Хӯрокҳо аз ярма

Хурокхо аз ярма.

 

Аз ярма бисёр хӯрокҳо тайёр мекунанд: хӯрокҳои якум – мастоба, шӯрбои марҷумак, мошбиринҷ, мошпиёба бо шалғам, каду ва ғайраҳо; хӯроки дуюм – шавламошак, палав, шавлаҳо аз ҳар хел намуди ярма.

Аз шавлаи пухтагӣ запеканкаҳо, биточки, фирини, ҳамчунин гарнирҳо, десертҳо ва ғайра тайёр мекунанд. Дар вақти пухтани шавлаҳо ва нигоҳдории хӯроки аз ярма тайёркарда дегчаи сирдор ва ё деги чӯянии сарпӯшаш зич пӯшидашаванда, тоба, тахтача, асбоби махсуси омехтакунандаро истифода мебаранд.

Дар вақти пухтани шавла баъд аз коркарди якум ярмаҳоро ба шир, об ё пиёбаи ҷӯшидаистода меандозанд ва баъди ба ҷӯшидан сар кардан оташро паст карда, то тайёр шудани хӯрок мепазанд. Вақти пухтани ярма ба ҳаҷмаш – калонӣ ё хурдии он вобаста аст. Ярмаро ба оби ҷӯш андозем, тезтар мепазад ва нарм мешавад. Агар 1015 дақиқа ҷӯшонем ва обаш зиёд бошад, обашро рехта, ба ярма шир андохта, то тайёр шудан мепазем. Оби шавларо дурусту мувофиқ андохтан лозим аст. Агар ба шавла зиёд об андозед, мулоими обдор, обаш кам бошад, обро зиёдтар ғафстар мешавад. Баъд аз тайёр шудани хӯрок онро 2-5 дақиқа дам дода, баъд ба дастархон бо маска, шир, шакар медиҳанд.

Ярмаҳоро барои тайёр кардани гарнир, пухтани фирини, биточки (гӯштқима), запеканка ва ғайра ё ки хӯроки гӯштӣ ва моҳигӣ истифода, мебаранд.

Бисёр намуди хӯроки ярмагии тайёрро бо гӯшт ё моҳӣ, мурғ ҳамроҳ карда, дар намуди консерва ё дар халтачаҳои махсус ба фурӯш мебароранд. Онҳоро фақат ба оби ҷӯшида андохта тайёр мекунанд.

Талабот ба ҳамаи хӯрокҳои аз ярма тайёркарда як хел мебошад:

  1. Шавлаҳо бояд як хел омехта шаванд, дар онҳо ҷойи сахту шах ё часпида лӯнда шудагӣ набошад.
  2. Рӯйи запеканкаҳо, фирини, биточкиҳо сурх ва тагаш насӯхтагӣ бошад.
  3. Ранг, маза, бӯяшон ба ҳамон хӯроки тайёр хос бошад.
Таомҳо аз дон ва ярма
Таомҳо аз дон ва ярма
ҚаблӣДонҳо ва ярмаҳо
БаъдӣМуайян кардани нишонаҳои ярма аз рӯйи намуди зоҳириашон