Эҳёи Шимолӣ

Эҳёи Шимолӣ дар навбати аввал дар тамаддуни Нидерландия ва Германия зоҳир мегардид. Шаҳрҳои Антверисн, Нюриберг, Аутсбург, Галле марказҳои асосии ин тамаддун маҳсуб мешуданд. Баъдтар ташаббус ба Амстердам мегузарад. Дар ташаккули Эҳёи немис нақши муҳимтаринро омилҳои иктисодӣ инкишофи кори куҳнавардӣ, китобчопкунӣ, саноати нассоҷӣ бозидаанд. Дар давраи Эҳёи Шимолӣ санъати меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, мусиқӣ, портрета хеле ривоҷу равнақ ёфта буданд. Эҳёи Шимолӣ муддати тулониро фаро нагирифтааст, вале таъсири он ба фарҳанги Европа то имрӯзҳо эҳсос карда мешавад.

Ҷанги Сисола (солҳои 1618-1648) инкишофи фарҳанги халқӣ немисро муддати тулонӣ боздошт. Вале ин давра дар таърихи фарҳангу тамаддуни башарият ҳамчун зухуроти томи ҳайратангез ба олам нобиғаҳои нотакрорро ато кардааст.

Бештар >>

Фарҳанги давраи Эҳё

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эхёи Шимоли

ҚаблӣМаорифпарварӣ дар давраи эҳё (Англия, Франсия)
БаъдӣХусусиятҳои хоси ташаккули фарҳанги Ғapб дар Давраи Нав