон дохил гардидани қабилаҳои ориёӣ нақл кунед.
- Номи кадом қабилаҳои ориёиро медонед?
- Қабилаҳои ҳиндуориёӣ дар Ҳиндустони қадим аз куҷо пайдо шудаанд?
- Дар бораи машғулияти қабилаҳои ҳиндуориёӣ чиҳо гуфта метавонед?
- Дар байни қабилаҳои ҳиндуориёӣ чӣ тавр нобаробарии молумулкӣ пайдо шуд?
- Дар Ҳиндустони қадим чаро ғуломонро «даса» меномиданд?
- Дар бораи пайдоиши табақаҳо ва давлатҳои Ҳиндустони қадим нақл кунед.
- Сохти кастагии Ҳиндустони қадимро шарҳ диҳед. Кадом кастаҳо имтиёзнок ҳисобида мешуданд ва барои чӣ?
- Оё шумо дар бораи дини давраи ведоии Ҳиндустон ягон иттилоъ доред?
- Номҳои китобҳои давраи ведоии Ҳиндустони қадимро номбар кунед. Онҳо дар бораи чӣ нақл мекунанд?