Фактҳои ҷолиб аз ҳайвонот

Ин навбат, хостем бо нашри якчанд далелҳои ҷолиб аз олами ҳайвонот дониши шуморо дар ин самт заррае ҳам бошад зиёда гардонида бошем. Якчанд далелҳои ҷолиб аз олами ҳайвонот…


Соли 1859 ба Австралия 24 заргӯш оварда шуд. Баъд аз 6 сол шумораи онҳо ба 2 миллион расид.


Вобаста ба ҷусса гардани мурғобӣ аз гардани заррофа дарозтар аст.


Баъзе аз кирмҳои лойхурак дар ҳолати наёфтани хӯрок то 95%-и худро мехуранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Филҳо ҷаҳида наметавонанд.


Фил аз муш ва занбӯр метарсад.


Забони фил метавонад то 9 кг бошад.


Калонсолтарин саг дар синни 29 солагиаш фавтид.


Занбӯрҳо гӯш надоранд.


Делфинҳо бо як чашми кушода хоб мекунанд.


Ранги пусти нарвал (намуде аз делфин) аз синни ӯ вобаста аст: чӣ қадар, ки ранги равшан дошта бошад ҳамон қадар ҷавон ва торик бошад пир аст.


Ҳолазунҳо (улитка) метавонанд то 3 сол хоб раванд.


Coca Cola ҳашаротро мекӯшад.


Буқаламун (хамелеон) метавонад дар як вақт чашмҳояшро ба самтҳои муқобил тоб диҳад.


Мурчаҳо ҳеҷ гоҳ хоб намераванд. Ба ҷои хоб онҳо дар як рӯз ду маротиба 8 дақиқагӣ «истироҳат» мекунанд. Истироҳати шоҳи мурчаҳо 90 дақиқаро дар бар мегирад.


Басенджи ягона сагест, ки аккос зада наметавонад.


Заррофаҳо узвҳои нутқ надоранд. Аз ҳамин сабаб онҳо «гап зада наметавонанд».


Аспҳо дорои хотираи хуб мебошанд. Онҳо метавонанд ашхос ва ё чизҳоеро, ки вомехӯранд дар ёд гиранд. Инчунин одат ва малакаҳое, ки якчанд сол пеш доштанд метавонанд ба хотир гиранд.


Гӯрхар (зебра) ҳангоми гурехтан печутобхӯрда (зигзаг) медавад, то худро аз сайёд наҷот диҳад.


Изи ангушти коала ба изи ангушти одам монандӣ дорад.


Тимсоҳҳо (крокодилҳо) забонашонро бароварда наметавонанд.


Ба ҳамагон маълум аст, кӯршабпаракон намебинанд. Онҳо самти ҳаракаташонро бинобар мавҷҳои махсусе, ки ихроҷ мекунанду он мавҷ боз акс дода бармегардад, муайян мекунанд. Ҳамин тавр онҳо ба ҳеҷ як ҷисм барнахӯрда парвоз мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҷиҳози радар низ маҳз дар натиҷаи таҳқиқи ҳамин хусусияти шабпаракон эҷод карда шудааст.


Мормоҳиҳо бештар дар ҳавзаи баҳри Миёназамин, Ҳиндустон ва Малайзия зиндагӣ мекунанд, вале тамоми мормоҳиҳои дунё тухмҳояшонро танҳо дар қисмати ҷанубии ҷазираҳои Бермуда мемонанд. Вақте моҳичаҳо аз тухм мебароянд ҳатман ба минтақаҳое шино карда мераванд, ки оилаҳояшон дар он ҷо маскунанд.


Далелҳои ҷолиб аз зиндагии ҳаррӯзаи мо, инҷо мутолиа намоед

Фактҳои ҷолиб оиди донишҷӯёни олам, инҷо мутолиа намоед


Фактҳои мазкур аз гурӯҳи “Facts in English”-и Вконтакте тарҷума шудаанд.

ҚаблӣКвалиметрияи (сифатченкуни)-и педагогӣ
БаъдӣАттестатсияи муаллимон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед